Семинари ҷумҳуриявӣ: танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амали дастҷамъона ва эҳсоси масъулият зарур аст!

«Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрўзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

Рўзи 28-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»  дар мавзўи «Дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар кори он  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, намояндагони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва  Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок доштанд.

Ба кори семинар муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ифтитоҳ бахшид. Раҳматзода Рустам Мирзо аз ҷумла зикр кард, ки ин чорабинии муҳим-семинари ҷумҳуриявӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шўъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру навоҳии вилоят ва манотиқи мухталифи кишвар, имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ, аъзои комиссияи доимӣ ва мутахассисон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иштирок доранд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки расму оин  ва анъанаҳо дар рўзгори халқи  тоҷик  мавқеи алоҳида дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд.

Муҳаммадшариф Бобошоҳзода - мушовири   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа изҳор дошт: - Басо рамзист, ки семинари ҷумҳуриявӣ дар арафаи 19-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин ҷашни фархундаи мамлакат-25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ доир мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  Тоҷикистон байни мамолики дунё мавқеи хоси  худро пайдо ва мустаҳкам кард. Ин натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тавонист, дар як муддати кўтоҳи таърихӣ  сулҳу осоиштагиро дар кишвар пойдор намояд, бунёди даҳҳо иншоотҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, сатҳи рўзгори мардуми мамлакатро баланд бардорад. Мо бояд шукри ин даврони ободу осуда намуда, дастовардҳои даврони истиқлолиятро баробари гавҳараки чашмон ҳифз намоем, зеро ин сулҳу осоиштагӣ осон ба даст наомадааст. Аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ он аст, ки имрўз мо метавонем, бемамониат фароизи диниро ба ҷо орем. Барои ин дар ҷумҳурӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аммо нигаронкунанда он аст, ки  баъзе шаҳрвандони ноогоҳи мо ба доми фиреби одамони бадандеш афтода, ба гурўҳу ҷараёнҳои тундгаро шомил мешаванд.

Мо бояд аз тамоми  имкониятҳо истифода бурда, тадбирҳо андешем, то пеши роҳи   шомилшавии ҷавононро гирем. Охир, ин ҷавонони зудбовар, ки  ноогоҳона ба роҳи каҷ мераванд, фарзандони моанд! Мо бояд ононро дар рўҳияи дўст доштани Ватан, фарҳанги миллат, арзишҳои мардуми соҳибтамаддунамон тарбия намоем. Тўли солҳои  соҳибистиқлолӣ ҳифзи фазои софи озодии виҷдон аз  самтҳои  асосии сиёсати ҳукумати кишварамон буд. Нуктаи муҳими ин озодӣ адои маросимҳои динӣ мебошад. Феълан дар мамлакат беш аз  4 ҳазор масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта  фаъолият мекунад. Дар ин давра  зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон  ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гаштанд.

Муҳимтар аз ҳама, бо ибтикори Президенти мамлакат ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидани китоби муқаддаси «Қуръон» аст, ки  онро имрўз метавон дар ҳар хонадони мардуми тоҷик пайдо кард.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рўзгори мардуми тоҷик ранги дигар гирифт. Муҳимтар аз ҳама, онро сокинони кишвар ба хубӣ истиқбол карданд. Аз як тараф, амали қонун ба баланд гаштани сатҳи рўзгори сокинон боис шуда бошад, аз ҷониби дигар, мардум тавонистанд, бо пасандозҳои худ фарзандонашонро хононанд, соҳибмаърифат намоянд. Дар давраи 9 соли амали қонун дар мамлакат  бо дастгирии вазорату идораҳо, корхонаҳо, соҳибкорону саховатмандон  беш аз 77 ҳазор бачагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат тўйҳои хайриявӣ карда шуданд,ки дар натиҷа беш аз 88 ҳазор оила аз хароҷоти маърака озод гашт. Агар то қабули қонун дар маъракаҳои тўй ва мотам дар ҷумҳурӣ соле беш аз 15 млрд. сомонӣ масраф шавад, алҳол давоми сол  4 млрд. сомонӣ сарф мешаваду халос. Яъне мардум тавонистанд, беш аз 7 млрд. сомонӣ ба пешбурди рўзгорашон пасандоз намоянд. Қабули қонун ба беҳдошти рўзгори мардум, бунёди манзили зист, хонондани фарзандонашон боис гардид.

Имрўз ҷой доштани  монеаҳо дар татбиқи қонун нигаронкунанда аст. Ҳоло  дар  шаҳру ноҳияи Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров маъракаҳои иловагӣ ба роҳ монда шуда, дар шаҳру навоҳии Исфара, Истаравшан, Ашту Деваштич иштироки аз меъёр зиёди меҳмонон ба назар мерасад. 

Мо, иштирокчиёни семинари имрўза, ки мутасаддиёни соҳаем, ба чунин корҳо набояд бетараф бошем. Пешниҳод доштам, ки масъулони соҳа бояд шахсони тасодуфӣ набошанд, бояд мутахассис бошанд.

Давлатзода Сулаймон - Раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард: - Ин чорабинӣ, ки бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии сокинони вилоят сипосгузорем.

Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ бешуморанд. Таъсиси Муассисаи давлатии Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост, ки  феълан хатмкунандагони он метавонанд, дар аспирантура, магистратура ва дигар донишгоҳҳо таҳсили худро идома диҳанд. Дигар дастовард ин  ба зиёрати Каъба рафтани мардум аст, ки ҳар сол  6300 ҷойи барои кишвари мо ҷудошуда пурра истифода бурда мешавад.

Қабули қонун дар бораи танзими анъанаҳо низ аз дастовардҳои даврони истиқлолият аст, ки ба мардуми мо имконият дод, сатҳи рўзгори худро баланд бардорад. Вақте қонун қабул гардид, мардум аз  маъракаҳои серхароҷот оҳиста-оҳиста даст кашид. Ҳоло зиёдаравӣ хеле кам мушоҳида шавад ҳам, пешгирии саривақтии он аз ҳар яки мо масъулият металабад. Аз ҷумла, дар баъзе манотиқи вилояти Хатлон  маъракаҳои ҷумъагӣ дар маросими мотам идома дорад. Дар вилояти Суғд бошад, мардум  бо хатнасур рўйпўш карда, маросимҳои домодталабон, келинталабон мегузаронанд. Ҳадафи қонун паст кардани дараҷаи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони кишвар аст.  Хоҳиш доштам, ки аз ҷониби мутахассисон, ҳатто ходимони дин ба чунин корҳо бетарафӣ карда нашавад. Мақсади ба ин семинар ҷамъ омадани мо низ пешгирии зиёдаравиҳо дар татбиқи қонун аст. Сармутахассисони ҷамоатҳо шояд фикр мекунанд, ки  фаъолияти онҳо  танҳо танзими маърака аст.  Мо масъулем, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намоем. Имрўз аз ҳарвақта бештар  ҳушёрии сиёсиро  аз даст надода, мардуми кишварро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, обод кардани диёрамон ҳидоят намоем.

Абдуқодирзода Саидмукаррам - Раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон  сухани хешро аз боби солҳои нахустини даврони истиқлолияти давлатӣ, баргузории Иҷлосияи таърихӣ ва интихоби оқилонаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард. Солҳои 1992-93 сарзамини   Тоҷикистонро нооромӣ, хунрезиву даҳшат фаро гирифта буд. Чанде пас дар Қасри мубораку таърихии Арбоб Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии ҷумҳурӣ баргузор шуд, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон бо як овоз интихоб гардид ва ин инсони фозил дар ҳамин ҷо қасам хўрд, ки давлатро обод месозад ва то тоҷики охиринро ба маконаш наорад, ором намегардад. Пас аз ҷонбозиҳои зиёд ҳамаи нобасомониҳо ба эътидол омад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро зери хатар гузошта, барои бастани Аҳдномаи сулҳ то ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Афғонис-тон роҳ паймуданд, ки он ҷо низ дар он замон зери тиру туфанг қарор дошт. Муттаҳидии халқ дар атрофи Пешвои миллат буд, ки ба замони тинҷу осоиш расидем. Ҳамаи он рўзҳои тираи бар сари халқ омадаро набояд фаромўш сохт.

Имрўз шодмон аз он ҳастем, ки семинари ҷумҳуриявӣ дар ҳамин қасри таърихӣ баргузор шуда истодааст ва инро фоли нек медонам. Дар он замон мо масҷидҳои оташзада ва харобгаштаро дида будем. Алҳол шод аз онам, ки дар масҷидҳо сафи намозгузорон зиёданд. Он рўзҳои талхро набояд фаромўш сохт. Мутаассифона, имрўз ҳам дар давлатҳо оташи ҷанг хомўш нагаштаасту ҳазорҳо масҷиди умри чандасрадошта ба коми оташ фурў рафтаанд.

Мо кунун ба Истиқлолияти давлатӣ расидем. Сарзаминамон гул-гул шукуфта истодааст. Аммо имрўз на ҳамаи волидайн аз фарзандони хеш қаноатманданд. Чаро? Баъзе оилаҳо, мутаассифона, аз ўҳдаи масъулияти падариву модарӣ набаромада истодаанд. Дар натиҷа фарзандонашон ба корҳои номақбул, аз ҷумлаи шомил шудан ба ҳизбу ҷараёнҳои иртиҷоӣ рў овардаанд.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нўҳ сол сипарӣ шудааст. Воқеан, қонуни мазкур аз мо чӣ мехоҳад? Беҳтар сохтани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии хеш, дар тўю маъракаҳои халқӣ сарфакорона ва хирадмандона масраф сохтани маблағ мебошад. Маблағи захирашударо боз барои эҳтиёҷоти зиндагии худ истифода барем. Ҳоло бояд шукргузор бошем, ки давлати гул-гул шукуфон дорем.

Баротзода Файзулло - директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Чанд сол муқаддам дар ин Кохи бегазанд бо номи «Қасри Арбоб» ҷаласаи таърихие баргузор гардид, ки дар он шахси мўътабар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва ў барқарор сохтани сулҳу осоиштагиро ба зиммааш гирифта, кори муҳимеро ба анҷом расонд. Ва ҳоло мо дар даврони соҳибистиқлолӣ умр ба сар бурда, дар толори ин қасри бошукўҳ сухан карда истодаем.

Пас аз гузашти марҳалаи муҳими сиёсӣ қонуни мазкур ба тасвиб расид, ки мақсади асосии он анҷом додани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ба танзим даровардани тўю маъракаҳои мардумӣ буд. Дарозои нўҳ соли амали қонун ба дастовардҳои зиёде ноил гардидем. Он мақбули табақаи доро ва соҳибкорон низ гардид, зеро чунин ашхос тўли як ҳафта машғули маросими тўю маърака мегардид ва ба ин васила корҳои соҳибкории онҳо таъхир меёфт. Ва қабули қонун, хосатан ихчам кардани маросимҳои халқӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт мадад кард. Ва ҳоло пасандозҳои аҳолии табақаи миёнаҳол рў ба афзоиш ниҳода, шароити зисташро беҳтар ба роҳ мондааст. Мутаассифона, то ҳол харҷи беҳуда дар маъракаҳо вуҷуд дорад. Он дар чист? То ҳол рўи дастархони маросимро тавре оро медиҳанд, ки, ба қавле, барои сўзанпартоӣ ҷой нест. Яъне бисёр харҷ кардани мо барои табақаи миёнаҳол мувофиқи матлаб нест. Пас аз анҷоми маърака ба сабаби вайрон гардидани маҳсулот онҳоро мепартоянд, ки барои харидории онҳо бошад, аз 300 то 500 сомонӣ масраф кардаанд ва ин ҳам ба хазинаи хонаводагӣ зарари иқтисодӣ хоҳад овард. Нисбат ба ин масъала намояндагони бахши танзим ва расму оинҳои мардумӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳанд.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар моҳи шарифи Рамазон иқдоми хуберо пеш гирифтаанд: дар вақти ифтор бо як навъи хўрок қаноат карда, дар рўи миз гузоштани шириниҳо ва меваҳои гаронарзишро манъ сохтаанд.

Дар поёни суханаш Баротзода Файзулло оид ба моҳи шарифи Рамазон ва анъанаҳои миллӣ ёдовар гашт. Тавре аз маълумотҳо бармеоянд, Пайғамбарамон (с) дар кушодани рўза бо хурмо ифтор мекардаанд. Дар рўи хон гузоштани хурмо, аз як ҷиҳат, муаррифии меваи шаҳдбори Арабистон бошад, аз ҷониби дигар, хосияти табобатӣ доштани онро илми тиб собит сохтааст. Мо ҳам аз меваҳои шаҳдбори ватанӣ бой ҳастем. Солҳои пешин дар рўи дастархони ифторӣ нишолло, ҳалво, меваҳои мавсимии хушки ширин гузошта мешуданд. Кош, мо ҳам ба асли худ баргардем.

Масъалаи дигаре, ки аз ҷониби баромадкунанда баррасӣ гардид, сафари Хонаи Худо буда, мавсуф онро аз ду ҷиҳат мусбӣ арзёбӣ кард, яъне хоҳишмандони сафари Ҳаҷҷи Акбар ва умра хеле зиёд шудаанд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътибори мардум ба дин афзун гаштааст ва инчунин бозгўи беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Аз сар задани воқеаҳои нохуш, масалан, гаравидани ҷавонон ба ҳизбҳои иртиҷоӣ, амалиёти террористии тоҷикбачаҳо дар дигар давлатҳо ў изҳори ташвиш намуд.

Қосим Охунниёзов - мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Роштқалъа аз номи бадахшониҳо кулли мардуми вилояти Суғдро бо фарорасии 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, аз боби ҳамовозии помириҳо дар раъйпурсии умумихалқӣ андеша ронда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзимро саривақтӣ номид. - Зеро, - қайд кард ў, - то қабули қонуни мазкур дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳам исрофкорӣ дида мешуд. Ҳоло дар Помир ҳам корҳои назаррас ба анҷом расида, тўю маъракаҳо дар чорчўбаи муқарраргардида доир шуда истодаанд.

Шарифзода Сафаралӣ-мудири шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Хатлон: - Боиси ифтихор аст, ки имрўз мо, намояндагони вилояти Хатлон дар ин даргоҳи муқаддаси сулҳу ваҳдат-офар, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне савганд ёд карда буданд, ки ба Тоҷикис-тон сулҳу салоҳ меоранд, қарор дорем. Дар баробари ба фазои кишвар ворид сохтани сулҳу ваҳдат Президенти мамлакат бо дарки масъулиятшиносии том ва ҳисси баланди миллатдўстию меҳанпарастӣ ҳалли дигар масоили рўзгор, баъди маслиҳату машварат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат намуд. Ва ин иқдоми наҷибу хайрхоҳона аз ҷониби аксарияти сокинони кишвар хуб пазируфта шуд.

«Риояи ҳатмӣ ва қатъии Қонун, - таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - дар амал татбиқ намудани тамоми муқаррароти он вазифаи шаҳрвандии ҳар фардест, ки миллат, давлат ва Ватани худро дўст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи мардуми он мебошад».

Мутаассифона, моддаҳои алоҳидаи қонуни танзими анъана ва расму оинҳо аз тарафи мардум ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда нашуда, онҳо ҳангоми гузаронидани маъракаҳои хеш дар иҷрои риояи қонун ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Масъулини вилояти Хатлон тамоми чораҳоро меандешанд, ки ин камбудиҳо бартараф карда шаванд.

Яке аз масъалаҳое, ки доғи ҷомеа гаштааст, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротист. Боиси таассуф аст, ки бархе ҷавонон имрўз вақти бештари худро сарфи корҳои нораво кардаанд. Дар вилояти Хатлон барои пешгирии ин гуна ҳолатҳо ва тарғибу ташвиқи хислатҳои ҳамидаи инсонию амали он барориши адабиётҳои гуногун ба роҳ монда шуда, амали он дар вилояти Суғд низ ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамчунин, пешниҳод доштам, ки таъсиси 2 воҳиди иловагии корӣ дар кори комиссияи танзими анъана, расму оинҳо маҳз барои пешгирии зуҳуроти номатлуб байни ҷавонону наврасон мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Масъулини танзими ҷашну маъракаҳоро мебояд, ки барои сарфакорона баргузор шудани тўю маъракаҳои мардум саҳмгузор бошанд.

Абдулафиз Ҳафизов-мудири шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Шаҳринав: - Яке аз дастовардҳои давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар қонунҳои амалкунанда қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳсуб меёбад. Солҳои зиёд оилаи тоҷик наметавонист, аз чанголи исрофкорӣ раҳоӣ ёбад ва маҷрои зиндагии худро нисбатан беҳтар ба роҳ монад. Мардум наметавонистанд, маъракаҳои худро бо дарназардошти имконияти молиявии худ гузаронанд. Маъракаҳо ба як намоишкорӣ табдил ёфта, мардуми камбизоат ноилоҷ гирифтани қарзро ҷоиз медонистанд. Нафароне, ки имконияти молиявӣ надоштанд, маҷбуран издивоҷи фарзандонашонро ба таъхир мегузоштанд ва ё пурра ба қарз «меғўтиданд». Қонун маъракаҳои, аз қабили ҷойгаштак, маросими ақди никоҳ, тўйбарон, оши наҳор, салом, падарбинон, маслиҳатошӣ, сабзирезакунӣ, бачабинон, барои маъракаҳои азодорӣ бегоҳи охир ва бистро аз байн бурд, ки хароҷоти беҳударо талаб мекарданд. Мардум минбаъд барои кушодани заминҳои нав, бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва ободии манзили зисти худ машғул шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва таълиму тарбияи фарзанд бештар таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи комиссияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва деҳот амалкунанда қайд кардан бамаврид аст, ки чунин комиссия дар ноҳияи Шаҳринав низ вуҷуд дошта, баробари пешравиҳо аз камбудӣ низ орӣ нест. Мавриди таваҷҷўҳ аст, ки кишварҳои ҳамсоя низ ба чунин қонун эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, барои амали он таклифу пешниҳодҳо ба ҳукумати маҳалли худ кардаанд.

Ҳамчунин Абдулазиз Ҳафизов таклифе ба миён оварда, чунин иброз дошт: «Вақти он расидааст, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба таълиму тарбияи кўдакону наврасон  эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, ба роҳ мондани сарфаю сариштакориро дар машғулиятҳои бе- руназсинфӣ ба инобат гиранд. Ҳамчунин, омўзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо аниқ кардани миқдори муайяни соатҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шавад».

Нарзуллои Маҳмадюсуф-мудири шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе миннат-дории худро ҷиҳати ташкили хуби пазироӣ ва намоиши ҳунарҳои миллии тоҷикона дар даромадгоҳи Қасри мўҳташаму таърихии «Арбоб» баён карда, изҳор дошт, ки ин қонун дар самти баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, сарфаю сариштакорӣ ва беҳбудбахшӣ ба шароити иқтисодӣ дарвоқеъ, саҳми назаррас гузоштааст. Бояд қайд кард, ки дар сурати асоснок кардани таклифу пешниҳодҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» онҳо санҷида шуда, тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонун ворид карда мешаванд. Барои ин шахси пешниҳодкунанда метавонад, таклифи худро ба таври хаттӣ ба мақомоти дахлдори назди маҳалли худ ирсол намояд ва дар сурати дида баромадан аз тарафи намояндагони Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он амалӣ карда мешавад.

Парвиз Хоҷаев ва Зокирхон Насруллоев, имом - хатибони ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Истаравшан  оид ба мавзўъ ба музокира баромада, андешаҳояшонро нисбат ба риояи қонуни мазкур ва пешниҳодоти худро бобати даровардани тағйиру иловаҳо баён карданд.

Мирзозода Азизулло Файз - муовини раиси Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки давоми фаъолияти қонун мардум тавонист, ба миқдори 7 миллиард сомонӣ маблағро пасандоз ва сарфи  эҳтиёҷоти хеш гардонад. Фурсати он расидааст, ки дар маросимҳои азодорӣ аз додани таом худдорӣ карда, танҳо бо қироати Қуръони карим ва дуо иктифо кунем. Қонуни мазкур, ки зодаи даврони Истиқлолият аст, мардумро ба парҳезгориву тақво, сарфаю сариштакорӣ даъват мекунад.

Ҳамчунин, Мирзозода Азизулло Файз гурўҳи кормандони кумита ва шўъбаву бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Деваштич, Кўҳистони Мастчоҳ, Конибодом, Ёвон, Рўдакӣ, Мурғоб, Фархор, Ҷайҳун, Қубодиён, Қўрғонтеппа,  А. Ҷомӣ ва дигарҳоро бо Ифтихорномаву, сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронид.

Дар интиҳои кори семинари ҷумҳуриявӣ аз ҷониби иштирокдорони он Муроҷиатнома қабул карда шуд.

Меҳмонону иштирокдорони семинар ҳамчунин аз маҳсули дастони эъҷозофари ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Худи ҳамон рўз сари дастархони ороста хатнасури 40 нафар кўдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятиму бепарастор гузаронда шуд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
Рафоат МЎЪМИНОВА,
Шоира САЛИМОВА,
Суратгир Инъомҷони Рабизод,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh