Эътимоди қавӣ ва қадамҳои устувор

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ироа гардидани Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо рамзист. Паёми Пешвои миллат як навъ ҷамъбасти роҳи тайкардаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар давоми бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушду нумўи кишварамон мебошад.

Рушду такомули соҳаҳои калидии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат бо фаъолияти мақомоти молия вобастагии бевосита дорад. Рисолати асосии кормандони мақомоти молия пешбурди сиёсати молиявӣ дар маҳал, дар асоси дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва маҳал таҳия намудани дурнамои буҷету андоз ва лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ, баҳисобгирии ҳамаи манбаъҳои мавҷудаи даромади буҷет, саривақт маблағгузорӣ намудани хароҷотҳои дар буҷет пешбинишуда, назорати риояи интизоми молиявӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дигарҳо иборат аст. Соли 2016 бо вуҷуди он, ки вазъи иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам ноустувор гардида, ин вазъ ба иқтисодиёти мамлакати мо низ бетаъсир намондааст, амалигардонии Барномаву чорабиниҳои зиддибўҳронии қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар қаламрави вилоят таъсири бўҳрони молиявию иқтисодӣ то андозае коҳиш дода шуда, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар сатҳи мўътадил қарор гиранд. Аз ҷумла, дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои чакана ва дигарҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтанд. Дар натиҷаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои молия, андоз ва дигар сохторҳои иқтисодии вилоят нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети умумии вилоят нисбат ба соли сипарӣ зиёд таъмин гардид.

Бо назардошти пурраву барзиёд таъмин гардидани нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар вилоят солҳои охир корҳои созандагиву ободонӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифтанд. Танҳо дар соли ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо муассисаҳои маъмурӣ, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва дигарҳо аз ҳисоби маблағи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар Паёми хеш Президенти мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамўҳлат ва дарозмуддат ва қабул гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъкид доштанд.

Дар радифи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар кормандони мақомоти молияи вилоят бо шинохти эҳсоси масъулият дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ - давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва Ваҳдати пойдори миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар тарғибу пешбурди ин сиёсат ҳамқадами замон ҳастанд ва шукрона аз ин муқаддасоти ҷовидона намуда, онро монанди гавҳараки чашм ҳифз менамоянд.

Ҳоло ки Соли нави мелодии 2017 фаро расидааст, аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми шарифи вилоятро аз номи мақомоти молияи вилоят бо Соли нав табрику муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони вилоят дастархони пурфайзу бобаракат, саодати рўзгор, бахту иқболи баланд таманно менамоям. Бигузор, Соли нави мелодӣ ба ҳар оила хурсандӣ, шодмонӣ ва барору комёбиҳо орад.

Анвар МИРЗОЗОДА,
сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд,
Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh