Ифтихор аз рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем!

Дар арсаи сиёсати дохилӣ кишвари мо марҳала ба марҳала дар иҷрои масъалаҳои муҳими стратегии давлат – аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерўи барқ, ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул дар мамлакат ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Ба ҳайси аъзои гурўҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ва узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ман дар се самт - фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафҳои асосӣ ин амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари ҳизб ва Маҷлиси намояндагон, амалӣ намудани «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», ки дар таърихи 1-уми декабри соли 2016-ум дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ гардид ва диққат додан ба масъалаҳое, ки аз мулоқоту вохўриҳо бо мардуми кишвар бармеоянд, ҳамзамон, иҷрои ҳафт ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрўзаи рушди давлатдории миллӣ, ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ таъкид намудаанд, маҳсуб меёбад.

Дар фаъолияти қонунгузорӣ дар даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон 49 ҷаласаи иҷлосия баргузор гардид, ки дар онҳо 178 қонун, 3 қонуни конститутсионии мукаммал, 8 тағйиру илова ба онҳо ва 93 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва тасдиқ гардиданд. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои гурўҳ 22 қонун ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд, ки аз онҳо 8-тояш қонуни мукаммал мебошад. Яке аз самтҳое, ки аъзои гурўҳ бештар ба он таваҷҷўҳ менамоянд, ин аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо аст, ки ин масъала дар Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ зикр ёфта буд.

Ҳангоми сафарҳои хизматӣ берун аз кишвар бошад, пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем, то ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохўрию мулоқот анҷом дода, онҳоро бо дастовардҳои кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ шинос намоем. Зеро имрўз кам нестанд қувваҳои манфиатдоре, ки мехоҳанд, ин қувваи бузургро ба нафъи худ истифода баранд.

Дар даврони Истиқлолият бори дуюм аст, ки аъзои гурўҳ ба сифати ҳамоҳангсоз - танзимгар дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботҳои давлатҳои аъзои ИДМ фаъолона ширкат варзиданд.

 “Масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрўза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрўи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, идоракунии давлатиро таъмин гардонем”,-таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ дар Паёми хеш.

Аз ин рў, ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрўи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан - ин вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонӣ ва мақсаду мароми ягонаи мо мебошад.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул шудани Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар ин бора Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ ҳини ироаи Паёми хеш иброз доштанд, ифтихори мо, мардуми Тоҷикистон буда, итминон дорем, даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Гулбаҳор Назирӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh