Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
- Details
- Published on Tuesday, 08 October 2024 08:57
7 октябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Масъалаҳои бунёди иншооти ҷашнӣ ва омодагиҳо ба идҳои милливу давлатӣ, ҷараёни ҷамъоварии пахта, гузаронидани Шўрои шаҳрсозии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар машварат баррасӣ шуд. Зимни баррасии масъалаи якум ба раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо барои густариши корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва корхонаҳои саноатӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта таъкид карда шуд, ки ҳамарўза беш аз 50 ҳазор саҳмдорону ёрдамчиён ба саҳро баромада, наздик 3,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 26 дарсад иҷро гардида, ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.
Раиси вилоят ба роҳбарони навоҳии пахтакор ва Сарраёсати кишоварзии вилоят барои ҷалби бештари ҳашарчиён, пурраву беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, ҳавасманд кардани чинакчиён, қабулу коркарди пахта дастур дода, илова намуд, ки бо назардошти мавҷудияти имкониятҳо бояд нақшаи истеҳсоли пахта барзиёд иҷро карда шавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати ба таври мунтазам гузаронидани Шўрои шаҳрсозии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, иҷрои нақшаи андозҳо, нақшаи даъвати ҳарбӣ, бунёди боғу токзор, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, коркарди пурраи пахтаи истеҳсолшаванда, таъмини рушди моҳипарварӣ, шудгори саривақтии заминҳо, гузаронидани кишти тирамоҳӣ, захираи дусолаи маводи озуқаворӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, мумфарш кардани роҳҳои дохилӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастҷамъона меҳнат карда, барои таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд