Ватанам, такягоҳи сулҳу амонист!

Бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шуда, сафи ихтиёриён паёпай зиёд мегарданд. Фаъолияти қисмҳои низомӣ, шароити хизмати аскарону афсарон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои хизмати ҷавонон дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза муҳайё гардидааст. Сокинони кишвар мувофиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои худ роҳи сулҳу суботро интихоб намудааст ва ҳеҷ нерӯе нест, ки моро аз ин роҳи саодат берун созад. Дар ин раванд хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номуси кишвар мебошад.

Ман сарбози қисми низомии 051062-и Гвардияи миллии Вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳраки Навободи водии Рашт мебошам, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2016 яке аз аввалинҳо шуда, ихтиёрӣ баҳри адои хизмати Ватан роҳ пеш гирифтам. Аллакай шаш моҳ мешавад, ки дар ин қисми ҳарбӣ хизмати Модар - Ватанро сарбаландонаву содиқона адо менамоям. Ҳафтае як ё ду бор бо падару модарам дар тамос шуда, аз саломатиашон пурсон мешавам. Командирони қисми ҳарбӣ ҳам ягон маротиба ба ҳолпурсии волидайнам монеъ нашудаанд. Вақте аз хона занг мезананд, махсусан, сардори қисми низомӣ, подполковник Шамолзода Мирзосафари Олим, командири рота, капитан Салоҳиддин Сиҷоиддинов (дар сурат), командири взвод, лейтенант Мирзозода Анвари Фирдавс бо суханони нарм мегӯянд, ки аз писаратон ҳаргиз хавотир нашавед, мо шабу рӯз ҳамроҳи онҳоем. Шароити будубошу тайёрии ҳарбӣ, таъминот бо хӯроку сарулибос, муносибати командирону серҷантҳо бо сарбозон ҳам хеле хуб аст. Ман фахр менамоям, ки дар чунин қисми низомӣ хизмат менамоям.

Дар ҳақиқат, хизмат ҳамааш нағз, ҷои ташвишу хавотирӣ нест. Пеш аз ба аскарӣ омадан ақидаам дар бораи хизмати ҳарбӣ дигар буд. Баъзе нафарон мегуфтанд, ки шароит дар ҳарбӣ он қадар хуб нест, илоҷаш шавад, ба Русия ба кор рав ё ба мактаби олӣ дохил шав… Лекин омада дидам, ки шароит инҷо тамоман дигар аст. Бароям хизмат хеле маъқул. Дӯстони нав пайдо кардам, муносибати командирон бо сарбозон ҳам хубу самимӣ буда, барои солимиву обутоби ҷисмонӣ бисёр машқ мекунем, ки ин ҳама, албатта, ба фоидаи худамон аст. Хизмат намудан бароям шараф ва намунаи мардонагист.

Имрӯз ман бо дилпурӣ ба ҳамсолони худ ва ҷавонон таъкид карданиам, ки дар ҳақиқат, Тоҷикистони азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Дар қисмҳои низомӣ шароити будубоши хизматчиён ва таъминоти онҳо хеле беҳтар гардидааст. Чӣ хеле ки мегӯянд, ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва давлат буда, бо тамоми масъулият ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии худ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки давлат ба зиммаи онҳо гузоштааст, бояд мардона иҷро намоянд.

Ӯҳдадории ҳарбӣ – ин ӯҳдадориест, ки ба дӯши ҳар шаҳрванди кишвар вогузор буда, он танҳо хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Хизмат ба Ватан қарз буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як шаҳрванди бонангу номусро нишон медиҳад.

Имрӯз хурсанд ҳастам, ки дар қатори дигар ҳамсолонам хизмати Ватан - Модарро сарбаландона баҳри тинҷиву оромии кишвар адо намуда истодаам.

Ҳаминро бояд зикр намоям, ки имрӯз давлату Ҳукумат барои таҳсилу фаъолияти пурсамари ҷавонони кишвар шароиту имтиёзҳоро фароҳам овардаанд. Хусусан, барои ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро сарбаландона адо мекунанд. Онҳо пас аз адои хизмат дар мактабҳои оливу миёнаи касбӣ ҳуқуқи таҳсилу дар корхонаҳо фаъолият карданро беш аз ҳама доранд.

Соли равон бо пешниҳоди Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон шудааст. Ин боз як иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонони кишвар мебошад. Бинобар ин, ҷавононро даъват менамоям, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳои Роҳбари давлат сарҷамъона бо дили пуру хотири ҷамъ баҳри ҳимояи марзу бум ва оромиву осудагии кишвар ба хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд. Аз падару модарони азиз низ хоҳиш дорам, ки барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани писарашон монеъ нашаванд. Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавони меҳанпараст, бонангу номуси миллат эҳсоси худшиносӣ аст.

 Абдумавлони ҒАФУРЗОД,
сарбози қисми низомии 051062-и Гвардияи миллӣ
дар шаҳраки Навободи водии Рашт

 

 

Add comment


Security code
Refresh