БА ИГВОИ ФИРЕБГАРОН ДОДА НАШАВЕМ
- Details
- Published on Thursday, 07 December 2023 16:21
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол зимни изҳороти хеш борҳо вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи раҳбарияту пайравони собиқ ҲНИ, ки алҳол аксарияташон дар кишварҳои Аврупо бо дастгирии хоҷагонашон ташкилоти дигареро ба унвони “Паймони миллӣ..” таъсис додаанд, бо далелҳои раднашаванда амалҳои муғризонашонро шадидан маҳкум намуда будем.
Бояд қайд кард, ки раҳбарияту пайравони “Паймони миллӣ”(калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ кардан зарурият нест) кӯшиш доранд, ба мисли ҳаводисҳои солҳои навадуми қарни гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозии навбатиашон зиндагии орому осудаи онро халалдор намуда, халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли ҷорӣ бо ровигии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат мебошад, асосан тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” худро “уламои дин” шуморида, баромадҳо иғвоангезаро пеша намуд.
Масалан, санаи 27 ноябри соли равон ин бадхоҳи миллат, бо ҷалби ҳаммаслаку думравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев ва афроде бо номи Ҷамшед дар барномаи “Минбари муҳоҷир”таҳти унвони “Муҳоҷирон чи паёме ба муборизон доред!” бо навбат баромади ифротӣ намуданд, ки ба ягон қолаб рост намеояд. Бо намоиши видеоӣ зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, «аз пашша фил месозанд».
Ҳар фарди солимақл бе мушкилӣ дарк мекунад, ки ин бадхоҳони миллат бе асоси воқеӣ ҳар гуна ҳиллаҳо бофта мардумро ба иғвою мубориза даъват менамоянд. Аз баромадҳои ифротии бадҳохони миллат ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо кӣ меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткор чӣ ҳадаферо дунболагирӣ мекардаанд. Бинобар ин, ҷавонони боору номуси кишвар биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин хоинони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки ин бадхоҳони миллат Тоҷикистони биҳиштосоямонро ноором созанд.
ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ