Рӯзгоре лоиқи ифтихор

Ба ифтихори 100-солагии собиқадори мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Солибоев

Роҳи тайнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар роҳи нанг ва арсаи шуҷоатмандиву мардонагии фарзонафарзандони бонангу номуси меҳанро мемонад.

Мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон сохтори муҳими давлатии кишвар маҳсуб ёфта, таърихи пурифтихор ва марҳилаи ибратбахшро пушти сар намуда, дар таҳким ва устувории тамомияти арзӣ ва ҳифзу ҳимояи Истиқлолияти сиёсии кишвар саҳми мондагор дорад.

Дар ин радиф месазад, ки аз далериву матонати собиқадорони ин соҳаи бонуфуз ҳарфе бигӯем ва аз рӯзгори босаодати онҳо ёдоварӣ намоем.

Абдулло Солибоев аз зумраи фарзандони бовафои миллат маҳсуб ёфта, дар таҳким ва эҳёи ин сохтори бонуфуз саҳми шоиста гузошт. Инчунин, шогирдони зиёдеро ба камол расонида, дар ин ҷода мактаби шуҷоатмандии хешро бунёд намудааст.

Абдулло Солибоев санаи 10-уми июли соли 1924 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифливу наврасии Абдуллои донишманду зирак басо пурпечутоб пушти сар шуда, дар айёми шукуфоии умри наврасиаш волидонаш аз олам чашм пӯшиданд.

Рисолати таълиму тарбияи ӯро хонаи бачагони «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҷо меорад. Сипас, идомаи таълиму тарбияро дар Хонаи бачагони шаҳри Конибодом гузаронида, нӯҳ сол дар ин даргоҳ ҳам мехонаду ҳам умр ба сар мебарад. Баъди ба камол расидан солҳои 1943–1947 дар ҷумҳуриҳои худмухтори Чеченистон ва Ингушистон адои қарзи фарзандиро муваффақона ба ҷо оварда, ба Ватан бармегардад ва ба сафи мақомоти амният ҳамроҳ мешавад.

Солҳои 1956–1959 ба ҳайси сардори шуъбаи бехатарии Кумитаи давлатии бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Сипас, солҳои 1959–1961 ба ҳайси муовини сардори шуъбаи Кумитаи давлатии бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) пайи адои хидмат ба халқу Ватан шуда, чун ҷавони чашмикордон бо донишу маҳорати касбии  хеш фаъолияташро ба ҷо меорад.

Роҳбарони вақти мақомот аз донишу маҳорати кордонии Абдулло Солибоев огоҳ шуда, масъулияти хидматиашро боло бурда, ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ равонаш мекарданд. Ҳамин буд, ки ба сифати сардори Раёсати Кумитаи бехатарии давлатии РСС Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, дар ин вазифаи пурмасъулият аз соли 1961 то соли 1965 кор карда, дар дурдасттарин навоҳиҳои вилоят тартибу низоми муайянро ҷорӣ менамояду шогирдони зиёдеро дар гӯшаи диёр тарбия мекунад.

Сипас, солҳои 1965 то соли 1975 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Конибодом ба сифати сардори мақомоти амният фаъолият карда, сарбаландона ба нафақа баромад. Баъдан дар комбинатҳои орди шаҳри Қайроққум (алҳол Гулистон) ва абрешими шаҳри Хуҷанд, фабрикаи парандапарварӣ ба ҳайси масъули бехатарӣ дар ин ҷо як муддат фаъолият менамояд.

Заҳмату талошҳои ин фарзанди накӯному соҳибмаърифати диёр бо ордену мукофотҳои арзанда ба монанди «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Барои хизмати аъло дар ҳифзи сарҳад», «Барои хизмати шоиста» дараҷаҳои 1, 2, 3, ифтихорномаҳои Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қадр шуда, ҳамзамон ба гирифтани рутбаи фахрии генерал-майор шарафёб гардид.

Соли 2002 Абдулло Солибоев дар шаҳри Хуҷанд чашм аз олам пӯшида, дунёи ҳастиро падруд гуфт. Аз ин марди накӯном шаш фарзанди нексиришт нишон монда, ки ҳар яке номбардори волидони хеш гашта, рӯзгори осудаҳолона ба сар бурда, саҳми хешро чун падари бузургворашон дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз гузошта истодаанд.

Дарвоқеъ, рӯзгори чунин ашхос ба мисоли Абдулло Солибоев барои насли имрӯз мояи ибрату ифтихор ба шумор рафта, он чун як мактаби бузурги рӯзгор маҳсуб меёбад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh