Мақсад: таъмини пояи устувори ҷомеа
- Details
- Published on Monday, 02 December 2024 15:52
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ва арзишҳои баланди инсонӣ мебошад. Алҳол дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ масъалаи мазкур мавриди назар қарор дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ, хосатан дар донишгоҳҳо доири маърифати ҳуқуқӣ, ташкили мавзуъҳои марбут ба он, тарғиби маърифати ҳуқуқӣ дар факултаҳо ва дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ семинару корҳои тарғиботию ташвиқотӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бобат суҳбате доштем бо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан. Инак, фишурдаи он мусоҳиба:
- Муҳтарам Ҳомид Ҳошимзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш соли 2024 - умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд.
Андешаи Шумо оид ба ин пешниҳод.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 масъалаҳои гуногун, аз ҷумла дар мавзуъҳои сиёсиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҷавонону занон, таълиму тарбия, мудофиаи мамлакат, сиёсати хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, тақвият бахшидани нерӯи инсонӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар бахши таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар Паём такмили қонунгузорӣ ва таъмини ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат будани он, таъмини волоияти қонун, дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва масъалаҳои дигари ҳуқуқиро таҳлил намуданд.
Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан аввалан аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, тарғибу ташвиқи рафтори ҳуқуқӣ диққати асосӣ медиҳанд. Бо чунин эълон тамоми мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ва дигар қишрҳои ҷомеа ба анҷом додани чорабиниҳои самаранок дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ даъват карда шуданд.
Мақсади соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмини волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкили механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
- Ба фикри Шумо зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар чист?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Конститутсия дар раванди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим дошта, қонунҳо ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Шахсе ҳуқуқҳои худро ҳимоя ва уҳдадориҳои худро иҷро менамояд, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошад. Бидуни сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини низому тартибот, ташаккули фарди комилу ватандӯст ва бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати асосӣ дода, пайваста табдирҳои созандаро анҷом медиҳанд.
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои ҳуқуқии гуногун, аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми апрели соли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-уми августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6-уми феврали соли 2018, №1005, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31-уми декабри соли 2023, № 668, қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қабули ду санади муҳиму стратегӣ дар ин самт дар соли 2022 — «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷумлаи тадбирҳои бамавриду манфиатовар ва дархури ниёзҳои ҷамъияти кунунии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешаванд.
- Баъди эълон гардидани Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” Фармони Президенти мамлакат низ ба тасвиб расид. Мақсад аз баррасии фармон баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои баланди ҳуқуқӣ мебошад. Вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар донишгоҳ чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
- Ба муносибати соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидан дар боргоҳи маърифатии мо дар се самт - илм, таълим ва тарбия ҳанӯз аз оғози сол то инҷониб тадбирҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, конференсияҳои илмию амалӣ, мулоқоту вохўриҳо бо ҷалби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон, сиёсатшиносон, адибон ва дар доираи ҳафтаи кафедраҳо дарсҳои кушод, маҳфили илмӣ, семинари илмӣ – назариявӣ ва чорабиниҳои тарбиявии варзишӣ баргузор гардиданд, ки натиҷаи онҳо дар сомона мунтазам интишор мешаванд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди ҳафтуми нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бахшида шудааст, рўйхати китоб, мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавии устодони донишгоҳро барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, ҳамин сол як нафар рисолаи докторӣ ва ҳафт нафар омўзгори факултети ҳуқуқшиносӣ рисолаи номзадиро ҳимоя намуданд. Конференсияҳо ва мизи мудаввар оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардиданд. Дар донишгоҳ клиникаи ҳуқуқӣ оид ба расонидани маслиҳати ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Озмуни вилоятии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” баргузор шуд, ки дар он донишҷӯи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ К. Бӯриев сазовори ҷойи аввал гардид. Бо иштироки 280 нафар донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун аз ҳамаи факултет дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ – асос барои риояи қонун» озмуни эссеи беҳтарин баргузор гардид. Дар китобхонаи илмии донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ” доир шуд. Дар донишгоҳ маҳфили илмии донишҷуён бо номи «Давлатшинос» низ ба ҳамин санаи муҳим бахшида шудааст, ки он аз оғози сол амал менамояд. Ҳамчунин доири ҳамин мавзуъ бо воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
- Аз нигоҳи Шумо, чун роҳбари донишгоҳ, назари донишҷўён - ҷавонон ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чӣ гуна аст?
- Албатта чӣ ташаббусе, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ ва донишҷўён боиси хушнудӣ ва заминаи нави фаъолияти ояндабинона ва рушддиҳандаи худ, ҷомеа ва давлат қабул ва мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Донишҷўён яке аз қувваҳои зеҳнии ояндадори мамлакатамон буда, барои талқини ҳадафҳои ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми хосаро касб намудаанд. Бо ин назардошт, аз ҷониби донишҷўён оид ба баланд бардоштани маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолии мамлакатамон мақолаҳои илмӣ - оммавӣ ва маводҳои тарғиботӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ рўӣ чоп оварда мешаванд, ки ҳолати мазкур дар ин ҷода ташаббускории онҳоро ифода менамояд.
- Нисбат ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, хосатан донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ чӣ чораву тадбирҳо андешида шудаанд?
- Барои боз ҳам ҷоннок намудани сатҳи дониши ҳуқуқии донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар баробари гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, мизҳои мудаввар, ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳои гуногунсатҳ, ҳамзамон маводҳои тарғиботию таълимӣ низ рўи чоп оварда мешаванд, ки чунин амал барои баланд бардоштани шуур ва маърифати ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Аз ҷониби устодони донишгоҳ зиёда аз сад китоби дарсӣ, маводҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ нашр гардиданд. Аз он ҷумла, дастурамали таълимии “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ”, мақолаҳои “Меъёрҳои конститутсионӣ дар таъмини ҷавобгарии маданӣ ва ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии озодии сухан ва иттилоот дар Тоҷикистон”, “Асосҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ҳангоми ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мурофиаи ҷиноятӣ”, “Асосҳои коститутсионӣ-ҳуқуқии уҳдадорӣ дар натиҷаи расонидани зарар ба замин”, “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ” ва ғайра дар маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи рушди ҳуқуқи инсон ва давлатдории миллӣ” ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба нашр расид.
Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ бо иштироки судяи Суди шаҳри Хуҷанд М. Рустамзода ва айбдоркунандаи давлатӣ Б. Нозимзода суди сайёр баргузор гардид. Инчунин дар байни донишҷӯён озмуни маърифатӣ ва интерактивии «Ҳуқуқдони беҳтарин» доир шуд ва ғолиби озмуни донишгоҳӣ – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Бобоҷон Бониёззода дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳуқуқдони беҳтарин» сазовори ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардид.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ барои ҷомеа нақши асосӣ дошта, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя ва иҷрои қонун, афзалияти инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва таъмини манфиатҳои оммавиро тақозо дорад. Дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён, аз ҷумла муҳаққиқони ҳуқуқшинос ва шаҳрвандонро зарур аст, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.
- Ташаккур барои суҳбат.
Суҳбаторо Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”