Бадхоҳон ҳаргиз ба мақсад нарасанд!

Дар дини мубини  Ислом, китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони карим ва аҳкоми шариати пок оид ба одобу ахлоқи қавми Лут ва оқибати шуми онон ахбороти муфассали фиқҳӣ инъикос ёфтааст, ки ҷомеа ва фардҳои он меъёрҳои башариро хуб донанду риоя намоянд. Нагузоранд, ки бархе аз фардҳои гирифтори хислатҳои иблисона  таҳкурсии босуботи маънавиёти мусалмононро халалдор созанд.

Мутаассифона, то ҳанӯз дар ҷомеа нафарони беинсоф вомехӯранд, ки ТТЭ ҲНИ ифротгароёни мисоли аёни онҳо мебошанд. Ин хоинони ватанфурӯш, ҳамчун  қувваи иртиҷоӣ ва хилофи рушду инкишоф ба оламиён шинохта шудаанду аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ, зиндагӣ доранд. Ин тоифаи ифротӣ тавони дидани ҷомеаи мутамаддин, шахсони солимфикру заҳматқаринро надоранд.

Зеро, саропо мағзу майнаи онҳо олудаи ғояҳои ифротӣ гаштааст. Онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи санги маломат ҳаво додан ба зодгоҳи худ ҳастанд. Худи ин сифати хислатҳои номбурдаи онон далолат медиҳад, ки ин нафарони нокасу касиф, фитнабозу иғвоангез мебошанд.

Дар сафи ифротгароёни хиёнатпешаву  ватангадо Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки гуфтору рафтор, кирдорҳои ӯ аз шайтонсифатиаш далолат медиҳад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста дар ҳаққи кишвари хеш буҳтону туҳмат мебофад.

Итминони қавӣ дорам, ки аҳли ҷомеаи озодандешу солимфикри Тоҷикистон  огаҳ аз макру фиреби ин ифротиён ҳеҷ вақт фирефтаи макру найрангҳои онон намешаванд. Бо иродаю матонат Ватани маҳбуби худро содиқона ҳифз менамоянд. Дар атрофи сипари боэътимоди сулҳу осоиштагӣ – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид, пайваста ба заҳмати созандаю бунёдкорӣ машғул мешаванд. 

М.СОБИРОВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh