Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гач»-ро ба истифода доданд
- Details
- Published on Thursday, 07 November 2024 09:16
7 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гач»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шералӣ Файзализода дар муддати бештар аз як сол бунёд гардид.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гачкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст.
Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гачкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоёни дастгирӣ номиданд. Дастур дода шуд, ки зимни фаъолият ба ҳаҷми истеҳсолот ва сифату рақобатпазирии маҳсулот таваҷҷуҳи хоса равона карда шуда, маҳсулот бо назардошти талаботи бозор истеҳсол гардад ва риояи меъёрҳои содироти мол ба хориҷа дар мадди назар қарор дода шавад.
Корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2021-2026 “Солҳои рушди саноат” дар Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Гачкартон бо ҳаҷму андозаҳои гуногун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта ва хатҳои технологии замонавӣ истеҳсол карда мешавад. Хатҳои технологие, ки дар корхона насб шудаст, навтарин дониста мешавад ва дар онҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ таъйиноти асосии фаъолияти корхона арзёзбӣ карда шуд.
Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ки дар он мутахассисони касбӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки 70% -и маҳсулоти корхона аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо истифода аз конҳои амалкунандаи атрофи ноҳия бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона 2 намуд гачкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ барои девор ва сақф истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулот барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи иншооти гуногун истифода мегардад. Дар марҳилаҳои баъдӣ тасмим аст, ки истеҳсоли гачкартонҳои ба намӣ ва гармӣ тобовар низ дар ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.
ҶДММ “Файзи гач” аз зумраи корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ дар ноҳияи Ёвон буда, аз соли 2014 амал мекунад. Дар ин муддат корхона истеҳсоли 27 номгӯйи маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монда, дар бозор мақоми худро пайдо кардааст.
Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли густурдаи ғуррагачҳои берунаву даруна, ғуррагачҳо барои сақф ва ороишии берунаи бинову иншоот, барои корҳои гачкорӣ, ширешҳои тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовари дарун ва беруни бино, рангҳои эмулсионии шусташавандаву ба намӣ тобовар, профил ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Корхона дар масоҳати 2,7 гектар ҷойгир шудааст, ки бештар аз 1,5 гектари онро боғи дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳад. Дар умум атрофи корхона бо назардошти таъйиноти саноатӣ доштани он сабзу хуррам гардонида шудааст, ки ин раванд ба беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат мекунад.
Инчунин ширкати “Файзи гач” дар пайгирӣ аз иқдомҳои созандагии роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар амалисозии ташаббусҳои бунёдкорӣ бобати истиқболи шоиста аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳиссагузорӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии кишвар арзи сипос карда, дастур доданд, ки ба масъалаи омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар хориҷа таваҷҷуҳ зоҳир карда, ташаббусҳои созандагиву иҷтимоиро вусъат бахшад.