Риояи қонун ҳатмист

Қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Татбиқ ва риояи талаботи қонун дар маҳалҳо ба ҳар яки мо вобаста мебошад. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст».

Таъмини некӯаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст. Мафҳуми некӯаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит ба меҳнат ва гирифтани музди сазовор барои меҳнат, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад. Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ва аҳамият додан ба соҳаҳои муҳими марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин соҳаҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки шаҳрвандон ҳамарӯза бо онҳо сарукор мегиранд, масалан, соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нафақа, суғурта ва ғайра.

 Омӯзиши фарҳанг бошад, хоҳу нохоҳ дар урфу одат, анъана ва маросими мардумӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ҳамин далел тӯли садсолаҳои таърих ҷашну маросими диниву миллии мо низ ба чунин омезишҳо гирифтор шуда, дар баробари баъзе унсурҳои мусбат, инчунин, унсурҳои зиёди хурофотиро ба худ қабул намуда буд, ки онҳо сарбориҳои зиёдро ба сари мардуми оддӣ бор кардаанд. Чунин раванд то солҳои наздик, аниқтараш, то қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим идома дошт ва яке аз пайомадҳои номатлуби ин раванд баргузории маърака ва маросими зиёд ва серхарҷ ба шумор мерафт.

Тибқи анъанаҳои милливу динии мардуми тоҷик, риояи расму оинҳои динӣ барои ҳар фард мисли иҷрои муқаррароти қонунҳо ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад. Омили дигаре, ки инсонро барои риоя намудани расму оинҳои милливу динӣ водор мекунад, таъсири сахти афкори иҷтимоӣ, муҳокима ва гуфтугӯи атрофиён мебошад. Таҳти таъсири ин омил ҳар шахс кӯшиш мекунад, ки шарафи худро дар назари дигарон аз даст надиҳад, аз қатори умум набарояд, мисли ҳама рафтор кунад, тартиботи муқаррариро, ки ба мерос мондаанд, ба ҷо орад.

Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадор қайд кардаанд, ки: «Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросим ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайванд шудани низоми ҳуқуқи миллӣ ба байналмилалӣ, ки дар натиҷа марз ва фарқиятҳои нозуки миллию фарҳангӣ бештар осеб мебинанд, аҳамияти дучанд касб менамоянд.

Ҳамин тариқ, баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меравад.

Набизода Фатҳиддин Абдуқаҳҳор,

мутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва

ташкили кори Раёсати адлияи вилоят

Add comment


Security code
Refresh