Тинҷию осоиштагӣ–гавҳари бебаҳо

Яке аз муаммоҳои мушкилтарин, ин болоравии экстремизм ва терроризм дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки аз мудҳиштарин доғ дар рӯи замин аст. Дар ин роҳ мубориза бурдан вазифаи фақат сиёсатмадорон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеаи башар ба ҳисоб меравад.

Нишонаи асосии терроризм ин амали зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба хотири ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ мебошад. Ҷуғрофияи паҳншавии созмонҳои террористӣ бисёр васеъ аст: Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо. Миқёси амалҳои террористӣ низ бошиддат меафзояд. Агар аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад, аз соли 1980 то соли 1986 шумораи он ду баробар афзуд. Аз рӯи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА ҳар сол дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад.

Ифротгароӣ–зуҳуроти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад, ки ба беинтизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват менамояд. Имрӯзҳо масъалаи ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро ифротгароӣ, ки ба дини мубини Ислом ягон иртиботе надорад, амалҳои номатлуби худро зери ниқоби Ислом ба иҷро мерасонад. Ин кирдори онҳо ба паст рафтани обрӯю эътибори дини Ислом боис мешавад.

Гурӯҳҳои ифротгароӣ бо номҳои «Толибон», «Ал-Қоида», «Бокоҳарам», «Ҳаракати исломии Осиёи Марказӣ», «Ҳаммос», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Давлати исломии Ироқу Шом» дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият менамоянд, ягон фарди солимфикри ҷомеаро бетараф намегузорад, зеро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ дар алоҳидагӣ бар зидди ифротгароӣ мубориза бурда наметавонанд.

Барои мо боиси сарфарозист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф афзалиятнок гардида, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бар ивази ин вазифадорем, ки насли донову оқил, ватанпарасту тавоноро ба камол расонем, то ҷойгузин ва давомдиҳандаи кору номи неки аҷдодони худ бошанд.

Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки сатҳи зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ дорад. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем.

Аз ин рӯ мо, омӯзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем, зеро ояндаи Тоҷикистони азиз дар дасти ҷавонон аст!

Саодат Ҳодихоҷаева,
омӯзгори МТМУ №31,
 ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh