Ҷавонон мавқеи дурусти сиёсӣ дошта бошанд!

Дар шароити ҷомеаи зудтағйирёбанда зарур аст, ки мазмуну мўҳтавои афкори омма ҳамеша мавриди омўзиш, ташаккули он дар радифи равандҳои рушди ҷомеа дар мадди назар бошад.

Дар ҳолати аз мадди назар дур кардани ин падидаи муҳим мо имконияти таъсиррасониро ба вазъи ҳаёти ҷамъиятӣ аз даст медиҳем ва ҷомеа ба ҳолатҳои номатлуб, ба мисли костагии ҳаёти маънавӣ, хоса дар байни ҷавонон, пешорў меояд. Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки афкори омма падидаи хеле рангоранг, зиддиятнок ва мураккаб буда, ташаккули он ба омилҳои зиёди сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ вобаста мебошад. Аксари муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки афкори омма зери муаммоҳои ҳаёти рўзмарраи одамон, фаъолият ва бурду бохти онҳо ташаккул ёфта, ба шуури ҷамъиятӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад. Инъикоси воқеият дар ин сатҳи ҷаҳонфаҳмӣ то андозае бенизом ва стихиявӣ буда, он ба сатҳи маърифатнокӣ, таълиму тарбия ва таҷрибаи ҳаётӣ вобаста мебошад. Албатта, дар баъзе мавридҳо мо фаъолии афкори оммаро нисбати дигар падидаҳо бештар мушоҳида менамоем, чунки дар раванди дигаргуниҳои иҷтимову сиёсӣ ба мисли озодандешӣ, демократия, то чӣ андоза ҳуқуқбунёд будани ҷомеа ақидаҳои гуногун баён мегарданд ва дар атрофи онҳо муколамаҳои доманадор сурат мегиранд.

Баъзе самтҳои афкори омма ба ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор оварданаш мумкин аст. Масалан, тавассути воситаҳои ахбори умум суханпардозӣ намудани мубаллиғони гурўҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез, ба мисли “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “ҳаракати Исломии Ўзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “Ҷамоати таблиғ”, ДИИШ ва ғайраҳо ин кўшишест ҷиҳати таъсир расондан ба афкори омма, кўшишест аз ҳолати мутавозинӣ берун кашидани ҷомеаи Тоҷикистон. Ин мубаллиғон кўшиш ба он доранд, ки тавассути паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои бардурўғ мардумро фиреб дода, ба низоъҳои иҷтимоӣ кашанд.

Ҷараёни эҳсоси воқеият, дарк ва мавриди андеша, таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорӣ маданияти баланди инсонро тақозо менамояд. ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон, фоҷиаҳои мансуб ба терроризми байналмилалӣ дар дигар нуқоти олам, нишонгари он аст, ки тағйир додани афкори омма, яъне ба раванди нодуруст равон намудани он барои ҷомеа хеле хатарнок аст. Аз ҷониби зубдагони ҳизби мамнўъи Наҳзати ислом талқинкунии сабабҳои мамнўъ гаштани ҳизбашон исботи ҳамин фикр аст. Онҳо айби худро надида, айбдоронро дар дигар ҷой меҷўянд, мекўшанд, ки дар афкори омма ақидаҳои бардурўғро ҷой диҳанд. Аммо, имрўз мардуми мо хеле зирак шудаанд, онҳо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ мерасанд. Магар душманони миллати тоҷик намебинанд, ки дар давоми 25 соли сиёсати сулҳофарин ва Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол роҳеро тай намуд, ки он ба асрҳо баробар аст. Таърих собит месозад, ки ягон халқу миллат нест, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, дар чунин муддати кўтоҳ аз он бурун омада, сиёсати сулҳофаринӣ ва бунёдкоронаро пеша карда бошад.

Дар ҳақиқат, дар шароити ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба даст кашидан аз ҳуввияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. Ин роҳест инсонро ба парастиши ғояи дигар, таърихи дигар ва фарҳанги дигар равона менамояд. Масалан, барои Амрико ё ягон давлати дигари Аврупо муҳим нест, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низоми иҷтимоиву сиёсӣ ё фарҳангӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ дур гашта ”худии худ”-ро фаромўш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Барои чӣ давлатҳои абарқудрат, ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-қоида”, “Бародарони ислом”, Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранду нисбат ба фаъолияти иғвогаронаи “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ўзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ” дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бефарқ ҳастанд? Ба фикри мо, инҳо зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратҳост, ки мехоҳанд, бо дасти ин гурўҳҳои иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор созанд. Ба ақидаи мо, ин масъалаи хеле ҷиддист, зеро на ҳар як шаҳрванди оддӣ дар сатҳи шуури муқаррарӣ ба моҳияти ин масъалаҳо сарфаҳм меравад. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки маҳдудияти ҷаҳонбинӣ, донишҳои сиёсӣ ва таҷрибаи нокифояи зист дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд на ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан ба ҷавонон имконияти интихоби дурусти мавқеи сиёсиро медиҳад. Аксар вақт онҳо фирефтаи суханпардозиҳо, ваъдаҳои бардурўғи ба ном “ҷиҳод барои тозагии Ислом” мегарданд. Аз ин рў, дар ин ҷо назди ниҳодҳои иҷтимоӣ, қабл аз ҳама дар назди мактабу маориф, низоми таҳсилоти олии касбӣ вазифаҳои басо муҳими умумимиллидошта меистад.

Кори тарбия ҳамон вақт самаранок мегардад, ки агар ҳар як омўзгор, новобаста аз тахассусаш ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор намунаи ибрати ҷавонон бошад.

 Р.СОЛИҶОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
устоди Донишкадаи иқтисод ва
 савдои Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh