Ғояи муқаддаси миллӣ

Аз рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд" матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳуҷҷати бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллиро бо шавқу ҳавсалаи том хонда баромадем. Паёми навбатии Сарвари давлат аз паёмҳои қаблӣ сарчашма гирифта, мазмуну мӯҳтаво ва раванди пешрафти ҷомеаи муосири моро дар марҳалаи нави рушд бозгӯй аст.

Агар ба мундариҷаи Паёми 20-уми январи соли 2016 ироашуда зеҳн монем, равшан эҳсос мегардад, ки он барои тамоми мардуми тоҷик соли ҳадафҳои олӣ, соли таъмину таҳкими рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, соли сабақтакроркунии корҳои таблиғоту ташвиқот, соли азназаргузарониҳои бозёфтҳои маънавӣ гардид. Паёми навини 22-уми декабри соли 2016 бошад, ин самтҳои тозаву нотакрори пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, ҳимоя ва пойдору устувор мондани Истиқлолияти давлатии кишвар, маънавиёти ҷомеа ва пурбақо нигоҳ доштани пояҳои Ваҳдати миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсии мардумони Тоҷикистонро раҳнамун ва роҳбалад мегардад. Ҳар кас дар пеши оинаи ҳаёти имрӯз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат худро месанҷад, ҳусн ва қубҳи хешро боз як бори дигар муайян мекунад ва яқин медонад, то ки нерӯи дили худро афзун намояд ва он ҳуснеро, ки ба ӯ ҳаёти соҳибистиқлолӣ ва халқи тоҷик додааст, афзун намояд. 

Ҳамаи он кору пайкорҳо, азму талошҳо ва нияту орзуҳои нек як бори дигар тасдиқ карданд, ки миллати тоҷик дар роҳи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, дар роҳи шӯълаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам равшангардидаи ҳаёти мо бо имони комил раҳсипор аст. Аммо бо вуҷуди ин қайд карда шуд, ки навбати саъю талошҳои нави созандагӣ ва ҳадафҳои афзалиятноки мо расидааст. Ҳадафҳо сифату мазмуни ҷадид касб карда, асоси онҳоро гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, ин ифодаҳоро се ҳадафи стратегии миллӣ аз ҷиҳати мазмун ғанӣ мегардонад.

Сиёсати иҷтимоии оқилонаи Пешвои миллат барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ роҳандозӣ мешавад, ки инкишофи устувори кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ дар худ таҷассум менамояд. Ин дар навбати худ чун сарчашмаи таҳкими иқтисоди миллии Тоҷикистон зуҳур меёбад. Ин муваффақият, ин пешрафти шоистаи даврон, ки паси ҳар як рақам, дар паси ҳар як иншоот, дар паси ҳар як навигарии диёрамон, аз он ҷумла вилояти Суғд истодааст, шаҳодати шуури баланди мардуми ҳар манотиқи кишвар, шаҳодати ҳадафҳои стратегии ҷомеаи муосири мо мебошад.

Имрӯз ҳар як сокини кишварамон аз ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст, фараҳманду сарбаланд мебошад. Бо ифтихори ҳаққонӣ гуфта метавонад, ки дар иҷрои ин вазифаи муҳими давраи наздик бо масъулияти том саҳм мегузорад. Кору пайкори хешро дар ин маҷро ҳамроҳ намудан аз ҳар ҷиҳат шоиста медонад, зеро ба қадри ин ҳадафи бузурги сиёсиву иҷтимоӣ тавонистанд бирасанд, ба шарафи он тавонистанд ҷону дили худро мувофиқ бикунанд, ба даъвати аслӣ тавонистанд пеш раванд.

Ҳамин тавр, раванди «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои рушди устувор, 2018-2028» дар дил ва дар мазмуни ҳаёти онҳост!

Дар Паёми Сарвари давлат ҳадафҳои олии халқи тоҷик ҳамчун пойдевори ҷомеаи муосири миллат баён гардиданд, ки маънои дастуру супоришҳои имрӯзаро бозгӯй менамояд. Ҳар сатр, ҳар нуктаи Паём, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллати тоҷик равона гардида, вазифаҳои навбатиро мушаххас менамояд. Паёми навбатӣ- ин паёми миллӣ, ин машъали ибрат ва намунаи хизмат мебошад. Пас месазад, ки ҳар фарди дилогоҳу худшинос ва соҳибмаърифат онро ҳамаҷониба биомӯзад, дар роҳи кору пайкораш, иҷрои вазифаҳои хизматиаш такя бар он бинамояд. Паём таҳкимбахши серию пурӣ ва осудаҳолӣ, воситаи хушбахтӣ ва илму маданият, ахлоқу тарбият аст.

Пешвои миллат таъкид намуданд ва супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бояд дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад. Конститутсия ин қутбнамои давлат ва миллат буда, нишон аз соҳибдавлатист. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ду қонуни соф миллӣ ба арсаи ҳаёт ворид гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин қонуни миллӣ буда, ба раванди манфиати мардум нигаронида шудааст, мизони иҷтимоиёт, ҳаёти босаодат ва рӯзгори шавқафзо таҷассум ёфтаанд. Қонуни дигари миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маъруфият пайдо кардааст. Ҳар нуктаи он ахлоқи ҳамида, одоби пурмаънӣ, одамият, ҳамият ва маъсулияту шарафмандиро талқин менамояд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши ҳамин се ҳуҷҷати барҷаставу муҳим барои ҳар як аъзои ҷомеаи имрӯз ҳам шарт асту ҳам фарз.

Мегӯянд, ки ободонии манзилу макон, дар маҷмӯъ тамоми кишвар ҳам, пеш аз ҳама, вобаста ба сабзиши худи маҳал ва одамони он аст, ки муваффақияти калону хурди иқтисодии он бо худ ба ин диёр хонаи нав, боғи нав ва даҳҳо сохтмони нави замонавии дигар меорад. Ба туфайли раванди созандагӣ ва ободонӣ, ташаббусҳои нав ба нав, ки ҳама бар манфиати ҷомеа ва шаҳрвандонанд, рӯзгори ҳар сокини кишвари азизи тоҷикон рӯз аз рӯз зеботар, фаровонтар, ободтару сурурбахштар шуда истодааст.

Ба маркази вилоят, марказҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳракҳо агар як назар афканем, равшан бо чашми дил мебинем: дар гирду атрофи ҳамон мавзеъҳо қариб ҳар рӯз як сохтмони наве сар бардошта, ҷойҳои холию ноободи он маҳалҳоро пур карда истодааст. Дар ин самт аз Паёми Пешвои миллат илҳоми тозае эҳсос менамоем: «Ҳоло бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ карда шуда истодааст».

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешвоз ва дар остонаи ҷашнҳои дигари миллиамон – 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва баъди таҷлил гардидани 25 –солагии Истиқлолияти давлатӣ ба самъи мардумонамон расонида шуд, ки ин файзу баракат ва худшиносиву худогоҳии чи хурдсолу чи бузургсолро ба бор меоварад. Ифодаҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлолият» дар ҳаёти меҳнатӣ ва мадании мардуми тоҷик тарғибгару ташвиқгари беҳтарине гардидаанд, ки мислу монандашро дар миёни ахборотчиён ёфтан амри маҳол аст. Онҳо ҳам ифодаҳои миллианд, дар хатти пешрафти кишвар ва мардумон дар давоми ҳамин қадар сол на танҳо ягон бор нашикастааст, балки ягон бор хам ҳам нагардида, муттасил ба боло нигарон асту боло меравад. Ваҳдат ва Истиқлолият сарчашмаи ҳидоятҳои Пешвои миллат, раҳнамо ва қутбнамои ҳаёти босаодатанд, ки дар партави онҳо фидокорӣ накардан айб аст, ҷасорат ва ғайрат нишон надодан, бемуболиға, гунаҳ аст. Моро сатрҳои Паём нерӯмандии хоса мебахшанд: «Зеро озодиву Истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

Бигузор, чашми ақл ва дидаи дили пурҳарорат бубинад, ки ҳамаи кору пайкори мардуми тоҷик дастҷамъона, аҳлу тифоқона, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ корҳо ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ анҷом дода мешаванд.       

Паёми Пешвои миллат, ки ҳар сатру нуктаи он саршор аз ҳадафҳои афзалиятноку олист, ба сони дарёест, ки обаш ширину мусаффост. Ҳар он касе, ки эътимоди қавӣ ба кору манфиати умум ва ҷомеа дорад ва аз он бо нерӯи ақлонии хеш дурри мақсуд мечинад, қувваи тоза мебахшад. Паём бозгӯй аз нишони давлату давлатдории миллӣ ва ҳастии миллати ободкору тозакор аст. Ҳар сатр ва нуктаҳои саршор аз ҳидоятҳои олии дар Паём сабт ва ифодагардида мисли марҷоне мебошанд, ки ҳар донаи он қимати ҳаёти босаодат, рӯзгори пурсафост. Чунонки дар Паём зикр шудааст: «Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид».

Биёед, як дақиқа тасаввур кунем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари тоҷикон борҳо ба марҳалаҳои мушкилу сангин пеш омад, онҳоро паси сар намуд, аз ҳолатҳои хеле вазнин сарбаландона баромад. Бо азму ғайрати беҳамто ва нерӯмандии халқпарварии Пешвои миллат хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллат бартараф карда шуд, ки ин неъмати миллӣ барои ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад.

Нақшаҳои неку созанда ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон моро рӯҳу нерӯи тоза мебахшанд. Меҳнати якҷоя, тартиби хирадмандонаи кору пайкор, зисту зиндагонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки мардум фаъолу боибтикор шинохта шаванд.

Маҳз, самараи Паёми Пешвои миллат, сиёсати оқилона ва ҳидоятҳои бунёдии Сарвари давлатамон мебошанд, ки ташаббусҳои нав ба нави мардуми ободкори диёрамон меваҳои назарбин меоваранд, аҳамияти таърихӣ пайдо мекунанд, орзуҳои ширини хурдсолону бузургсолон ба парвоз меоянд.

Масъалаи дигар. Дар Паёми худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки «тибқи Барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токзори мамлакат ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум қариб 100 ҳазор гектар ё 2 баробар зиёд буда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши арзишманд гузошт».

Дар ин раванд ба хотир меоварем: боғи интенсивии ниҳолони мевагии шаҳраки бунёдшудаистодаи Сайҳун дар мавзеи дашти Сомғор низ аз он шаҳодат медиҳад, ки муроду мақсади фарзанди инсон охир надорад. Бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ташаббус ва иқдоми бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ шаҳраки Сайҳун дар харитаи ҷуғрофии кишвар мавқеъ ва ҷойи худро бигирифт. Боғи он дар тобистони соли 2016 ҳосил ба бор овард, дарахтони зардолуву шафтолуяш меваҳои шаҳдрез доданд, дар замини зери қаторҳои дарахтонаш тарбузҳои алвониву шаккарин рӯиданд. Корҳои нек вобаста ба дараҷаи маданияту маърифати инсон пеш мераванд. Дар инҷо фарҳангу маърифати созандагӣ, ободкорӣ, аз замин ҳосилгирӣ, ҷорӣ шудану сафобахшии оби Сирдарё дар Сайҳун ҳамдам ва ҳамқадам мебошанд, парвози орзуҳо муназзаманд. Дар мавзеи Сайҳун ва боғи он аз сарчашмаҳои об орзуву ниятҳои нек меоянд, оби ҳаёт ба маҷрои амал равон аст. Бигузор, вай ҳаёт диҳад, пешрафти иқтисодӣ, илмӣ-маърифатӣ ва фарҳангии мардум маҷро дошта бошад.

Оташи муҳаббат дар қалби мардуми бунёдкори мо пурҳарорат, фурӯзон ва мунтазам аст. Бинобар ҳамин интизор шуда нишастани мо, ки аз ягон ҷойи дигар одамон биёянду созандагиву ободгарӣ кунанд, ба мо ҳаргиз намезебад. Мардуми тоҷик аз қадим меҳнатӣ буду имрӯз ҳам чунин аст. Дар дилу ният ва орзуву ҳаваси онҳо меҳнати созандаву ободкор бо тамоми хислатҳои наҷибаш реша давондааст. Онҳо барои меҳнатобод, ҳуснобод кардани ҳар минтақаву мавзеи кишвари худ пайваста камар мебанданд. Мардуми тоҷикро пояҳои устувори Истиқлолияти давлатӣ, ки неъмати муқаддастарин ва бузургтарин мебошад, барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав нерӯмандӣ ва Паёми Пешвои миллат ба сарчашмаи ташаббус, созандагиву бунёдкорӣ қудрат мебахшад.

Паём нақшаи хирадмандона аст, рӯзгорамонро обод, маданӣ, пурфараҳ мегардонад, ҳамасола ҳаётамонро боз ҳам мувофиқтар месозад. Миллати тоҷик ватандорони ин кишвар ҳастанд, обод кардани диёр ба зиммаи мардуми худогоҳи кулли Тоҷикистон аст. Ҳар яки мо дар ин кори хайр худро бояд ҷавобгар ҳис намоем!

Аҳрорҷон УБАЙДУЛЛОЕВ,
устоди кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Fафуров.
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Add comment


Security code
Refresh