Тантанаи гусели даъватшавандагон

Дар назди Қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки падару модарон, наздикон ва аҳли ҷамоатчигӣ маросими бошукўҳи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар тантанаи гусели даъватшавандагон нахуст раиси ноҳия Салимзода Комил сухан карда, зикр намуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон - Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфт, бинобар ин мо вазифадорем, ки Истиқлолияти Ватани азизамонро ҳифз намоем. Мавсуф иброз намуд, ки ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов 650 нафар адои хизмат намуда истодаанд ва имрўз, хушбахтона, бо ихтиёри худ 95 нафар ҷавонони бонангу номуси ноҳия барои ҳифзи марзу буми Ватани маҳбубамон омода ҳастанд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ, инчунин падару модарони даъватшавандагон баромад намуда, хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандӣ ва шараф номиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh