ХОИНОН БА МАКСАД НАМЕРАСАНД
- Details
- Published on Thursday, 07 December 2023 16:13
Мо кормандони шуъбаи кор бо ҷавонон зимни изҳороти навбати хеш мехоҳем диққати мардуми кишвар, алалхусус ҷавононро ба муҳимтарин масъалае, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ҷалб намоем.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротӣ иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Воқеияти имрӯза собит менамояд, ки дар шароити бархурдории сар то сарии мардум ба интернет ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ қувваҳои муайяни ифротгаро кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои интернетро ҳамчун технологияи деструктивӣ, барои тарғиби ғояҳои радикалии динию сиёсӣ, ҷудоиандозӣ ва ғайра истифода баранд. Агар ба рақамҳо рӯй орем, мувофиқи омори Оҷонсии таҳлилии “We Are Social”, дар соли 2018 бештар аз 4 миллиард сокинони сайёра аз интернет истифода намудаанд. Танҳо дар соли 2017 беш аз 250 млн. нафар ба интернет пайваст шудаанд. Миқдори умумии истифодабарандагони шабакаи интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 4, 5 млн. нафарро ташкил медиҳад. Дар муддати 1 рўз 6 соати истифодабарандагони интернет, тавре мегӯянд, дар дунёи виртуалӣ (ё худ маҷозӣ) сарф мешавад. Дар як сония 11 истифодабарандаи нав ба интернет шомил мегардад.
Бояд зикр кард, ки аз соли 2007 дар фазои интернетии ҷаҳон 10 ҳазор сайтҳои электронии экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар гузаштаи на чандон дур барои таблиғи маводи ифротгароёна ва моҷароҷӯёна истифодаи маҷаллаю рўзномаҳо, радио ва телевизион низ истифода мешуданд. Масалан хоинони миллат – собиқ ҳизби наҳзати ислом, алҳол паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ”мебошад, ки бештар сўиистифода аз дини мубини Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ, бахусус тавассути сомонаи “Исолҳ.нет”, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуда истодаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз узви паймони худсохтаи наҳзат, афроди бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дар умум дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда бо ҷалби думравонаш баромадҳои ифротӣ менамояд. Масалан, дар давоми моҳи октябр ва ноябр, аз ҷумла, санаи 29 ноябри соли 2023 таҳти унвони “Ислоҳ чӣ таъсире дар Шумо ва ҷомеаи имрӯза гузошт” бо ҷалби яке аз думраваш афроде бо номи Сулаймон баромади ифротӣ намуд. Ин бадхоҳони зархариди носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки бо ин васила фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Хулоса, сомонаи “Ислоҳ.нет” минбари ифротии паймони худсохтаи наҳзат аст ва мардуми тоҷик аз нияти бадхоҳон ва хоинони миллат огоҳ ҳастанд, ки онҳо ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву туҳмату тавҳин зада истодаанд. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош меварзанд.
Дар интиҳои изҳороти хеш мо М.Садридини иғвогар ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!
ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ