Таҷлили Иди саиди Қурбон дар вилояти Суғд

Субҳи имрӯз сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда Иди саиди Қурбонро таҷлил намуда, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд омада, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намозгузорон ва тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрик намуд. 

Қайд карда шуд, ки Иди саиди Қурбон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ беҳтарин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла илму маърифат, хайру саховат, покизагиву накӯкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароиро дар худ таҷассум намуда, аҳли ҷомеаро ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Пешвои муаззами миллат дар суханрониашон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат изҳор доштанд, ки дар арафаи идҳои миллӣ ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, ёрмандӣ ба ниёзмандон, ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷон, зиёрати оромгоҳҳо, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ҳамчун беҳтарин суннатҳои мусалмонӣ буда, дар мустаҳкам гардидани дўстӣ, меҳру муҳаббати байни инсонҳо, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон ниҳоят муҳим аст.

Тазаккур дода шуд, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон адои фаризаҳои динӣ тамоми шароит муҳайё буда, мардум шукронаи истиқлолу озодии Ватанро мекунанд, ки чунин имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. 

Сокинони вилояти Суғд дар иҷрои амалҳои хайру савоб пешсаф буда, бовар аст, ки минбаъд низ барои рушду пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. 

Ёдовар мешавем, ки дар тамоми масоҷиди марказӣ ва ҷомеи шаҳру ноҳияҳо намози ид хонда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh