Дастур барои таъмини пешрафт

Дар маҷлиси ташкилоти собиқадорони вилоят фаъолияти Шўрои собиқадорони вилоят дар соли 2016 ҷамъбаст ва вазифаҳо, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бармеояд, баррасӣ гардид.

Муовини раиси Шўро Шавкат Алиев зикр намуд, ки собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Паёми Президенти мамлакатро бо рўҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд. Зеро Паём ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Шўрои собиқадорони вилоят 18 ташкилоти собиқадорони шаҳру ноҳияҳо, ташкилояти собиқадорони Раёсати корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд, ҷамъ 309 созмони ибтидоии собиқадоронро муттаҳид кардааст.

Дар соли 2016 дар ҷаласаҳои Шўро 38 масъалаи ҳаёти созмони собиқадорон баррасӣ ва барои баланд бардоштани нақши ташкилотҳои собиқадорон дар ҷомеа ва мавқеи онҳо, беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ва тиббӣ ба онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Маҷлисро раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Мўҳсин Раҳимов ҷамъбаст карда афзуд, ки Шўрои собиқадорони вилоят баҳри баланд бардоштани масъулияти коркунони дастгоҳи Шўро, сари вақт ба иҷро расондани нақша ва нақша-чорабиниҳои алоҳида минбаъд низ кўшида, намегузорад, ки ягон ариза ё муроҷиати шифоҳии собиқадорон аз мадди назар дур монад.

Дар муҳокимаи масъала масъулони ташкилоти собиқадорон Мўъмин Орифӣ, Мўҳсин Ҷабборов, Инъомҷон Тўраев, Мавлуда Қаландарова, Шуҷоат ҳасанова ва Сулаймон Асрорқулов иштирок карда, ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолияти Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят маслиҳату пешниҳодҳои муфид доданд.

Мирзоғанӣ ВАЛИЕВ,
 узви Шўрои собиқадорон

Add comment


Security code
Refresh