ДУРӮҒУ БУҲТОНИ НАВБАТИИ ҲАММАСЛАКОН ВА ДУМРАВОНИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳои моҳҳои охири соли ҷорӣ нишон медиҳанд, ки яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев, Салим Султонзода ва умуман, бо ҷалби ҷавонони ноогоҳу бесавод,афроде бо номи Ҷамшед агар рўзе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бар муқобили Тоҷикистон ва ё нисбати роҳбарияту мақомоти кишвар туҳмату буҳтон наяфкананд ором намегиранд. Ҳарчанд ин афрод зодаи кишвари мо бошанд ҳам, аммо дар асл муносибати дурушт бо ватану миллат доранд.

Ин қабили гуруҳи хоинон имрузҳо асосан бо номи “Паймони миллӣ” намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, ки чун солҳои қаблӣ аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Аз баромадҳои ифротии М.Садриддин дар моҳҳои октябр, ноябр ва ҳафтаи аввали декабри соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ҳар кас эҳсос мекунад, ки ӯ худро “уламои дин, адолатхоҳ” вонамуд карда, машѓули гапҳои беҳуда шуда, нисбати миллату давлат, бо ҳамроҳии думравонаш бо навбат иѓвоангезӣ менамоянд. Ба М.Садриддини бешараф суол дода мешавад, ки барномаи таъсисдодааш оид ба масоили муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва ё барои инъикоси айбҳои мардуми кишвар ва зишт нишон додани миллати тоҷик ё дигар масъалаҳо?! Ба ин суол, бе ягон мушкилӣ посух медиҳем, ки М.Садриддин бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад.

Бо ин бозии навбатиашон бадхоҳони миллат барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кўшиш доранд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хуллас, мақсади навбатии наҳзатиёни фирорӣ, бахусус М.Садриддин ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд. Хулоса, ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.

М. АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh