Қутбнамои миллат
- Details
- Published on Thursday, 07 November 2024 15:50
Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумӣ қабул гардид, ки он бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик мебошад ва имсол ба қабули он 30 сол пур мешавад.
Ин санади тақдирсоз аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон эълон шуд.
Дар татбиқи ин меъёри конститутсионӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса дода, дар ин бобат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.
Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби халқи Тоҷикистон эҷод ва қабул гардидани он яке аз дастовардҳои бузурги халқи Тоҷикистон буда, мақсаду марому қабулшавии Конститутсия дар муқаддимаи он дарҷ ёфтааст.
Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷассумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлат аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурўҳҳои гуногуни ҷомеа ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.
Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон аст. Дар Констититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ, муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, эътибори олии Конститутсия дар низоми ҳуқуқии кишвар, моликияти истисноии давлат ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънавӣ ифодаи қонунии худро пайдо намудаанд. Аз ин рў, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон азму ирода ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум намудааст. Тибқи Конститутсияи Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар асоси он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии яккаҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид. Конститутсия имкон доштани инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуд.
Конститутсия ғояҳоеро мустаҳкам менамояд, ки онҳо таҷассумкунандаи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва татбиқкунандаи мақсад, вазифа ва сиёсати давлат аст. Қабули саривақтии конститутсияи кишвар ва мутобиқ сохтани он ба талаботи замон кафолати зарурии инкишофи таърихӣ, нишонаи рушди ҳуқуқ аст.
Аз ин рӯ, Конститутсия ва меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Тоҷикистон, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.
Маҳз дар ин ҷода Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин қайд намудаанд: «Давлати соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро тавассути Конститутсия ба роҳ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии худро доро буда, дар он конститутсия мавқеи асосиро ишғол намуда, ба ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ таъсир мерасонад».
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб гардидааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор ҳастанд, зеро он аз ҷониби олимон, коршиносон, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои Конститутсияи демократии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз буда, он аз марҳалаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд.
Ин хусусияти хос, умуман, ба ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад.
Дар ҳақиқат Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлат ба шумор меравад, дигар санадҳои зерқонунӣ дар асоси он қабул мешавад ва ин қонуни мазкур муносибатҳои муҳими давлату ҷамъиятро ба танзим медарорад. Вазифаи Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки вай заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи зинаи ояндаи ҷамъиятро муайян менамояд.
Меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, дар худ падидаҳои конститутсиониро ба мисли баробарҳуқуқии инсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии шахсият, соҳибихтиёрии халқ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва принсипҳои инсондустӣ, дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро таҷассум менамояд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ диққати махсус дода шудааст, зеро иҷтимоиёт чун ченаки устуворӣ ва пойдории давлат эътироф шуда, он дар пешгирӣ кардани беадолатиҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, дар мустаҳкамшавии қонуният ва пойдории адолат хизмат мекунад.
Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст.
Халқи Тоҷикистон Конститутсияи хешро қабул намуда, дар пурра амалӣ гаштани он масъул ва вазифадор аст. Амалӣ гаштани Конститутсия ва меъёрҳои он аз меҳнати ҳамарўза ва пурсамари шаҳрвандон, масъулиятшиносӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори созандагиву ободонии кишвар ва дарки ҳимояи музаффарияти соҳибистиқлолӣ вобастагии калон дорад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он истиқлоли давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосӣ тақвият бахшида, заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир муқаррар намудааст.
Маҳз бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, бо ин Конститутсия навовариҳо дар тамоми самтҳои давлатдорӣ ворид шуд.
Дар вақти таҳияи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модар ва тарбияи фарзандон диққати махсус дода шудааст. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Илова бар ин масъулияти падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар ба низоми муайяни хуқуқӣ дароварда шуд.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳнамое барои имрӯзу фардои давлату миллат мебошад.
Барно АБДУҒАФФОРОВА,
“Ҳақиқати Суғд”