Абдураҳмон Қодирӣ Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт
- Details
- Published on Monday, 03 April 2017 15:45
Имрӯз, 3 апрели соли 2017 Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайн ва густариши равобити дипломативу тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зимнан қайд гардид, ки соли равон ба барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина 25 сол пур мешавад.
Раиси вилоят сафири Украинаро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки муносиботи ҳасанаи ду кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст ва Тоҷикистон бо Украина дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, энергетика, саноат, тиҷорат, маориф ва ғайра ҳамкории самаранок дорад.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки вилояти Суғд дар ҳоли рушд қарор дошта, давоми се соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ду баробар афзун гардид ва вилояти Суғд аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба минтақаи индустриалӣ-аграрӣ табдил ёфт. Ҳамчунин дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумиву ҷалби бонувон ба касбомӯзӣ низ пешравиҳо назаррасанд. Тавре қайд карда шуд, вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд дар самти истеҳсол ва содироти меваҳои шаҳдбор буда, ба роҳ мондани содироти меваҳои Тоҷикистон ба Украина ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Виктор Никитюк дар навбати худ таъкид дошт, ки ҷониби Украина барои тавсеаи ҳамкориҳо ҳавасманд аст. Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Никитюк пас аз мулоқот бо Раиси вилоят дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил мулоқот орост. Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки дар бартарафсозии ин садама аз вилояти Суғд беш аз 1000 нафар шаҳрвандон иштирок намудаанд. Дар вилояти Суғд ба бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил эътибори махсус зоҳир гардида, онҳо ҳамеша зери таваҷҷӯҳу ғамхорӣ қарор доранд ва ба хотири гиромидошти номи неки бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар шаҳри Хуҷанд лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.
Бояд қайд кард, ки Виктор Никитюк дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол”, Боғи миллии “Ваҳдат”, шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб боздид ба амал меорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд