Аз таърихи илми тоҷик

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар суст кун.

Дар ҳамаи давру замон илму дониш дастгиру раҳнамои инсон аст. Маҳз илму дониш аст, ки инсонро ба сарбаландиҳо мерасонад. Бузургон фармудаанд: “Умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? –Ба таҳсили улум.” Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷӯҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Имом Абӯҳанифа, Насириддини Тӯсӣ, Носири Хусрав, ,Умари Хайём ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хизматҳои бузург кардаанд. Онҳо дар асарҳои оламшумули хеш ҳамагонро ба омӯзиши илму дониш даъват намудаанд.

Оғози ташаккули илму фанро дар мулки Аҷам ба аҳди сосонӣ ва ҳатто то замони хилофати араб мансуб медонанд. Дар он замон фарҳангистони Гунди Шопур шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуда буд. Донишмандони ин маркази илмӣ энсиклопедияи сеҷилдаро таълиф намуда, дар соҳаи тиб, химия ва илмҳои дигар ба комёбиҳои бузург ноил шуда буданд. Дар тамаддуни асримиёнагии тоҷику форс дар қатори илмҳое, ки барои инкишофи онон шароити мусоиди таърихӣ буд, математика ва астрономия ба авҷи тараққиёт расида буд. Сардафтари алгебра олими барҷастаи аҷамӣ Муҳаммад Хоразмӣ (асри 9), ки худи номи илми риёзӣ аз унвони яке аз асарҳои ӯ “Китоб ул-ҷабр в-ал –муқобала” баромадааст. Аз транскрипсияи лотинии номи олим (алгоритмус) истилоҳи ҳозираи илмӣ алгоритм ба вуҷуд омадааст, ки аз мафҳумҳои асосии математикаи ҳисоббарори имрӯза мебошад.

Математикҳои машриқӣ ҳамчунин асосгузорони тригонометрия буданд, ки он илми мусалласот ном дошт. Муаррихон чунин мешуморанд, ки робитаи илмии Шарқу Ғарб асосан аз а.10 то а.13-14 идома дошт. Мутафаккирони аврупоӣ то худи а.16 бо “Шарқи исломӣ” алоқа доштанд ва аз осори машриқиён пайваста илҳом мегирифтанд.

Дар давраи аморати Бухоро анъанаи илмии халқи тоҷик қариб тамоман аз байн рафта буд. Дар мамлакат муассисаҳои илмӣ, кадрҳои илмӣ вуҷуд надоштанд, аксарияти кулли халқ бесавод буданд. Бинобар ин, илми имрӯзаро дар мамлакат қариб тамоман аз нав сар кардан лозим омад. Илм дар Тоҷикистони Советӣ ҳамчун илми советӣ инкишоф ёфт. Марҳилаи ибтидоии инкишофи илм дар Тоҷикистон бо давраи азнавсозии пуравҷи револютсионӣ дар як вақт рост омад, ки солҳои 1917-1924- ро фаро мегирад. Барои вусъати ояндаи корҳои илмӣ бо ташаббуси В.И.Ленин кушода шудани Университети Давлатии Осиёи Миёна аҳамияти бузург дошт. Дар марҳилаи дуюм ( солҳои 1924- 1932) як қатор экспедитсияҳои илмӣ ташкил карда шуданд, ки мақсади онҳо тадқиқи қувваҳои истеҳсолкунандаи республика буд. Ин экспедитсияҳо дар инкишофи илм дар Тоҷикистон роли бағоят муҳим бозиданд. Марҳилаи сеюм ( солҳои 1932- 1941) давраи байни дар Тоҷикистон ташкил карда шудани базаи Академияи фанҳои СССР ва ба филиали тоҷикистонии АФ СССР табдил ёфтани онро дар бар мегирад.

Дар давраи пеш аз ҷанг масъалаҳои кор карда баромадани грамматика ва китобҳои дарсии мактабӣ, аввал дар асоси графикаи лотинӣ ва баъд графикаи русӣ ба алфавити нав гузаштан ҳал карда шуда буданд. Илми адабиётшиносӣ низ дар ҳамин вақт инкишоф меёбад. Марҳилаи чорӯми сифатан нави таърихи илм дар Тоҷикистон ба филиали тоҷикистонии Академияи фанҳо табдил додани база (с.1941) буд, ки дар назди он се институти табиатшиносии илмӣ (геология, ботаника, зоология) ва як институти гуманитарӣ (таърих, забон ва адабиёт) барпо шуд. Бо вуҷуди душвориҳои замони ҷанг ба такмили муассисаҳои илмӣ мувофиқи талаботи хоҷагии халқи республика диққати калон дода мешуд. Дар соли 1944 дар назди филиал аспирантура кушода мешавад ва бо ҳамин мунтазам тайёр намудани кадрҳои илмӣ оғоз меёбад.

Дар соли 1948 Университети давлатии Тоҷикистон кушода мешавад, ки он базаи мустаҳками дар республика боз ҳам зиёдтар тайёр кардани кадрҳои илмӣ гардид. Марҳилаи панҷум бо таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14- апрели соли 1951 ташкил ёфтааст ва нахустин президенти он Садриддин Саидмуродович Айнӣ буд, пайваста аст. Баъди таъсис ёфтани Академияи илмҳо дар ҷумҳурӣ ба таъсис ва инкишофи базаи илми ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дода шуд. Пас аз таъсис ёфтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ дар пажӯҳишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ рӯ ба инкишоф оварданд. Баъди ин дар назди Академия муассисаҳои нави илмӣ- институти сейсмология (баъд институти сохтмони ба зилзилатобовар ва сейсмология), институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ба вуҷуд омаданд.

Муассисаҳои соҳаи гуманитарӣ низ васеъ шуданд: институти таърих, институти забон ва адабиёт, шӯъбаҳои фалсафа ва иқтисодиёт ташкил карда шуданд. Дар таъсиси Академияи илмҳо аллома Б.Ғафуров хизматҳои босазо кардаанд. Имрӯз равобити Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои ҷаҳонии илм, хусусан бо муассисаҳои илми Руссия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Австрия, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Аврупо ва дигар мамлакатҳо тақвият меёбад. Дар ташаккули илм дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми олимон Муҳаммад Осимӣ, Султон Умаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Ю.Исҳоқӣ, Илолов Мамадшо хеле бузург аст.

Академияи илмҳои Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Анҷумани байналмиллалии академияи улум, Анҷумани академияи улуми кишварҳои рӯ ба рушд ва Шӯрои байналмиллалии марказҳои илмӣ гардидааст. Алҳол Президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимов мебошад, ки барои рушду нумӯи илми тоҷик саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ҳеҷ неъмат шарифтар аз илм нест.

Қаюмова Мавзуна
Омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносии Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ

Add comment


Security code
Refresh