Президент- кафили сулҳ

 Сабақҳои талхе, ки халқи мо гирифт, бояд аз насл ба насл дар хотири миллатамон боқӣ бимонад. Ҳар кадоми мо , ки аз имтиҳони душвор гузаштем, таълимоти асили диниро аз идеалогияҳо ва пешвоёни онҳо, ки дар зери пардаи муқаддасоти инсонӣ- Исломӣ одамро аз ҳуқуқу озордиҳо маҳрум карданӣ мешаванд, ба осонӣ фарқ карда метавонем.

Дар ҷараёни фоҷиае, ки халқи мо аз сар гузаронд, мардум дарк намуд, ки ҷудоиандозӣ ва кӯшишҳои қувваҳои иғвогари пасипардагӣ,талошҳои тоҷикро ба асил ва ғайриасил, мусулмон ва номусулмон ҷудо кардан чӣ гуна бадбахтиҳо ба бор оварда метавонад. Конститутсияи мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр,демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намудааст. Сатҳи муқаддасоти ахлоқии халқи тоҷик басо баланд аст.Он на танҳо аз маънавиёти динӣ, балки аз мероси пурғановати фарҳангию таърихӣ сероб мегардад.

Бартараф намудани нуқсонҳо, амсоли нашъамандӣ, бадахлоқӣ, ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти манфиро мо дар роҳи солимгардонии ҷумлаи тазоҳуроти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва аз бӯҳрон ҳамчунин бӯҳрони маънавӣ раҳо ёфтани мамлакат мебинем.

Якдигарфаҳмӣ фаҳат замоне пойдору устувор шуда метавонад, ки шуури одамон аз ҳама гуна таассуби идеологӣ, динӣ ва хуруфотӣ озод бошад.

Бигузор одами диндор ба ақидаи худаш,гурӯҳҳои дигари сиёсӣ ба асосномаҳои худ вафодор бошанд, вале дигаронро маҷбур насозанд, ки ба ақидаи онҳо пайравӣ карда, зӯран ба сафи онҳо дароянд. Таърих гувоҳ аст, ки роҳи расидан ба истиқлолият ва худшиносӣ дар ягон давру замон безаҳмат ва ҳамвор набудааст. Тамаддуни Ислом низ худшиносиро инкор накарда, мӯъминро бародари мӯъмин хондааст ва таъкид кардааст, ки бародарон бояд дасти ҳамдигар гиранд, муҳаббату эҳтиром миёни онҳо афзояд ва ба душманию адоват ҷой намонад.

Парчами абадзиндаи давлати Сомониён ва ҷаҳду талошҳои бардавоми Исмоили Сомонӣ барои эҳёи суннатҳои миллӣ, ойинҳои деринаи давлатдорӣ, мутаҳидсозии қавму халқиятҳои парокандаи тоҷик ва поягузорӣ намудани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар аҳди соҳибқудратии хилофоти араб ва шукуфоии тамаддуни Исломӣ барои мо пандест ибратомӯз ва ҳидоятгар.

Ҳама чун як тан меҳнати ҳалол ва созандагию ободкорӣ намоем, то ки сатҳи зиндагии мардум имрӯз нисбат ба дирӯз ва фардо нисбат ба имрӯз беҳтар гардад. Ҳар кадоми мо сабру таҳаммулро пеша карда, ба фардои зиндагӣ ва пешомадҳои неки сарзамини хеш хушбин бошем, кинаву адоват ва бадхоҳиро аз дилҳои худ берун созем ва пайваста дар хотир дошта бошем, ки мо ҳама аҳли як Ватан, зодаву парвардаи як хок, яъне Тоҷикистони азиз ҳастем.

Ёкубова А., омузгори ДИС ДДТТ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh