ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ МАРДОНАГИСТ!

Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар - Ватаншоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 Санаи 3 - юми октябри соли равон дар Амфитеатри Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ қайд кард, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд. Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

 Ҳамчунин Раиси вилоят таъкид карданд, ки бо гусели нахустини даъватшавандагон чанде аз шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла Шаҳристон, Ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, Ориён, Ошобаи ноҳияи Ашт, Ѓончӣ Яхтанги ноҳияи Деваштич, Адрасмон, Сирдарё, Навгарзани шаҳри Гулистон, Зарҳалол, Сабристон, Ниҷонии шаҳри Истаравшан, Ворух, Лаккон, Чоркўҳ, Шуроби шаҳри Исфара, Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Амондара, Саразм, Шинги шаҳри Панҷакент, Сарбанд, Хурррамини ноҳияи Спитамен ва Ҳаёти Нав, Гулхона, Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ўҳдаи иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбаландӣ баромаданд.

 Ҳамчунин комиссари ҳарбии вилояти Суғд Умед Солизода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои давлатдории навини тоҷикон буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани дӯстиву рафоқат дар байни намояндагони халқҳои гуногунмиллати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар сафҳои он ҷавонон адои хизмат менамоянд, ба як қувваи боэътимод, сипари сулҳу субот ва кафили зиндагии осоиштаи мардум табдил ёфтааст.  

 Ҷоиз ба қайд аст, ки рӯҳияи ҷавонони даъватшаванда идона буда, ҳар яке аз сулҳу якпорчагии Ватану меҳани худ ҳарф мезад ва сарфароз аз он буд, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида истодааст.

 СиёвушОдиназода – даъватшаванда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ:

 - Пас аз хатми донишгоҳи олӣ дар назди худ мақсад гузоштам, ки муддати як сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намоям. Шукронаи онро дорам, ки дар кишвар сулҳу субот, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ҳукмфармост ва дар ин фазои солиму обод баробари ҷавонони бонангу номус пайваст шуда хизмат мекунам. Ман ифтихор мекунам, ки имрӯз дар қатори ҷавонони шуҷоъ, ки барои иҷрои қарзи фарзандии худ яъне ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуда истодаам, қарор дорам. Аз номи тамоми ҷавонон ваъда медиҳам, ки содиқона ба ватани худ хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми ватанам ҷони худро дареғ намедорам. Тасмим дорам пас аз адои хизмат ба Ватан аз рӯи ихтисос кору фаъолият намоям.   

 Далер Ҳусейнзода – даъватшаванда, хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода:

 - Бо шавқу рағбати зиёд бо хоҳиши худ тасмим гирифтам дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намоям. Ҳар ҷое Ватан даъват созад ҳамон ҷо хизмат хоҳам кард, зеро дар назди Ватан – Модар ҳар яки мо ҷавонон қарздорем. Аз фурсати мусоид истифода намуда, ба ҳамаи ҷавонони зодаи даврони Истиқлолият гуфтаниам, ки бояд сарбаландона адои хизмат намоем ва хоки Ватанро аз душман ҳифз намоем. Банда аз рӯи ихтисоси  тарҷумон донишгоҳро хатм кардам ва пас аз адои хизмат барои насли нав забони хориҷиро хоҳам омӯзонд.

 МаъруфКенҷаев – даъватшаванда, хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:

  - Мо ҷавонон бояд ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро нерӯи пешбарандаи кишвар гуфтаанд, сазовор гардида, намегузорам, ки осудагиву оромии кишвари азизамро касе халалдор созад. Хизмат дар сафҳои қувваҳои кишвар на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад. 

 Дар чорабинии тантанавии гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои муталлаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баробари даъватшавандагон падару модарон, хоҳарону бародарони даъватшавандагон низ иштирок доштанд. Онҳо низ зимни суханронӣ аз ҷасуриву далерӣ ва ҳушрёии ҷавонони синни даъватӣ гуфтанд ва онҳоро барои хизмати софдилона талқин намуданд.

 Сайёра Миршарифова модари даъватшаванда: 

 - Сарфароз аз он ҳастам, ки чунин фарзанди содиқи Ватанро ба воя расонидам, зеро пас аз хатми донишгоҳ фарзанди сеюмам тасмим гирифт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст шуда, дар назди Ватан қарзи шаҳрвандии худро адо намояд. Ман ҳамчун зан – модар падару модаронро даъват мекунам, ки аз даврони тифлии кӯдак бояд меҳанпарастию ватандӯстиро дар қалби фарзандони худро ҷой диҳанд ва аз корнамоиҳои падарону бобоёни худ бештар нақл кунанд, зеро ин ҳама ободиву осудагӣ ва сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст.

 Мирзошариф Мирзоахмедов падари даъватшаванда:

 - Вақте сухан дар бораи хизмат ба Ватан меравад беихтиёр дар пеши чашмонам даврони хизмати худ падидор мешавад. Гузаштагони мо, падару бобоён, додару бародарони мо хизмат кардаанд ва фарзандони мо низ имрӯз хизмат кунанд. Хизмат ба Ватан ин пеш аз ҳама ба қадри заҳмати шабонарӯзии падару модар расидан аст, зеро маҳз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дарси мардонагиву хештаншиносиро меомӯзанду аз худ мекунанд. Камолёбии инсон, алалхсусус мардонагиву далерии ҷавонон аз хизмат ба Ватан сарчашма мегирад ва бояд ҳар як падару модар фарзандонро ба хизмат сафарбар созанд.  

 Боиси таъкид аст, ки дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тарѓиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ 3087 нафар ҷавони ватандўст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода гардида, имрўз 2200 нафари онҳо бо сари баланд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh