Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат, тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят ва собиқадорони хизмати ҳарбиро бо ин санаи фархунда самимона таҳният гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи Ватан саломатию сарбаландӣ ва хизмати содиқона таманно менамоям.

Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори муваффақиятҳои дигари даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол буда, тавассути он ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садоқати хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ чунин таъкид намудаанд: «Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд».

Имрӯз низ вазъи мураккабу ноороми минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем. Зеро, таъмини амнияти давлату ҷомеа, баробари ҷони худ дӯст доштани Модар-Ватан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳифз намудан ва содиқ будан ба миллат, давлат ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва бунёди иншоотҳои зарурӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Бори дигар, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, собиқадорони соҳа, инчунин тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Add comment


Security code
Refresh