Бо амри дилу виҷдон

Нафаре бо номи мустаор нисбат ба донишҷўёни донишгоҳҳои олии вилояти Суғд, ки барои дастгирии баргузории Раъйпурсӣ, истиқболи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирода ва хоҳиши худ роҳпаймоӣ анҷом доданд, ҳарфи таҳқир ба забон оварда, таъна задааст, ки гўё донишгоҳҳо ба заводи лагандбардорӣ табдил ёфта, донишҷўи бавиҷдону ватандўст тарбия намекунанд.

Дар навбати аввал, муаллифи навишта худаш, агар донишҷў бошад, дараҷаи саводи худашро нишон додааст. Худ дар сатҳи ҳамин навиштааш савод дорад ва комилан аз имлои забони тоҷикӣ бехабар асту ҷои таҳсил ба ҳамин гуна корҳои беҳудаву ҳарзаргардиву ҳарзагўӣ машғул аст, аз нигоҳи худ ба вазъи кунунии донишгоҳҳо баҳо медиҳад. Ҳар нафар донишҷўе, ки сатҳи дониши кофӣ надорад, худаш дар фикри ҷустани ҳар роҳу воситаи дигар барои  гирифтани имтиҳону санҷишҳо мешавад, ҳол он ки Худоро шукр тайи чанд соли охир воқеан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба яке аз донишгоҳҳое табдил ёфтааст, ки сатҳи мавҷудияти ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили тамаъҷўӣ ва ришваситонӣ дар он ба мушоҳида намерасад ва инро пурсишҳои афкори худи донишҷўён муайян кардааст. Донишҷўён, ки тариқи маркази тестии донишгоҳ санҷишу имтиҳон месупоранд, худ мустақиман баробари анҷоми имтиҳон тариқи компутер баҳояшонро мегиранд. Муаллифи ҳамон навишта, ҳатто аз ҳамин ҷараёни нави қабули санҷишу имтиҳонот, ки дар тамоми донишгоҳҳои кишвар ҷорӣ шудааст, хабар надорад ва маълум аст, ки худ нафари фаъол нест ва суханони нафари дигарро ноогоҳона, ба хотири бад кардани низоми кунунии маорифи кишвар навиштааст.

Натиҷаи чунин пешравиҳост, ки ҳамасола сафи донишҷўёни босаводи донишгоҳ афзун гардида, дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ соҳиб мешаванд ва аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ қадршиносӣ мегарданд. Аз ин рў, ин донишҷўён, ки ба роҳпаймоӣ баромаданд, пеш аз ҳама, ҷавобан ба чунин ғамхориҳо, ки аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, бо амри дилу виҷдони худ амал карданд. Мо ифтихор мекунем, ки донишҷўёни ватандўсту масъулиятшинос пайваста меафзояд. Беҳтар мебуд, ки ҷои машғул шудан ба чунин корҳои номатлуб ва таънаҳои беҷою ғаразнок бо ҳамсолони худ пайи омўзишу дарсхонӣ мешудед (агар дар ҳақиқат донишҷў бошед). Ба Шумо тавсияи мо ҳамчун муаллим он аст, ки ин гуна рафтори ноҷоро, ки ҳамагӣ аз ноогоҳӣ ва кам хондан сарчашма мегирад, канор гузошта, ба такмили дониши худ машғул шавед.

Ҳамаи хонандагон аллакай огоҳ шуданд, ки то куҷо Шумо аз имлои забони тоҷикӣ хабар доред ва навиштаатон ҳам сатҳи донишатонро нишон медиҳад. Хуб мешуд, ба ҳамсолони фаъолу донишманди худ пайравӣ намоед.

Санавбар Мираҳмадова,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  

Add comment


Security code
Refresh