Дар зеҳни насли имрўз фитрати ватандорӣ парварем
- Details
- Published on Tuesday, 01 October 2024 10:12
Тавре сокинони мамлакат огоҳӣ доранд, дар ҷумҳурии мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шудааст. Меҳвари ин қонун дар он аст, ки агар сухан дар бораи ватандӯстӣ равад, ватан, ин сарзамин, ин марзу бум зодгоҳи ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Ва ба қадри обу хоки он, неъматҳои фаровону нотакрори он, сулҳу суботи он бояд мо, шаҳрвандон, бирасем ва баҳри шукуфоии он саҳмгузор бошем. Ҳар яки мо медонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хастагинопазирона баҳри азхудкунии илм ва омӯзиши ҷавонон, насли наврас тамоми шароитҳоро муҳайё месозанд. Ва, барҳақ, дар шароити имрӯз эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз қисматҳои калидии ватандӯстӣ мебошад. Имрӯз, ки даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шуруъ шудааст, мухбирамон бо Фирдавс Фахриддинзода, мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҳамсӯҳбат шуда, суол кард, ки бобати ин самт, яъне тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз ҷониби Раёсат чи тадбирҳо амалӣ шуданд.
-Раёсати кор бо ҷавонон ҷиҳати татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Тадбирҳои андешида вобаста ба амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон давоми соли 2024 дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026”, “Барномаи тарбияи ватандўстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон” дар вилоят барои солҳои 2023-2027” ва “Барномаи маҳаллии рушди волонтёрӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2023-2027” амалӣ гардида истодаанд.
Шумораи ҷавонони аз синни 14 то 30 сола дар вилоят 825600 нафар буда, аз онҳо 416900 нафар писар ва 408700 нафар духтар мебошанд.
Теъдоди умумии гирандагони стипендияҳо дар вилоят 1669 нафар буда, аз ин шумора 856 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 250 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва 519 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон буда, Раёсат якҷоя бо сохторҳои қудратии вилоят аз оғози сол байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии вилоят як қатор чорабиниҳои мақсадноки тарғиботиву ташвиқотиро баргузор намуд.
Ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рўзи дарҳои кушод, мулоқоту вохўриҳо, чорабиниҳои мақсадноки фарҳангиву варзишӣ баргузор карда шуд. Ҳамзамон, давоми моҳи феврал дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омода ва қавӣ гардонидани ҷавонон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва санҷиши донишу малакаи касбии ҷавонон беш аз 50 мусобиқаи ҳарбӣ - варзишӣ таҳти унвони “Сипар”, “Ҳомии Ватан”, “Ватанпарвар”, “Сарбози оянда” бо иштироки 7080 нафар ҷавонони синни то даъватӣ гузаронида шуд.
Дар қисмҳои низомии вилоят бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, зиёд намудани сафи ихтиёриён ба хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии “Ҳомии Ватан” аз рӯи намудҳои варзиши футболи хурд, волейбол, самбои размӣ, гузаштани хатти монеаҳо, сангбардорӣ ва бандкашӣ байни сарбозон баргузор гардида, дар қисми низомии шаҳри Бӯстон маросими ҷамъбасти он доир гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсат сарфароз гардонида шуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 72 маротиба аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” баргузор шуд.
Ҳамчунин, шумораи зиёди видеороликҳо аз тарафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафта ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ инъикос гардиданд. Аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 2000 китоб ҷамъ намуда, бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ С.Чоршанбезода ба муҳофизони Ватан ҳадя гардид.
Инчунин, шуруъ аз охири моҳи апрел таҳти шиори "Истиқболи сарбози Ватан шараф аст!" дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷавонмардоне, ки қарзи шаҳрвандӣ, хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, бо сарбаландӣ ба назди волидайн баргаштанд, ботантана истиқбол гирифта шуданд.
Дар қисми ҳарбии 0229-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохурӣ баргузор шуда, таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан ифтихори ҳар як ҷавон ва қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Чанде аз афсарону сарбозон барои хизматҳои шоён ва садоқат ба Ватан бо Сипосномаи Раёсат қадрдонӣ шудаанд. Дар қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии РВКД рӯзи дарҳои кушод бо иштироки Парвиз Собирзода - муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ беш аз 400 нафар ҷавонони синни то даъватӣ ширкат варзида, бо шароити зисти сарбозони қисми низомӣ ва бо аслиҳаҳои ҳарбӣ –варзишӣ шинос гардиданд. Чунин вохӯрӣ дар қисми ҳарбии 01972 дар шаҳри Бӯстон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон доир шуда, дар он сардори Раёсати ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумита Иброҳимзода Амир дар бораи баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, шиносоии хизматчиёни ҳарбӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ҷо овардани қадршиносии сарбозон дар сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон чунин мулоқот дар қисми низомии 0215-и КДАМ ҶТ дар шаҳри Исфара баргузор карда шуда, зимни мулоқот бо вазъи зисту шароити будубоши афсарону аскарон шинос гардида, ҳамзамон, ба фаъолони қисми низомӣ диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Аз ҷониби Раёсат бо мақсади тақвият бахшидани ҳисси ватандустиву хештаншиносии ҷавонон баргузории силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар миёни ҷавонони синни то даъватӣ роҳандозӣ карда шуда, ҳимояи Ватан-модар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолияти давлатӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як ҷавон дар ҳаёти сиёсӣ таъкид гардид.
Дар маҷмӯъ, оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ беш аз 1150 адад чорабинӣ, ба монанди мулоқоту вохӯриҳо, фестивалҳо, озмунҳо, дарҳои кушод, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва аксияҳо доир гардида, дар онҳо 100457 нафар ҷавонони синни то даъватӣ ва афсарону сарбозон фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин ҷиҳати тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ конфронси вилоятӣ таҳти унвони “Ҷавонон ба тақдири ояндаи миллат бетараф нестанд!” дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Прокуратураи шаҳри Хуҷанд, шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби ҷавонони фаъол ва волонтёрон беш аз 100 аксияи таблиғотӣ таҳти унвони “Нест бод терроризму экстремизм”, “Ҷавонон ба тақдири ояндаи миллат бетараф нестанд!” “Ҷавонон бар зидди терроризм”, “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдат” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуданд.
Ҳамчунин, дар доираи Нақшаи муштараки баргузории мулоқоту вохӯриҳо таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” силсилаи мулоқоту вохуриҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба роҳ монда шуд.
Дар толори асосии Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, доир ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” мулоқот баргузор гардид. Зикр гардид, ки тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи маърифатандӯзӣ, меҳанпарастӣ ва дар амал татбиқ намудани суханҳои созандаи Пешвои муаззами миллат боис мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар шинохти зарфиятҳои таърихиамон беш аз пеш муваффақ гарданд ва бо дастовардҳои назаррас мамлакатамонро бештар дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар бо иштироки намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Зарифҷон Аҳмедов дар мавзуи "Амният ҳамчун самти афзалиятноки давлатдории миллӣ" баргузор гардид, ки дар бораи аҳамияти сулҳу субот ва амнияти миллӣ, тарзи дурусти тарғиботи ғояҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандони синну соли гуногун ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо иброз гардиданд.
Дар ноҳияи Спитамен мулоқот бо ҷавонон доир гардида, ҷиҳати вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон шарҳу тавзеҳ, перомуни рушди илму технология, рақобатпазирии илм бо истеҳсолот, ҳамзамон ноустувории вазъи сиёсӣ дар кишварҳои ҷаҳон, қудратталабии абарқудратҳо, ихтилофҳои зиёд дар равияву гурӯҳҳои манфиатҷӯ ибрози назар карда шуд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд дар байни қишрҳои дигари ҷомеа бо гуфтору рафтор, хату савод, ҷаҳонбинӣ намуна бошанд. Таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан, марзу бум, ҳимояи хоки поки аҷдодӣ вазифаи ҷонии тамоми сокинони кишвар, махсусан ҷавонон мебошад. Вобаста ба мавзӯҳои матраҳшаванда ҷавонони фаъол низ фикру андешаҳояшонро баён намуданд.
Чунин мулоқот дар Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара низ баргузор гардид.
Дар мулоқотҳо иброз гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз кишвар дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чӣ дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон, нақши пешбар меҳисобад, зеро онҳо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хоҷазода Хуршедахон мизи мудаввари аъзои маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» таҳти унвони «Либос чун муқаддасот муаррифгари миллат аст» доир гардид. Гуфта шуд, ки либоси миллӣ муаррифгари давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, ҳамзамон як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Пас, занону духтарони тоҷикро лозим меояд, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 63 аксия бо фарогирии 9203 нафар наврасу ҷавон дар мавзӯҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Салом Модар - ман туро дӯст медорам”, “Модар ҳам гул ҳам тарона”, “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад”, “Модар фариштатар аз тамоми фариштаҳо”, “Биҳишт зери қудуми модарон аст”, “Модар сарчашмаи зиндагӣ” ва “Ҳадяи меҳр”, “Интихоби бошууронаи касб кафили хушбахтии мост”, “Мо, ҷавонон зидди нашъамандӣ”, “Саломатии ҷавонон – саломатии миллат”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”, “Биёед, китоб мехонем”, “Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги миллат аст!”, “Волонтёрӣ шараф аст”, “Тоҷикона мепӯшем”, “Ҷавонон бар зидди терроризм”, “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдат” ва амсоли инҳо баргузор карда шуд.
Курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид, ки ба он ҷавонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ҷалб карда шуданд. Дар курси мазкур роҳбарону намояндагони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб карда шуда, оид ба фаъолият ва дастроварду имконот ҳарф заданд. Дар фарҷоми курс ба иштирокчиёни фаъол ва шунавандагон сипосномаву сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва фаъолона иштирок намудан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро тақозо менамояд. Аз ҳамин нуқтаи назар таъмини иштироки фаъолона ва дастаҷамъонаи ҷавонон тақозои замон ба ҳисоб меравад.
Дар самти ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ба ин васила тарбия намудани онҳо дар руҳияи меҳнатдўстию созандагӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!” аксияҳои вилоятӣ ташкил ва баргузор гардид.
Корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъӣ ҳар ҳафта рўзи шанбе бо иштироки васеи ҷавонон аз ҷумла аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и назди Раёсат баргузор гардида, оромгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷўйборҳо тоза карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят якҷо бо бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 713 чорабиниҳо бо иштироки 51856 нафар ҷавон баргузор гардида, 39421 адад маводҳои иттилоотӣ миёни аҳолӣ, махсусан ҷавонон тақсим карда шуданд.
Дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 донишҷуёни Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ таҳти унвони “Маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд” баргузор гардид. Қайд гардид, ки миллати мо дар таърихи тӯлонии хеш амнияташро тавассути маърифат ва илм таъмин менамуд ва мо бояд аз истиқлолу ваҳдати ҳамешагӣ ҳифз намоем, зеро таҳкиму рушд аз истиқлоли комили ҳар давлат ва амнияти ҳамешагӣ сарчашма гирифта, барои ҳар фард оромию осудагӣ беҳтарин неъмат ба шумор меравад. Зикр шуд, ки ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия маншаъ гирифта, он ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва риояву эҳтироми он шарти асосии таъминкунандаи рушду инкишофи ҷомеа ба шумор меравад.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллию таърихӣ аз ҷониби Раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хайрхоҳи ватанӣ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят 65 нафар ҷавонони маъюб ва камбизоат кӯмакҳои молӣ расонида шуда, 78 нафар ҷавонони ниёзманд ва аскарони қисмҳои низомӣ аёдат карда шуданд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зерин андешид. Дар вилоят 2905 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 2008 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ ва 168 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. Боиси қайд аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва вазифагузориҳои Раиси вилоят ваКумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сокинон, махсусан наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 79 таҷҳизотҳои варзишӣ аз қабили 38 адад турнир ва 39 адад брус ва 2 адад ғайра насб карда шудааст.
Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 42 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 мактаби варзишии вилоят, 10 мактаби махсуси варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва 29 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Дар мактабҳои варзишӣ 1106 гурӯҳ бо фарогирии 14930 машқварзи наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 258 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 4676 машқварзи наврасу ҷавон амал намуда, дар маҷмӯъ 19607 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла 2459 нафар бонувон ҳамарўза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
-Имрӯзҳо маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллии мамлакат шуруъ шудааст, -зикр намуд Фирдавс Фахриддинзода, - мо бо баргузории чорабиниҳо ба ҷавонон таъкид карданием, ки сулҳу суботи кишвари азизи мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ва ҳар як сарбоз, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудааст, мебояд ин Ватанро, ҳифзи марзу буми онро вазифаи муқаддаси худ шуморад.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”