САРВАРИ МО – ДАВЛАТИ МО!

Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтани таърихи Ватан, эҳё ва рушди худшиносии миллӣ дар ҷомеа торафт меафзояд. Имрӯз ҳар як инсон ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз беш ниёз дорад.

Ҷавонони мо низ аз таърихи гузашта бояд сабақ гиранд ва барои ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ корҳои бузургеро  ба анҷом бирасонанд. Дар рафти омӯзиши таъриху фарҳанги худ бояд пеш аз ҳама ба омилҳои зерин, яъне аз худ кардани таҷрибаи муфиди таърихӣ, диққати ҷиддӣ додан ба фарҳангу тамаддуни ниёгон, таҳлили обективонаи мушкилиҳо, камбудиҳо ва каҷравиҳо дар гузашта ва равшан донистани вазифаҳои имрӯза ва ояндаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон диққати махсус диҳанд.

Чӣ хеле ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Агар кас гузаштаи худро надонад, инсони комил нест!” Ин гуфтаҳо дарвоқеъ, шахсро водор месозанд, ки ба омӯзиши гузаштаи худ диққати ҷиддие диҳад, то дар ҷомеа мақом ва мартабаи худро ҳамчун як инсони комил пайдо карда тавонад.

Надонистани гузаштаи худ ин фоҷиаи басо бузург ва зарбаи сахт ба пойдевори фарҳангу тамаддуне, ки миллат онро дар тўли таърих бунёд кардааст, мебошад. 

Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро мўътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист.

Шуҷоатмандию қаҳрамоние, ки як нафар ба ҳайси Сарвар ҳастии худро ба миллат бахшида, ҳаёту зиндагии худро зери хатар гузошта, мардуми парокандаро сарҷамъ карда тавонист, арзиши бисёр бузург дорад.

Бешубҳа, Сарвари давлат кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ ҳастанд.

Аз ин лиҳоз мо бо ин шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор мекунем.

Муқаддас РАҲМАТУЛЛОЕВА,

Махфират САТТОРОВА,

 устодони Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh