Ҷавонон ва рушди ҳамкориҳо

Дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори 25-солагии муносибатҳои дипломатии байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мизи мудаввари 56-уми Медиа-клуби «Согдиана» дар мавзўи солҳои шарикии стратегӣ аз нигоҳи ҷавонон баргузор гардид.

Дар он аҳли ҷамоатчигии маркази вилоят, устодон ва донишҷўёни макотиби олии маркази вилоят, намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд. Дар маҳфил бобати тадбирҳои ба ифтихори 25-солагии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар доиргардида, ҳамчунин, конфронси байналмилалии «Ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмии Русия ва Тоҷикистон», аҳамияти гузаронида шудани машғулиятҳои дарси маҳорат, ки профессори Донишгоҳи байналмилалии Москва Кипрас Маҷейка барои донишҷўёни факултаи рўзноманигорӣ доир намуд, изҳори андеша шуданд. ҳамзамон ширкаткунандагони мизи мудаввар зикр намуданд, ки маҷмўи робитаҳои дуҷониба бо Федератсияи Русия дар доираи муносибатҳои хориҷии мамлакати Тоҷикистон нақши хоса дошта, аз самтҳои асосии манофеи иқтисодӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбад.

 Зикр гардид, ки давоми солҳои тўлонии ҳамкории судманд аз ҷониби ҳайати профессорону устодони донишгоҳҳои олии Русия ба устодони макотиби олии маркази вилоят кўмаки таълимӣ-методӣ расонида, сатҳу сифати таълими забон ва адабиёти русӣ баланд бардошта шуд. Яке аз нишондиҳандаҳои ҳамкории пурсамар он аст, ки бештар аз 40 нафар донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гирандагони идрорпулии Хазинаи институти таҳқиқотии Евроосиё гардиданд ва пас аз хатми таҳсил аз тарғибгарони фаъоли забон ва фарҳанги рус мебошанд.

Донишҷўён аз машғулиятҳои «Дарси маҳорат»-и профессор К.Маҷейка ризову қаноатманд будани худро изҳор дошта, арзи миннатдорӣ карданд.

Дар мизи мудаввар қайд гардид, ки кишвари Тоҷикистон ба рушди минбаъда ва мустаҳкам гардидани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Федератсияи Русия манфиатдор буда, донишгоҳҳои олии Русия байни ҷавонони тоҷик эътибору нуфузи зиёд дорад. Феълан, дар макотиби олии ин кишвар бештар аз 21 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик таҳсил доранд, ки аз ин теъдод 10 ҳазор нафарашон тариқи буҷавӣ илм меомўзанд.

Дар диёри мо гузаронидани рўзҳои фарҳанги Федератсияи Русия, фестивалҳои гуногун ба анъанаи нек даромадааст ва дар ин чорабиниҳо ҷавонони вилоят фаъолона иштирок мекунанд.

Иштирокчиёни маҳфил изҳори эътимод намуданд, ки робитаҳои дўстӣ ва шарикии стратегии байни Русия ва Тоҷикистон минбаъд низ тариқи тадбирҳои амалӣ мустаҳкамтар мегардад ва ба рушду такомули ин ҳамкориҳо иқдомҳои устувор гузошта мешаванд, ки пояи он дар сафари ба қарибӣ ба Тоҷикистон анҷомдодаи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh