Мубориза бо зуҳуроти номатлуб зарур аст
- Details
- Published on Thursday, 05 December 2024 07:47
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризм ва экстремизм ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, сулҳу осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи СММ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамроҳ шуда, дар як муддати кӯтоҳ қонунгузории дохилии кишварро ба низом дароварда, қонунҳои миллиро қабул карда, онҳоро мавриди амал қарор додааст.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси
афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳое аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.
Имрӯз ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаи мубориза бо ифротгароиро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоангези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.
Раҳматҷон РАҶАБОВ,
ҳуқуқшиноси ҶДММ
“Анқо Инвест”