Маърифати роҳбарӣ: Бо виҷдони пок ва дилу нияти нек

Чанде қабл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мўҳтарами кишварамон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мулоқоти самимона баргузор намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли муаммоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мавҷуда дар асоси таҳлилҳои ҳаматарафа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҷамъбасти ин мулоқот Ҷаноби Олӣ ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хеле насиҳатҳои неки падарона доданд.

Аз ҷумла, таъкид карданд, ки роҳбарро зарур аст, нисбати ягон шахс таҳқиромезу ғаразнок сухан нагўяд, ба иззати нафси дигарон ҳеҷ гоҳ нарасад ва ҳангоми аз тарафи зердастон иҷро нагардидани вазифаҳои ба ўҳдаашон гузошташуда, бо онҳо дар алоҳидагӣ гуфтугў карда, роҳҳои ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаро фаҳмонад ва танҳо дар ҳолати ислоҳнопазир будани баъзе шахсони масъул, масъалаи аз вазифа сабукдўш кардани чунин ашхосро дида барояд. Яъне, Сарвари кишвар ҷиҳати тақвияти маърифати роҳбарӣ изҳори андеша намуданд.

 Ин мулоқоти судманду роҳнамоёнаи Президенти мамлакатро бодиққат аз оинаи нилгун дида, бори дигар шукр аз он мекардам, ки барои миллати тоҷик чунин Пешвои адолатпеша, сиёсатмадори варзида ва инсони дурандешу оқил ҳадяи илоҳӣ аст ва иҷрои дастуру супоришҳои он кас халқи моро ба ояндаи дурахшон равона карда метавонад.

Суханҳои пурмўҳтаво ва роҳнамоиҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони шаҳри Душанбе маро водор сохт, ки доир ба ин самтҳо баъзе фикру ақидаҳои хешро баён намоям.

Пойдории Ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз бисёр ҷиҳат ба намунаи ибрат будани роҳбарону дигар мансабдорони сатҳҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи онҳо риоя шудани одоби хизматчии давлатӣ ва муоширати байниҳамдигарӣ вобастагии калон дорад.

Дар ҳамаи вохўриҳо ва ҷаласаю машваратҳои корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мансабдорони воломақом талаб мекунанд, ки вазифаҳои хизматиашонро бовиҷдонона, бо дасту дилу нияти пок иҷро намуда, адолатпешаю масъулиятшинос бошанд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Хизматчиёни давлатӣ нерўи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рў, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд».

Боиси хушнудист, ки солҳои охир тавассути сиёсати хирадмандонаи кадрии Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ бисёр мутахассисони варзида, шахсиятҳои соҳибмаълумот ва инсонҳои дорои одоби хуби муошират ҷалб мегарданд.

Махсусан, дар давраҳои бўҳрони молиявию иқтисодӣ, дараҷаи донишу сатҳи хуби касбию инсонгароии роҳбарон ба онҳо имконият медиҳад, ки аз вазъиятҳои мушкили пешомада ҷомеаҳои меҳнатии худро безарар раҳоӣ диҳанд ва дар баробари ин, нисбати кадрҳои баландихтисос муносибати хайрхоҳонаю беғаразона дошта бошанд.

Мутаассифона, ҳоло ҳам бархе аз роҳбарон ба ҷои он, ки мутахассисони ҷавонро тарбия кунанд ва дар ин бобат аз таҷрибаи кории кормандони соҳибтаҷриба самаранок истифода баранд, бо ҳар гуна баҳона аз кор дур кардани мутахассисони ботаҷрибаро афзал медонанд.

Ҳол он ки Сарвари кишварамон мунтазам бобати тарбияи кадрҳои соҳибмаълумот ва ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгў вазифагузорӣ мекунанд.

Пеш аз ягон шахсро ба мансаби роҳбарӣ таъин намудан, бояд сатҳи донишу малакаи роҳбарии ўро дақиқ омўзем, то ки дар зарфи панҷ-шаш моҳ зарурати ҷойивазкунӣ ба амал наояд.

Ҳамаи мансабдорони идораҳои давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо ва субъектҳои дигари хоҷагидорӣ (новобаста аз шакли моликияташон) бояд қоидаҳои одоби муоширати байниҳамдигариро қатъиян риоя карда, аз тамоми зуҳуроти ҷаҳолатпарастӣ, лафзи беодобона ва муносибати ҳавобаландонаю ғаразнок бо зердастону корафтодагон худдорӣ намоянд.

Ҳар як шахси мансабдор бояд хуб дарк намояд, ки вазифаи роҳбарӣ ба ў то абад дода намешавад ва зердасти вай ҳам инсон асту ҳамчун мутахассис онҳо баробарҳуқуқ мебошанд.

Агар чунин омилҳоро риоя кунем ва дар кору фаъолияти худ таҷрибаи бойи давлатдорӣ, муносибати дурандешонаю хоксорона бо мардум, таҳаммулпазирию бо таҳлилҳои асоснок ба зердастон фаҳмонда додани мавқеи хешро аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омўзем, мо метавонем ҷомеаи устувори шаҳрвандиро бунёд карда, ҷиҳати сари вақт амалигардонии кулли ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат муваффақ гардем.

Карамулло ОДИЛОВ,
собиқадори хизмати давлатӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон,
Аълочии молияи Иттиҳоди Шўравӣ
ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh