БАДНОМКУНИҲОИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ ШАБЕҲИ ТУҲМАТҲОИ ҚАБЛӢ ҲАСТ, АММО БО ШАКЛИ ДИГАР!

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит месозанд, ки моҳҳои охири соли равон бархе аз кӯрнамакон, амиқтараш яке аз аъзои паймони худсохтаи наҳзат Муҳамадиқболи Садриддини бешараф бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла, Салим Султонзода Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев ва афроде бо номи Сулаймону Раҳматулло тавассути сомонаи ифротӣ “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо менамоянд. Зимни ҷараёни баромадҳои ифротӣ бо мақсади ба миёни мардуми кишвар шӯру фитна ангехтан наворҳои сохтаи бардурӯғро нишон дода, бо ин васила вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин гуруҳи паймони худсохта аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.

Мо аз баромадҳои ҳаммаслакону думравони “Паймони миллӣ” хулосабарорӣ намуда, такрор ба такрор мегуфтем ва имрӯз низ мегӯем, ки тӯдаи паймони худсохта дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки ин тӯдаи хоинон тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунанд. Боварӣ ба мардуми бедор ва зираку ҳушёри кишварамон, махсусан ҳаммиллатону ҳамватанони берунмарзиамон дорем, ки боз ҳам тири ин қабил хоинони миллат хок хоҳад хӯрд.

Зеро ҳамеша ҳамватанони азизу маҳбуби мо, куҷое, ки набошем, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, зиндагию кори худро идома дода, умуман, ба иғвоҳои хоинону мазҳабфурӯшон, намояндаҳои ташкилотҳои террористию эктремистӣ ва ифротиён набояд дода шавем. Хулоса, фаъолияти паймони худсохтаи наҳзатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба шахсони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи раҳбарияту ҳаммасалакони “Паймони миллӣ” ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад.

Дар робита ба ин, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд.

Имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.

М. АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh