Ба тақдири насли ҷавон бепарво набошем
- Details
- Published on Thursday, 30 November 2023 10:04
Ҷавонон насли ояндасози миллати мо буда, соҳибони илму ҳунар ҳам ҳастанд, аз ин рӯ, мояи ифтихор ва сарбаландии моанд. Дар ҳақиқат, ҷавонони даврони соҳибистиқлоламон бонангу номус, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ифтихори Ватан гашта, доимо дар сафи пеши амалҳои созанда қарор доранд, зеро онҳо ояндаи давлату миллатанд.
Онҳо хуб медонанд, ки мустақилият барои халқи азияткашидаи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Он ба ивази талошу заҳматҳо, ҷонфидоиҳо ва меҳнати фидокоронаи мардуми сарзаминамон рӯи кор омадааст.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар пешравиҳо таҳсили ҷавонон дар мамлакатҳои хориҷа низ иҷозат дода шудааст. Мутаассифона, иддае аз ҷавонони гумроҳгаштаи мо, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар омўхтаанд, имрўз худ побанди ғояву ақидаҳои ифротӣ гаштаанд, зеро онҳо намедонанд, ки хоҷагонашон сари бархе ҷавонони сабукфикрро заҳролуд кардаанд.
Ифротгароён бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷиашон амал карда, мехоҳанд, дар тинати ҷавонони ноогоҳ руҳияи тафриқаандозиро ҷо кунанд. Ҷомеаи ҷаҳониро имрўз мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст.
Ҷавонон бояд бидонанд, ки мафҳуми миллат, Ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ арзишҳои олии миллати мо мебошанд.
Онҳоро лозим аст, ки ба ин арзишҳо эҳтиром гузоранд. Ҳамзамон, бояд афкору андешаи солим дошта, дар аз худ кардани илму дониш бикўшанд ва неруи худро баҳри рушду нумўи Ватани худ сарф намоянд.
Зиёда аз ин, бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд, ки ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад, боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурўҳҳои ифротӣ гарданд. Аз ин рў, ба тақдири насли ҷавон мо - калонсолон бепарво набошем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.
Вобаста ба гуфтаҳои боло, кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем ва баҳри ҳифзи якпорчагӣ ва гулгулшукуфии кишвари азизамон саҳм мегузорем.
Кимёхон Исмоилова,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров