Баҳри зиндагии шоистаи мардум

Бемайлон рушд бахшидани соҳаи варзиш аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва мусоидат намудан ба омодасозии  варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд, -таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ.

Дар ҳуҷҷати барномавӣ, яъне Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсат,  иҷтимоиёт,  илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи манфиатҳои давлат дар робита ба вазъ ва тавоноии иқтисодии мамлакат равшан тавзеҳ дода шудаанд. Дар доираи чунин таҳлил дар Паёми Пешвои миллат ба ду ҷузъи масъала − қувваҳое, ки ҳамчун сарчашмаи ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот амал мекунанд ва муносибатҳои истеҳсолӣ диққати махсус дода шудааст. Дар доираи қувваҳои истеҳсолкунанда таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мавқеи инсон, раванди таъмин ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ӯ, ҷараёни созмон додани объектҳои истеҳсолӣ ҷалб гардидааст. Кӯшишҳои Раҳбари давлат дар масъалаҳои касбомӯзӣ,  баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат бо роҳи самаранок истифода бурдани илм, маърифат, аз худ кардан ва такмил додани воситаҳои истеҳсолот аз қисматҳои таркибии фаъолияти Ҳукумат дониста мешаванд. Яке аз омилҳои аслие, ки мақсадҳои умдаи сохтмони давлатро зина ба зина таъмин кардааст, барномарезии стратегии соҳаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар асоси талаботи рӯзафзуни ҷомеа мебошад. Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии Сардори давлат таҳия ва қабул гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи то соли 2030» амалӣ кардани ҳамин нақшаро мадди назар доранд.

Тавре ки дар Паём омадааст, давраи сипаригашта «дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад», ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Гарчанде дар давраи иқтисодиёти бозаргонӣ банақшагирӣ аз масъалаҳои афзалиятдошта ба ҳисоб наравад ҳам, барномарезии аз ҷиҳати илмӣ асоснок аҳамияти бузурги амалӣ дорад.  Бояд ба эътибор гирифт, Тоҷикистон аз ҷумлаи он давлатҳоест, ки аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиии аҳамияти муҳими стратегидошта имконоти нисбатан маҳдуд дорад. Дар чунин шароит, маҳз иқтидори интеллектуалии Ҳукумат, интихоби дурусти роҳ, восита ва усули амалӣ кардани стратегияи давлат барои таъмини амният ва некӯаҳволии мардум аз масъалаҳои асосии фаъолияти роҳбарияти сиёсии мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Сарвари давлат аз зумраи он абармардони сиёсати ҷаҳонӣ ҳастанд, ки ҳангоми ибрози мавқеи сиёсӣ, нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат бо назокати ба худ хос, хирадмандона, таҳаммулгароёна ва ҷавонмардона аз кӯшиши ба баҳс кашидани ҳарифони эҳтимолии ақидаҳои худ, ки падидаи маъмулӣ аст, то ҳадди имкон худдорӣ мекунанд. Аз дигар тараф, забон ва тарзи баёни он кас дар ибрози андешаҳои принсипиалӣ оид ба масъалаҳои матраҳгардида, барои рақибон ҷиҳати додани посухи баробарвазн ҷой намегузоранд. Дар шарҳи масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат принсипи вобастагии моддии якдигарӣ баръало дида мешавад. Вақте ки сухан дар бораи эътимоднокии тезисҳо меравад, дар Паём структураи чунин мантиқ – ҷузъҳои он тафсири худро меёбанд. Ҳангоми таҳлилу баррасӣ эътибори мулоҳизаҳои пешниҳодгардида боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд.

Некӣ ва хизмат ба халқ аз мақсадҳои аслии Раҳбари давлат буд ва ҳаст. Бояд эътироф намуд, ки нақшаҳои дар солҳои аввали фаъолияти худ эълон кардаи Президенти мамлакат–таъмини амнияти озуқаворӣ, берун гаштан  аз бунбасти коммуникатсионӣ ва бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун идея садо медоданд. Амалӣ гаштани онҳо хосияти ормонӣ дошт. На танҳо дар хориҷи мамлакат, балки бисёриҳо дар дохили кишвар ҳам ба воқеият пайдо кардани онҳо бовар надоштанд.  Аммо сарварии оқилонаву  хирадмандонаи Пешвои миллат, фазилатҳои фитрии азалии мардуми кишвар буд, ки мо ба чунин саодати зиндагӣ расидем.

   «Дар давраи соҳибистиқлолӣ аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион ба беш аз 10 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзуд, ҳамзамон,  сатҳи камбизоатии аҳолӣ  ба андозаи 27, 5 фоиз паст гашт»,- омадааст дар Паём. Маълум аст, ки муҳимтарин масъалаи ҷаҳони мутамаддину пешрафта ва яке аз омилҳои аслии рушду тараққии он таъмини аввалиндараҷаи озодии иқтисодӣ мебошад. Гардиши озоди қувваи корӣ, мол, пул ва хизматрасонӣ хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ–минтақавӣ ва глобалӣ дорад. Кӯшиш ва натиҷаи самараноки сиёсатҳои собитқадамонаи Сарвари давлат доир ба самтҳои муҳими ба якдигар алоқаманд шароитро барои рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат фароҳам овард.

Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа–пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад.

Танҳо овардани чанд мисол аз Паёмҳои солҳои охир ироагардида, нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ беҳудуд аст.

Паёми соли 2019 ироашуда бозгӯи он аст, ки Президенти кишвар таърихи пурифтихори халқи тоҷикро ба мактаби бузурги худшиносию худогоҳӣ мунсуб дониста, дар назди ҳамагон вазифа гузоштанд, ки дар назди гузаштагони хеш бояд арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагонро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат тақдим намоянд. Хушбахтона, ин дастгирии Сарвари давлат ва ташаббуси созандаашон дастгирӣ ёфта, имрӯз хонадоне нест, ки аъзояш ин китоби пурмуҳтаворо нахонда бошад. Зиёда аз ин баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон- оинаи ҳастии миллат» барои тарбияи худшиносию худогоҳӣ, хештаншиносию меҳанпарастии ҳар фарди ҷомеа кӯмакрасон аст.

Дар Паёми соли 2022 ироашуда бошад, оварда шудааст, ки Тоҷикистон тавонист сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намояд. Барои мо, тоҷикистониён боиси ифтихору сарбаландист, ки кишвари Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама буда, аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ дорад. Дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудану пешниҳоди Тоҷикистон ҳамчун 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шудани соли 2025 дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихормандии ҳар яки мост.

 Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ рушди минъбаъдаи саноати ватаниро  аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати давлатӣ унвон карда,  дар ин замина, тазаккур доданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022 - 2026 – “ Солҳои рушди саноат”  эълон шавад. Барои амалӣ намудани ин иқдом тайи ду-се соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин шавад. Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии худ ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат диққати аввалиндараҷа медиҳад. 

Солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сохтмони аср – НБО “ Роғун”, ки аз ҷумлаи иншооти бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, чунин изҳор доштанд: “ Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии “ Роғун ” – ро ба истифода диҳем. Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассису коргар ва 3500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд ”.  Корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

Гумон мекунам, мо бояд тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри ободии кишвари азиз,  донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро ба рушди давлати соҳибихтиёр равона созем, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда фаъолият дошта бошем, ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш накунем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. 

Одиназода Исфандиёр Аҳмад,

сардори кафедраи ҳукуқи маъмурӣ ва

фаъолияти маъмурии Факултаи 4-уми

Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ,

номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия

Add comment


Security code
Refresh