ДАР ИН САМТ НАЗАРИ НЕК БОЯД ДОШТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои қудратӣ муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки мақомоти давлатӣ вазифадоранд дар  мубориз ба терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ, ки вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, мубориза баранд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти қудратӣ барои пешгирии чунин ҷиноятҳои вазнин муборизаи оштинопазир бурда, амнияти давлат ва ҷомеаро таъмин намоянд.

Гуфтан бамаврид аст, ки солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ  дар ҷаҳон беш аз ҳарвақта авҷ гирифтааст. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки муборизаро бар зидди ин гуруҳи тундгаро, терроризм, ифротгароӣ, ҷиҳати таъмини амнияти давлатӣ ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ пурзӯр намоем.

Муборизаи якҷоя ва дастҷамъонаи мардуми мо ин эмин нигоҳ  доштани сайёра, минтақаҳои аҳолинишин аз офати чунин ҷиноятҳои мудҳиш мебошад ва мо шаҳрвандони Тоҷикистон, мақомотҳои қудратӣ,  аз ҷумла, прокуратура   бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯс-тиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон буда, бо чунин ифроткорон, ки вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, оштинопазирона муборизаи қатъӣ барем ва Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм аз чунин унсурҳо ҳимоя намоем.

Бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд,  ба иқтисодиёти кишвар зарари зиёд расонида мешавад, ки он ба садҳо миллиард баробар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошем. Барои расидан ба ҳадафҳои хеш моро зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорем. Зеро ба ҳар як дасисаю фиребу найранги шахсони алоҳида дода нашаванд. Маҳз маънавиёти баланд ва ҳисси ватандӯстӣ, тафаккури ободкорӣ шахсро аз гаравидан ба ҳизбу созмонҳо нигоҳ медоранд.

Маҳмадулло МУРОДЗОДА,

муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд,

подполковники адлия

Add comment


Security code
Refresh