Рисолати суруди миллӣ

Ҳар субҳу дили шаб, дар ҳар як мавриди мутантан, дар ҷашнвораҳо, дар иду маросимҳо ва дар 17 мавриди муқарраргардидаи Низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо савту танини мутантан, бо ифтихору сарфарозӣ Суруди Миллӣ бо матлаи қудсии «Диёри арҷманди мо…» ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол, ҳамчун нишони кишвари соҳибихтиёр, ҳамчун рукни муқаддаси миллӣ, ҳамчун муаррифномаи мамлакати мустақил, ҳамчун рукни муқаддасот ва ҳамчун ифтихору эътибори тоҷикистониён танинандоз гардида, башорат аз нияту ормонҳои халқу миллат ва диёри кўҳсорон – Тоҷикистони азиз ба тамоми ҷаҳону ҷаҳониён мерасонад.

Бале, Суруди Миллӣ ин ифтихору эътибори миллат ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ буда, дар моддаи 3 Сарқонуни мамлакат омадааст, ки «Рамз-ҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Дар банди аввали Низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавзеҳи зерин зикр шудааст, ки «Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дўстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.

Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст». Дар қаламрави ҷаҳон ҳар як давлат Суруди Миллии худро, яъне Гимни худро (гимн – юн.қ. – суруди мутантан, ботантанае, ки касе ва ё чизеро ҳамду сано мекунад) доро аст.

Сарчашмаҳои таърихӣ маълум месозанд, гимн-ҳо нисбат ба Нишон ва Парчам барвақттар пайдо шудаанд. Гимнҳои қадимтарин дар давлатҳои Миср, Байнаннаҳрайн, Сурия дар шакли сурудаҳои динӣ - ибодатӣ эҷод шуда, бори аввал дар шакли хониши оҳангдору мутантан дар Юнони бостонӣ ҷорӣ гардидааст. Аввалин шуарое, ки гимн навиштаанд, Гомер, Анакреонт ва Пиндар мебошанд, ки дар асрҳои 4 - 5 то милод зиндагӣ кардаанд.

Таърихи пайдоиши Суруди Миллӣ бошад, ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ таърихи на чандон тўлонӣ дорад. Яке аз аввалин Суруди Миллии тарвиҷгардида дар Аврупо ин гимни миллии Британия – «Худовандо, шоҳро дар паноҳат дор!» («God save our Lord the King») мебошад. Аҷибаш дар он аст, ки суруди мазкур ҳамчун суруди расмии давлатӣ (онро на шоҳ ва на парлумон тибқи қонун тасдиқ накардаанд) маҳсуб намеёбад. Минбаъд дар Аврупо муқаллидона ба ин суруд - Суруди Миллии давлатҳои дигар низ арзи вуҷуд намудаанд ва дар давраҳои гуногун аз тарафи мақомотҳои олии кишварҳо, сониян расман ба тасвиб расидаанд. Боиси тазаккур аст, ки ҳамаи онҳо ба оҳанги гимни британӣ сароида мешуданд. Аз қабили, гимни русӣ - «Худоё, подшоҳро дар амон дор!» («Боже, Царя храни!»), гимни империяи Олмон – «Heil dir im Siegerkranz» («Славься ты в венце победном» -«Шўҳратёр бош, бо тоҷи зафар») , швейтсарӣ – «Rufst dumein Vaterland» («Шумо давлати маро ном мегиред»), амрикоӣ – «Барои ту, давлати ман» («My Country, 'This of Thee») то соли 1931, пас аз он расман - The Star-Spangled Banner («Знамя, усыпанное звёздами» - «Парчами ситораборон шуда») ва монанди ин. Бояд зикр кард, ки то ҳол ба оҳанги гимни британӣ бархе аз Сурудҳои Миллии мамолики Аврупо, албатта бо матнҳои дигар садо медиҳанд.

Суруди миллӣ ва ё Гимни Тоҷикистон дар шакли расмӣ низ мисли дигар гимнҳои давлатҳо таърихи на он қадар тўлонӣ дорад. Нахустин Гимни давлатии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1946 (дар баъзе қайдҳо соли 1944,1945, маҳсули қалами устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) қабул гардид ва дафъаи дуюм бошад, бо Укази Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1977 дар таҳрири нав бо матни шоири инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги С.Юдаков тасдиқ гардида, аз 1 феврали соли 1978 то соли 1994 амал мекунад.

Чу дасти рус мадад намуд,
бародарии халқи совет устувор шуд,
ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд.
Гузаштаҳои пурифтихори мо
ба ҷилва омаданду дар диёри мо, диёри мо
Мустақил давлати тоҷикон барқарор шуд…

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод ва зарурати таълифи матни Гимни давлатӣ – Суруди Миллӣ ба миён омад. Хушбахтона, 7 сентябри соли 1994 аз тарафи Шўрои Олӣ дар иҷлосияи 19-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз ҳамин давра Суруди миллӣ бо матни Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков (оҳанг аз Гимни давлатии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон гирифта шудааст) дар фазои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол танинандоз аст. Дар боби 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, тартиб ва мавридҳои иҷро гардидани онро муқаррар кардааст.

Мутобиқи талаботи қонунгузории зикргардида ҳангоми садо додани Суруди Миллӣ ҳозирин бояд аз ҷой бархеста, рост истанд. Суруди Миллӣ баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми оғозу анҷоми ҷаласаҳои сатҳи давлативу ҳукуматӣ, ҷашнҳое, ки иди умумихалқӣ эълон шудаанд, оғозу анҷоми барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, сарфароз гардондан бо мукофотҳои давлатӣ, истиқбол ва гусели сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ташрифи расмӣ доранд, баргузории маросимҳои ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва маросимҳои дигари тантанавӣ садо медиҳад. Барои таҳқири рамзҳои давлатӣ мувофиқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар Суруди Миллӣ дар ибтидо эҳсосу ниёишҳо, ормонҳои халқ бо арзи сипосу ихлоси самимона, бо ҳисси волои ватанпарварӣ ва ватандўстии «Диёри арҷманди мо…» зуҳур намуда, башорати нишонаи ниёгони бузургвор доштан, ҷаҳони ҷовидона будан, азалӣ ва абадӣ будан, арзишу манзалати давлатдорӣ дар иқрори муҳаббати устувори садоқатмандона дар мавриди «Ту модарӣ, ягонаӣ…» сабту собит гардида, ин ҳама омезишу тобиши ҳастибахши дарку идроки баланди ватандориро танинандоз менамояд. Мутантану ифтихормандона бо садову савти зиндагисозу зиндагибахш ва ҳидоятгару иноятбахшона садо медиҳад.

Ман ҳам, мисли ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, чун як фарзанди дўстдору дилбанди ин Ватани маҳбубу озод Суруди Миллии давлати безаволамро дўст медорам ва бо ифтихор онро сарфарозу сарбаланд бо забони шевотарину ширинтарини дунё – тоҷикона бо шавқу завқи нотакрори ватандорӣ месароям.

Вазну оҳанги Суруди Миллии мо хоса аст. Он вазну тамкини кўҳсорони сарбаланд, водиҳои зархез, таронаҳои дилошўби рўдҳои пурталотуми кўҳӣ, суботу матонати мардуми тоҷикро дорост. Агар ба вазни арўз онро иёрбандӣ намоем, пас равшан мешавад, ки он дар баҳри ҳазаҷи мусаммани мақбузи музол, дар каму зиёдшавии зиҳофоти ин баҳр (рукнаш: мафоилун: У-У-) навишта шуда, салобати махсуси маониро ба матн бахшида, бузургии онро муҷассамтар ва рўшантар месозад:

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

Хушбахтона, ба банда муяссар гардидааст, ки бо муаллифи матни Суруди Миллӣ шахсан вохўрда, ҳамсўҳбат шавам. Ба ёдам ҳаст, Наврўзи Аҷамро дар шаҳраки нақбканҳо - Адрасмон соли 2007 бошукўҳ таҷлил менамудем. Ба ҳайси сарвари маркази матбуоти раиси шаҳр ва сармуҳаррири рўзномаи «Соҳил» дар он бо ҳамроҳии устоди гиромӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ иштирок доштам. Вақте ровии тантанаҳои идона номи устод Гулназарро ба забон гирифт ҳамагон – иштирокдорони ҷашн, ки беш аз се ҳазор дар майдони варзишӣ ҳозир буданд, хурду калон якбора аз ҷой бархоста, як муддати тўлонӣ гарму ҷўшон чапакзанӣ намуданд. Фазои идона ба хаёлам пуршукўҳтар гардид дар он лаҳза. Зеро ҳамагон хуб дарк менамуданд, ки ҳоло муаллифи Суруди Миллӣ дар наздашон сухангўӣ менамояд. Ин як нишонаи барҷастаи арҷгузорӣ ва ифтихормандӣ аз Суруди Миллии давлати соҳибистиқлоли худ буд…

Бале, Суруди Миллиро бо фахру ифтихор мехонам, азизу гиромӣ медорам. Суруди Миллӣ, воқеан рўҳи маро болида месозад, эҳсоси маро меангезад, ба ман дармону имон мебахшад, маро устувору матиниродатар менамояд, ормони маро таҷалло медорад ва маро арши боло мебарад…

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.

Албатта, мақсуд аз навиштани ин сатрҳо таҳлил ва ё таҷзияи адабиву нақдӣ нест, балки ифшои эҳсоси муҳаббати самимона, ҷавонмардона ва дилбандона ба яке аз рамзҳои давлатии Ватани азизам – Тоҷикистони муқаддасам – Суруди Миллӣ мебошад.

Суруди Миллии мо рисолати худро ҳамчун рамзи шоистаи давлати соҳибистиқлоли мо дар тўли 20 сол бо сарфарозӣ ба ҷо оварда, тарвиҷгари ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллии мо ҳамчун башоратнома ва муаррифгари миллату давлати «Тоҷикистони озоди ман» мебошад.

Мегўянд, ки соли 2006 дар маркази шаҳри Грознийи Русия беш аз 60 ҳазор нафар дасти ҳам гирифта Гимни Русияро якҷоя дар як вақт иҷро намуданд. Ман ҳам аминам, ки рўзи 7 сентябри соли равон қариб ҳашт миллион тоҷику тоҷикистонӣ бо як эҳсоси баланди ватандорӣ дар рўзи ҷашни 20-солагии қабули Суруди Миллӣ бо сарбаландӣ, бо сарфарозӣ онро аз дилу ҷон мутантан замзама хоҳем кард!

Бале, аввалин, ширинтарин, меҳрубонтарин ва маҳбубтарин суруд агар суруди аллаи модар бошад, пас Суруди Миллӣ низ дар ин мақому дараҷа барои инсон азизтарин, муқаддастарин ва гиромитарин суруд мебошад. Пас моро воҷиб ва зарур аст, ки онро арҷгузорӣ ва азиздорӣ намоем. Ҳар гаҳе ки Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз мегардад, бо салобат аз ҷой бархезем ва даст бо тавозўву тамкин ба рўи сина гузошта, бо тафохур, бо самимият аз дилу ҷон онро сароем:

Диёри арҷманди мо…

Илҳом РАҲИМ,
адиб, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh