Маросими кушодашавии даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2024»
- Details
- Published on Wednesday, 19 June 2024 08:53
Нимаи дуюми рӯзи 18 июн дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» баргузор гардид.
Дар маросими кушодавшавии чорабинини сатҳи баланд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зоир Мирзоев, ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқов, ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалҷон Маҳмудалиев, губернатори вилояти Пензаи ФР Олег Мелниченко, ноиб-президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Падалко Владимир, сафирон ва намояндагони корпусҳои димломатии Туркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, соҳибкорону сармоягузорони вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск, Воронежи Федератсияи Россия, шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии мардумии Чин, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, дар маҷмуъ беш аз 500 нафар меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодааз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфт ва намоишгоҳ ба кори худ оғоз кард.
Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир технология нақши калидӣ дошта, он имкон медиҳад, ки равандҳои фурӯш, идоракунӣ, маркетинг ва хидматрасонӣ такмил дода шавад. Роҳёбӣ ба бозорҳои байналмилалӣ ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки пойгоҳи муштариёни худро васеъ намуда, ба технологияҳои нав дастрасӣ пайдо созанд.
Сиёсати «дарҳои боз» имкон медиҳад, ки ҷустуҷӯи шарикони боэътимод, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузории мутақобилан судманд ба роҳ монда шавад. Маҳз бо ҳамин мақсад Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2024» бори 10-ум аст, ки дар шаҳри Хуҷанд ташкил мегардад.
Дар намоишгоҳи байналмилалӣ корхонаҳои саноати сабук ва нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноати коркард, муассисаҳои молиявӣ, консалтингӣ, лизингӣ, нақлиёту логистика, сохторҳои илмию техникӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имконияҳои худро муаррифӣ менамоянд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шуда, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф чораҷӯӣ карда мешавад. Алҳол дар вилоят зиёда аз 1000 корхонаи саноатии хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол ва як қисми он ба хориҷи мамлакат содирот мегардад.
Дар кишвар барои фаъолияти озоду фаъоли соҳибкорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва намоишгоҳ имконият медиҳад, ки дар роҳи инкишофи ҳамкории ба ҳамдигар судманд қадами нав гузошта шавад.
Раиси вилояти Суғд изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи намоишгоҳ миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштироккунанда созишномаҳои нави ҳамкорӣ имзо ва тарҳҳои нав амалӣ карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд