Ғуломи қонун бояд буд
- Details
- Published on Friday, 16 February 2024 16:34
Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар он Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар кишвар бахшида ба ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистони навин аст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30-юми декабри соли 2023 ба тасвиб расид, ки мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмини волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Пешвои миллат, қабл аз он, ки соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намоянд, сараввал дар бораи авзои сиёсии ҷаҳон, доир ба амнияти давлату кишвар, сулҳу субот андешаронӣ намуданд. Ин ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин ҷода сермаҳсул бошем, баҳри сулҳу субот ва амнияти кишвар якҷоя фаъолият намоем. Эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳар яки моро водор месозад, ки масъулиятнок бошем. Зеро риояи қонун аз оила, маҳалли зист, аз ҳар як шаҳрванди кишвар вобаста аст. Ин моро водор месозад, ки ғуломи қонун бошем.
Мафтуна МАҲКАМЗОДА,
судяи Суди шаҳри Хуҷанд