Абдураҳмон Қодирӣ: Хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист!

Санаи 8-уми апрели соли 2017 бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Амфитеатри Қасри таърихии Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими мутантани гусели беш аз 1200 нафар даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони як қатор идораҳо ва сохторҳои давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва хизматчиёни қисмҳои низомии гарнизони Суғд, ҷавонони фаъол, устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси вилоят ва падару модарони даъватшудагон ширкат варзиданд.

Сароғоз, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ меомўзанд, қарзи фарзандиву ҷавонмардӣ - муҳофизати хоки поки Ватан – Модарро ба ҷо меоранд, ки шарафи бузургтарин барои ҳар як ҷавонмард маҳсуб меёбад.

Боиси зикр аст, ки тибқи анъана ҳар сол бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри таърихии Арбоб бо шукўҳу шаҳомати хотирмон ва намоиши барномаи бадеӣ – фарҳангӣ баргузор мегардад.

Имсол низ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2017, №852 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқаррар гардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” чунин чорабинӣ доир мегардад, ки дар ин рўз 1200 нафар ҷавонони ихтиёрӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуданд.

Дар чорабинӣ маъракаи миллии нонгазон гузаронида шуд, ки ғояи аслии он шаъну шарафи хонадонро ҳифз ва ба Модар - Ватан содиқона хизмат кардан аст.

- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии азизамон таъкид доштанд, ки дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандўстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрўз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст, - зикр дошт Абдураҳмон Қодирӣ.

Ҳамзамон, Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат соли 2017 - ро «Соли ҷавонон» эълон карданд.

Ин иқдоми нек ва ғамхоронаи Пешвои миллат аз як тараф боиси рўҳбаландӣ ва ифтихор бошад, аз тарафи дигар аз насли ҷавон масъулияту садоқат ва ҷаҳду талошҳои тоза дар ҷодаи омўзиши илму ҳунар, таҳкими дастовардҳо, густариши худшиносӣ ва ватанпарастӣ, саҳми бештар гузоштан дар раванди бунёдкориҳо ва ободонии Ватанро тақозо дорад.

Абдураҳмон Қодирӣ дар суханронӣ зикр дошт, ки дар шароити имрўза барои хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароитҳои хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина сатҳу сифати зист ва хизмати сарбозону афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ ба куллӣ беҳбудӣ ёфта, бобати боз ҳам беҳтар гардидани шароитҳои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Чунончӣ, ба ҳукми анъана даромадааст, ки солҳои охир падару модарон ба қисмҳои ҳарбие, ки фарзандонашон адои хизмат доранд, сафар намуда, аз наздик бо тарзи хизмат, шароит ва вазъи зиндагии фарзандон шинос мегарданд.

- Аёдати навбатии сарбозон аз тарафи волидайн то охири моҳи апрели соли равон доир хоҳад шуд, - зикр гардид дар суханронии Раиси вилоят.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин, изҳор дошт, ки баъди адои сарбаландонаи хизмат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бобати бо ҷойи шоистаи корӣ ва шуғли мувофиқ таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

- Умедворам, ки баъди хизмати сарбаландона ҳар яки Шумо узви фаъол ва пешсафи ҷомеаи муосир гардида, оилаҳои намунавии худро бунёд менамоед ва баҳри ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоред, - гуфт Раиси вилоят.

Сипас, аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд ва даъватшавандагон якҷоя бо волидону пайвандон суруру шодмонӣ намуданд. Пас аз итмоми барномаи фарҳангӣ наваскарон бо рўҳияи болида ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба нуқтаи гусел омаданд. Дар ду канори шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров садҳо нафар ҷавонону наврасон ба кўчаҳо баромада, бо дастафшонӣ наваскаронро барои хизмат ба халқу Ватан гусел намуданд.

Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои даъватшавандагон ва волидони онҳо, дар маҷмўъ, барои 4 ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд ва наваскарон пас аз тановули хўроки нисфирўзӣ озими қисмҳои низомӣ гардиданд.

 Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh