Пешравиҳои кишварро нодида нагирем!

Дуруст аст, ки сиёсати ҳар кишварро сатҳи болоравии иқтисодии он муайян мекунад. Аз ин рў ба таъкидҳои исроркоронаи собиқ сарвари ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар мусоҳибаҳои худ таназзулёбии иқтисодиёти кишварамонро исбот карданӣ мешавад, розӣ шудан мумкин нест. Барои исботи фикр якчанд далелҳо меорем.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият яке аз мушкилоти мамлакати мо дар соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ин танқисии барқ буд. Ин норасоӣ асосан дар фасли зимистон мушкилиҳои зиёдро пеш меовард.

Хушбахтона, ин муаммо зимистони соли ҷорӣ ҳалли худро ёфт. Сарвари кишварамон бо истифода аз имкониятҳо роҳи бемамониат ба тамоми аҳолӣ додани барқро пайдо намуданд.

Акнун мо чунин пешравиҳоро бо суханҳои Кабирӣ муқоиса мекунем, ки Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба кишвари аз ҳама ақибмонда баробар карданӣ мешавад. Магар ин дурўғи маҳз нест? Имрўзҳо ҷаҳониён медонанд, ки тоҷикон баҳри ба амал татбиқ намудани барномаи стратегии бо барқ таъмин намудани соҳаҳои мухталифи кишвари худ ҷидду ҷаҳд доранд. Сохтмони калонтарин НБО дар минтақаи Осиёи Марказӣ-Роғун давом дорад.

Садҳо техникаи пуриқтидор баҳри боэътимод бастани сарбанди ин нерўгоҳи мўҳташам кор мекунад.

Дар соҳаи иқтисодии кишвар пас аз пурра ба кор оғоз намудани ин нерўгоҳ дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд. Дар ин ҷода танҳо ҳаминро гуфтан кофист, ки дар Тоҷикистон натанҳо аз ҳама арзонтарин қувваи барқ истеҳсол карда мешавад, балки он ба хориҷ низ содир мегардад.

Он рўз дур нест, ки кишвари мо ба яке аз давлатҳои пурқудрати содиркунандаи нерўи барқ табдил ёбад.

Агар тамоми далелҳо аз амалӣ гардидани чунин мақсаду мароми тоҷикон шаҳодат диҳанд, пас сарчашмаи торафт таназзулёбии иқтисодиёти кишвари моро Муҳиддин Кабирӣ дар чӣ мебинад?

Барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа, чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда мо, сокинони кишвар, бояд фаъолона истифода барем.

Дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон баҳри пешрафту шукуфоии тамоми самтҳои ҳаёт шароитҳои зарурӣ муҳайёст.

Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохти бешумор оқибат ҷомаи амал пўшиданд ва мо имрўз соҳиби давлати мустақили хеш ҳастем. Давлату ҳукумат тамоми шароитҳоро барои рушди самараноки соҳаҳои хоҷагии халқ муҳайё сохтаанд ва шаҳрвандони кишвар аз ин дастовардҳо озодона истифода мекунанд, ки он барои баланд намудани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаҳои устувор мегузорад.

Имрўз мо, тамоми қишрҳои ҷомеа, бояд маҳз аз рўи принсипҳои созанда, ки рушди минбаъдаи давлатамонро нишон медиҳанд, кору фаъолият намоем. Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми мардуми кишвар дастгирӣ намуда, ҳастии худро барои рушди Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд.

Бубинед, дар солҳои соҳибистиқлолӣ корҳое ба сомон расиданд, ки дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ иҷро нашуда буданд. Аз ин лиҳоз мо бояд бо фарҳангу маърифати баланди ватандўстӣ баҳри гул - гулшукуфии Ватани азизамон кору амал намоем.

М.ЮСУФОВ,
Б.АЛИМОВ,
дотсентони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh