Ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 7 апрел дар Кохи матбуоти маркази вилоят ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, муовини мудири кишварии Барномаи Рушди СММ Саня Боянич, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, аъзоёни Шӯро, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода дар бораи фаъолияти Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Раиси вилояти Суғд гузориш дод.

Сипас Маҳмадалӣ Ватанзода ва Рустам Шоҳмурод перомуни ҷараёни татбиқи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин гузоришҳои директори муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов, муовини мудири кишварии Барномаи Рушди СММ Саня Боянич, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Мадина Усмоноваро низ шунида, перомуни мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh