Омили рушду инкишоф ва амнияти кишвар
- Details
- Published on Monday, 10 June 2024 12:31
Маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар баробари маърифати ахлоқӣ, маънавӣ ва сиёсии онҳо аҳамияти хоса дошта, дар рушду инкишоф, сулҳу субот ва амнияти сартосарии кишвар нақши назаррас дорад. Дар айни замон раванди дигаргунсозии системаи таълиму тарбияи насли наврас дар кишвар фаъолона идома дорад. Стандартҳои нави сифати таълим ҷорӣ карда шуда, ба ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Рушди волоияти қонун ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқиро талаб мекунад, ки бидуни онҳо чунин арзишҳо ва принсипҳои асосии ҳаёти ҷомеа, ба мисли волоияти қонун, афзалияти инсон, ҳуқуқу озодиҳои ҷудонашавандаи ӯ, таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои ҷамъиятӣ ба таври комил амалӣ шуда наметавонанд.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчунин як навъи фарҳанги маънавию ахлоқиро муайян мекунад, ки маҷмӯи арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ ҳолати сифатии низоми ҳуқуқии давлат, сатҳи инкишофи ҳуқуқии шахсро (ақидаҳо, донишҳо, муносибатҳо, қобилиятҳо, малакаҳо, амалҳо ва ғайра) инъикос карда, алоқаи ҳуқуқӣ, тартиб ва назоратшавандагии муносибатҳои ҷамъиятӣ, конуният ва тартиботро таъмин карда, ба ташаккули тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият, шахсони алоҳида, ташкилотҳо, тамоми аҳолӣ пай дар пай таъсир мерасонад.
Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, азиму тавоно ва ташаббускору созанда ба шумор мераванд. Пешрафт ва шукуфоии давлат ва муаррифӣ намудани он ҳамчун давлати тараққиёфта аз ҷавонон вобастагӣ дорад.
Ҷавонони мо дар замоне умр ба сар мебаранд, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, фарҳангу тамаддунҳо дар тағйироту таҳаввулот қарор дорад. Созмонҳои ифротгаро дар фаъолияти худ пеш аз ҳама ба ҷавонон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Яке аз роҳҳои асосии ноустувор гардондани вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷалб намудани гуруҳҳои гуногуни ахолӣ, аз ҷумла ҷавонон барои иштирок дар чорабиниҳои ғайримутобиқшудаи ҷамъиятӣ (аз ҷумла эътироз), ки дидаву дониста ба бетартибиҳои оммавӣ табдил меёбанд, мебошад. Ҳар гуна гуруҳу ҳаракатҳо бо мақсади амалинамоии ҳадафҳои худ аз ҷавонон ва қобилияти онҳо истифода менамоянд. Маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии онҳо омили муҳими мубориза бо ифротгароӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва бунёди давлати муосири ҳуқуқии демократӣ мебошад.
Имрӯз омилҳои зиёде ҷой доранд, ки ба ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир мерасонанд. Яке аз омилҳои муҳим ин тавассути субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон, ки муассисаҳои кор бо ҷавононро намояндагӣ мекунанд, метавонанд барои рушди маърифати ҳуқуқии онҳо шароити заруриро фароҳам оваранд.
Аз ҷумла, интишор ва истифодаи маводи иттилоотии дастрас дар шаклҳои чопӣ, электронӣ, аудиовизуалӣ ва дигар шаклҳо, инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма, ки саводнокии ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷавононро баланд мебардорад.
Баҳри ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷавонон 4 самтро ҷудо кардан мумкин аст:
1) фаъолияти иттилоотию методӣ: таҳия ва паҳн намудани мазмуни мусбии ҳуқуқии иттилоотӣ дар байни ҷавонон, ташкил ва гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ дар байни ҷавонон дар соҳаи ҳуқуқ;
2) ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ барои ҷавонон;
3) ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фароғатии шаҳрвандони ҷавон;
4) фаъолияти ислоҳӣ ва иҷтимоию психологӣ бо ҷавононе, ки дар вазъияти барои ҷамъият хавфнок қарор доранд.
Айни замон маърифати ҳуқуқии ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аксарияти истифодабарандагони онҳо ҷавонон мебошанд, баланд бардошта мешавад.
Мақомотҳо ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, ки субъекти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят ба ҳисоб мераванд, тавассути саҳифаҳои иҷтимоии расмии худ аз ҳар гуна пешгирии ин ё он намуди ҳуқуқвайронкунӣ хабар дода, нисбати ин гуна кирдори зиддиҳуқуқӣ, ки қонун онро манъ ва нисбати шахси содиркардаи он ҷазо пешбинӣ кардааст, маълумот нашр менамоянд ва ин боиси ба ҷавонон фаҳмо шудани меъёрҳои қонунгузорӣ ва пешгирӣ аз содиршавии ин гуна кирдорҳо мегардад.
Ҷавонон ба ин васила дарк мекунанд, ки ягон кирдори содиршудаи зиддиҳуқуқӣ аз назари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дур намемонад ва шахси содирнамудаи он ҳатман ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонун ҷалб карда мешавад. Аксари ҷавонон кирдорҳои ғайриқонуниро дарк ва барои содир кардани онҳо татбиқи ҷавобгариро пешбинӣ менамоянд, вале дар бораи ҳуқуқу имтиёз ва кафолатҳое, ки қонунгузорӣ нисбати шаҳрвандон муқаррар намудааст, маълумоти кофӣ надоранд.
Бинобар ин дар шароити ҳозира ба шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон фаҳмонидани ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ шарт ва зарур аст. Онҳо дар раванди амалинамоии фаъолияти худ аз ҳуқуқу озодиҳои пешбининамудаи Конститутсия ва қонунҳои муқаррарӣ ба таври васеъ истифода намуда, ба мушкилӣ дучор намегарданд.
Ташкил ва баргузории маҷлисҳои сайёри судӣ аз ҷониби судҳои кишвар, ки берун аз бинои суд дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар байни оммаи мардум гузаронида мешавад, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Баррасии зиёди парвандаҳо дар маҷлисҳои сайёри судӣ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат карда, рушди маънавиёти зеҳнии ҳуқуқии онҳоро баланд мебардорад.
Доштани маърифати баланди ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷавонон ба таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат мусоидат мекунад. Амнияти давлатӣ мафҳуми мураккаб ва фарогир буда, ҳолати амнияти босифати давлатро аз доираи васеи таҳдидҳо дар бар мегирад. Аз ин рӯ, механизми ҳифзи амнияти давлатӣ бояд на танҳо хусусияти зӯроварӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, балки воситаҳо ва тадбирҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи шуури ҳуқуқии шаҳрвандонро низ дарбар гирад.
Андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва дигар тадбирҳое, ки ба муқобили хатарҳо ба амнияти давлатӣ ва қонеъ гардонидани манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд, оромӣ ва сулҳу суботи сартосариро дар кишвар таъмин мекунанд.
Аз ин маълум мегардад, ки яке аз тадбирҳое, ки баҳри таъмини амнияти давлатӣ нигаронида шудааст, ин тадбири ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Ҳуқуқ ва низоми қонунгузорӣ ба ин васила ба таъмини амнияти давлатӣ, аз ҷумла ташаккули заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ва фарҳангии он мусоидат мекунад.
Майл надоштани шаҳрвандон ба ҳифзи давлати худ, коста шудани адолат ва пастравии сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ҳамеша аломатҳои номатлуб буда, аксар вақт боиси ба вуҷуд омадани буҳрони давлатдорӣ ва ҳатто, барҳам хӯрдани он мегардад. Аз ин ҷост, ки аҳамияти бузурги маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар таъмини амнияти давлат ва пешрафти он дида мешавад.
Маърифати ҳуқуқии ҷавонон ба рушди муносибатҳои ҷамъиятии муқарраршуда таъсир расонида, ба дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои фаҳмидан ва донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад.
Қисмати муҳими асосҳои маърифати ҳуқуқии ҷавононро чунин категорияҳои ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки на танҳо дониш дар бораи ҳуқуқ, балки муносибатро ба қонун муайян мекунанд.
Дар ҷаҳони муосир чунин хатарҳои мураккабе вуҷуд доранд, ки бо чолишҳои дорои хусусияти геополитикӣ, иқтисодӣ, муҳоҷиратӣ, экологӣ ва техногенӣ алоқаманданд, ки танҳо давлати устувор ва тавоно, ки ба ҷомеаи солими ҷавонони дорои маърифати ҳуқуқии баланддошта асос ёфтааст, метавонад бо онҳо мубориза барад. Маҳз ғояи давлати тавоно аз рӯи андозаи ҳуқуқии худ, ҳамчун асоси маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаи устувори амнияти давлатро ташкил медиҳад.
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатҳо ин тарбияи ҷавонони ба қонунриоякунанда ва ба қонун эҳтиромгузоранда мебошад, ки бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба сомон расонида мешавад.
Дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, бахшида ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.
Аз ҳамин хотир Президенти кишвар таъкид доштанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Пешрафту шукуфоӣ, ваҳдату оромӣ ва таъмини амнияти кишвари азизамон аз ҷавонони ватандӯсту хештаншинос ва дар руҳияи худшиносӣ тарбияёфта вобастагии зиёд дорад.
Бинобар ин имрӯз тамоми шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавононро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, баҳри амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро равона сохта, дар пойдории сулҳу субот, оромӣ ва ваҳдати сартосарии ин сарзамини аҷдодӣ нақши устувори худро гузоранд.
Орифӣ Ҷонибек Алишер,
ёрдамчии прокурори ҳарбии
гарнизони Суғд,
лейтенанти адлия