Хиёнати Муҳиддин Кабирӣ

 Дар ҳақиқат кўшишу амалҳои тахрибкоронаи афроде, ки дар либоси дифои ислом ва исломият ҳаргуна ормони инсондўстиро поймол ва ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллиро танг мекунанд, сазовор ба маҳкум шудан аст. Эътиқод ва имон ба кешу дин албатта амали муҳим ба ҳар як мусулмон аст. Аммо нишонаҳои ин эътиқодмандӣ ҳаргиз даст задан ба разолат, қатлу куштор ва хунрезӣ набуд. Дар тамоми арзу тўли таърихи миллат эътиқодмандӣ ба дини мубини Ислом дар пояи баланди маънавӣ ва рўҳонӣ қарор дошт, муслимин арзишҳои исломиро дар заминаи фарҳанги миллӣ ва бо сабру таҳаммул ва фазилату дониши мумтоз ҳифз намудаанд.

Кирдору амалҳои номатлуби Кабирӣ ва ҳамсафонаш, ки  имрўз дар либоси эътиқод ба Ислом ва Худо содир мегардад, ба кадом андешаву афкори баланду ҷаҳонсози Имоми Абўҳанифаи Аъзам, Имоми Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва даҳҳо шахсиятҳои номвари дигари ҷаҳонӣ, ки фарзандони бузургвори миллати тоҷику форсанд, созгорӣ дорад? Ин хиёнати маҳз аст ба халқу Ватан ва оромиву суботи он. Нагзорем, ки бо афкори ѓалат, ҷоҳилона ва кўр-кўрона фикри аҳли миллат, хоса насли ҷавонро заҳрогин ва фарзанди Инсонро қурбони ҷаҳолат гардонем. Ашхоси ба ном “сиёсатмадорони миллатдӯст” дар мисоли Кабирӣ  мақсадҳои маҳдуди ҳизбии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон болотар гузошта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро аз ҳолати мувозанати берун оранд. Шояд ин “сиёсатмадорони навтавлид” марги падару модар, бародару фарзанд ва кӯдаки навзод, саргардонии миллионҳо тоҷикро дар берун аз хоки Ватан ва сӯхтани шаҳру деҳоти Тоҷикистонро бо чашми худ надидаанд. Шояд баъзеи онҳо дидаанд, вале худро нодида мегиранд. Ин сиёсатмадорони навтавлид имрӯз иддао доранд, ки дар ҷомеа арзишҳои демократӣ ҷой дошта бошад. Бале, бояд ҷой дошта бошад, аммо биёед як бор аз онҳо бипурсем, ки куҷо буданд ба ном “қаҳрамонони дилсӯзӣ миллат”, ҳангоме, ки пайравони дирӯзаи онҳо садҳо, ҳазорҳо одамонро ба алангаи марг тела медоданд. Барои чӣ онҳо аққалан як бор аз худ намепурсанд, ки барои рушду нумӯъи Ватан чи хидмате карданд? Онҳо ба худ ҳеҷ гоҳ чунин савол намедиҳанд, зеро онҳо ба ғайр аз паҳн намудани исломи тундгаро дар ҷомеаи тоҷикон, танқиди Давлату Ҳукумат, кӯшиши паст задани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои Ватани хеш ҳеҷ хидмате накардаанд? Дигар ин, ки ислом эътиқод аст ва Қуръон китоби муқаддаси он буда, тамоми рукнҳои фароизи динӣ дар он муайян гаштааст. Ягон ҳизб, аз ҷумла ҲНИТ, ҳуқуқӣ таҳрифи Қуръони маҷидро надорад. Аз паёмбари ислом Муҳаммад (с) то ба мо расидааст, ки ислом ба ягон ҳизб мӯҳтоҷ нест. Вазифаи дин муборизаи сиёсӣ бо роҳи шӯрандозӣ ва иғво нест, балки рисолати он мустаҳкам кардани эътиқод ва тозагии ахлоқӣ ҷомеа мебошад. Дар Қуръон ҷабру зулми мусулмон ба бародари мусулмон, тундгароӣ, бунёдгароӣ, куштор, хиёнат ба Ватан - модар ва дигар падидаҳои номатлуб маҳкум карда мешавад. Суоле ба миён меояд, ки Кабирӣ ин арзишҳоро аз кадом манбаи динӣ пайдо кардаву бар кадом муқарраротӣ динӣ такя намудааст. Шояд ин арзишҳо аз супоришҳои “ҳоҷагони хориҷӣ”-и онҳо баромада бошад. Бояд сарварони ҲНИТ ба хубӣ дарк кунанд, ки мақсади ниҳоии ҳар муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба даст кашидан аз ҳуввияти миллии хеш ва қабули мафкураи дигар мебошад. .Ин роҳест инсонро ба парастиши ғояйи дигар, таърихи дигар ва фарҳанги дигар равона менамояд.

Иллоҳиётшиносони муосир таъкид менамоянд, ки ҳар он ашхосе, ки фарзҳои исломро иҷро менамояд мусалмон аст, вале ҷаноби Кабирӣ ва пайравони ӯ, яъне исломиёни сиёсӣ мехоҳанд, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати исломӣ бошад. Бояд фаҳмид, ки муколамаи дунявияту диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ифодагари сиёсати зиддидинии давлат нест, зеро давлати имрӯзаи Тоҷикистон барои ба ҷо овардани фарзҳои динӣ барои шаҳрвандонаш ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварда истодааст. Зиёда аз ин дин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи муосири тоҷикон эътироф гашта, рисолати он дар тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон, ба таври бояду шояд баҳогузори мешавад. Беш аз ҳазор сол шуд, ки аксари мардуми мусулмони тоҷик аз мазҳаби барҳақ ва ростини Имоми Аъзам Абуҳанифа пайравӣ намуда, дар ҳамзистии осоишта ба тамоми мардуми минтақа ба дастовардҳои зиёд соҳиб шуданд. Ҷавонони имрӯза ба хуби дарк намудаанд, ки роҳи фардои мо на ба сӯи ҷаҳолат, низоъҳои иҷтимоӣ, якдигарнофаҳмӣ ва бесару сомонист, балки роҳи пойдор намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу ризоият ва илму маърифат аст.

Афкору амалҳои Кабирӣ дар ин раванд хиёнати маҳз ба ҳамаи арзишҳои волои диниву мазҳабӣ ва миллист.

Сафаралӣ Атохӯҷаев,

номзади илмҳои таърих, сармуаллими кафедраи таърихи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh