Муқовимат бо терроризм ва экстремизм

Танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Терроризм аз рўи хусусияташ гуногун буда, дар давраи ҳозира дорои шаклу намудҳои гуногун мебошад. Таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо, куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида, рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти терроризм, созмон додани ташкилотҳои террористӣ, кўмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ ва ғайра аз зумраи шаклу намудҳои ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошанд.

Ташвиқоти терроризм ва экстремизм, ки имрўз тариқи ҳама гуна васоити ахбори террористон, сомонаҳои интернетии ифротӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, рўзномаву маҷалла ва варақаву дастурҳои иғвоангез ва ба ҳамин монанд сурат мегиранд, сафи аъзоёни созмону гурўҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурўҳи террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом”-ро афзудааст. Аз аксари шаҳрвандони давлатҳои дунё онҳо маҳз бо ҳамин роҳ сафи ҷангҷўёни хешро афзуда, ба як созмони махсусан ҷиноятпешаи хавфнок табдил ёфтанд.

Мутаассифона, зиёда аз 1100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ (бисёриашон бо зану фарзандони хеш) фирефтаи ана ҳамин таблиғоти онҳо гардида, сарсону саргардон дар мамлакатҳои бегонаанд.

Ҳодисаи кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистони муқими вилояти Хатлон, ки бо 7 фарзанд, ҳамсар ва хоҳару шавҳари хоҳараш озими Сурия гашта, баъди се моҳи ҷангиданаш дар ҳайати гурўҳи террористии “Давлати исломӣ” нобуд шудааст, барои мардуми мо бисёр нанговар мебошад. Ин рўйдодро расонаҳои хабарӣ таҳти мақолаи “Яке барои Ватан қурбон шуд, дигаре моро қурбон кард” ба нашр расонида, андешаҳои падари пиронсоли ўро аз кушташавии ду фарзандаш, ки яке дар муҳорибаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ кушта шуда, дигаре дар ҷанги Сурия нобуд гаштааст, баён медорад. Андешаи “ҳоли духтару домод ва келину ҳафт набераам чӣ шуда бошад?” мўйсафедро ба бемории қалб гирифтор сохтааст.

Ин аст оқибати шомил шудан ба ин гуна гурўҳҳо ва фирефта гардидан ба афкору андешаи бегона! Пас чаро мо бар зидди ин падидаҳои нафратангез ва номатлуби замона мубориза набарем?

Имрўз дар Тоҷикистон тамоми имконот ва вазъияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам бурда, аз ҷомеаи шаҳрвандии мо онро тақозо менамояд, ки муборизаро бо ҳамаи имконот - чи бо қувва ва чи бо ақлу иродаи қавӣ бар ин зуҳуроти даҳшатафкан пурзўр намоем. Танҳо дар ҳолати дастаҷамъӣ, якдигарфаҳмӣ, Ваҳдату ягонагии миллӣ мо метавонем, амнияту осоиштагии хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона ва ифротӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амон нигоҳ дорем.

Каёнуш КАЛОНОВ,
омўзгори кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh