Пешвои арзанда

 

 

 

“Ҳар гоҳ ки арбоби дину дониш ва худовандони рою хирад бар ҳазрати подшоҳ тараддуд кунанд, ҳар рўз ғалабаи зан(н) дар суботи он давлат бештар шавад ва касрати осору иморат ба давоми он мамлакат зоҳиртар гардад”.
                                                                                      (аз ҳикмати Юнон)

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш ба дасти дигарон кишт.

Ин гуфтаи Аллома Иқболи Лоҳуриро имрўз дар тариқи мулкдории сарвари кишвар метавон ба рўшанӣ дарёфт. Барои худшиносиву худошиносии миллат, дар навиштани тақдири халқу миллат бо дасти хеш давлатдориву раиятпаноҳии пешво ё худ сарвари кишвар бағоят нақши муассир дорад.

Президенти имрўзаи Тоҷикистон дар тўли сарварии худ ҳамеша бад-он кўшидааст, то халқи тоҷик нахуст дар амну осоиш умр ба сар баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф бошад, тамоми имконият ва маҳорати мулкдории худро масраф сохтааст. Омўзиши таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҳеҷ давлату миллате бидуни сулҳу оромӣ ва субот ба ҳеҷ мақому мартабае ноил нагардидааст. Бо дарку фаҳми оқилонаи ин нукта сарвари давлат, муҳтарам Э. Раҳмон ҳанўз аз рўзҳои нахустини давлатдории хеш мақсад гузошта буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботро пойдор хохад кард ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан боз нагардад, осуда нахоҳад буд. Ҳар яки мо садои ҷонхароши барномаи «Хоки ватан»-ро, ки ҳамватанони моро аз ҳар гўшаву канори олам ба Ватан мехонд, дар ёд дорем. Хушбахтона, тоҷикони фирорӣ дубора ба Ватан баргаштанд ва сару сомони хешро дар меҳан ёфтанд.

Рўй овардан ба таърихи гузашта, дастовардҳои ниёгони худро шинохтан онро чун мероси гаронмоя ҳифз доштан, дўсту иттифоқ ва муттаҳид будан ва муҳимтар аз ҳама, фаромўш накардани ин нукта, ки тоҷикон мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданду мемонанд, аз маҳаки фаъолияти сарвари хирадпешаи мост. Маҳз, устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ки аз унсурҳои пойдорӣ ва бақои давлату миллат аст, моро рўз то рўз ба пеш мебарад. Сохтмони нақби Истиқлол, наздик шудани самти шимол ва ҷануби кишвар ва дар ин замина бо ҳам омадани мардуми тоҷик дар шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши муҳим хоҳанд дошт.

Имрўз рушди тамоми соҳаҳои фаъолияту зиндагӣ дар Тоҷикистон босуръат ба пеш меравад. Агар ба як худи Хуҷандшаҳрамон бингарем, мебинем, ки сохтмони биноҳои замонавӣ сол то сол ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза меафзоянд. Ин гуна босуръат пеш рафтани сохтмонро пештар дар мамолики хориҷа дида, моро ҳаваси бунёди чунин шаҳрҳо меомад. Амалӣ гардидани ин орзуву ҳавас далолат ба он мекунад, ки имрўз Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин аст. Ва моро ҷои он мемонад, ки дар ҳар чӣ бештару пештар аз пешрафт ва дастовардҳои мардуми сайёра бархурдор гардидани Тоҷикистон саҳмгузор бошем, қадри ин неъмат бидонем ва шукри неъмат ба ҷой орем.

Муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиноси ДДХ ба номи академик Б.Гафуров Қорихонов. С.О.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh