Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд
- Details
- Published on Thursday, 10 October 2024 18:16
10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки мо ҳамкории парлумониро бахши муҳими саъю кӯшиши муштарак барои рушди тамоми доираи муносибатҳои байнидавлатиамон мешуморем.
Мавзӯъҳои асосии суҳбат масоили дорои хусусияти башардӯстона, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, илму техника, ҳамчунин, танзими муҳоҷирати корӣ буд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши дуҷонибаи мол шудааст.
Изҳори итминон карда шуд, ки муколамаи кунунии роҳбарият ва аъзои ниҳодҳои парлумонии ду кишвар дар Душанбе барои пешбурд ва таҳкими рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ хидмат хоҳад кард.