Ҳамсоягонро ҳамкорӣ мебояд!

Сохтмони босуръати канали Қӯштеппа аз ҷониби давлатдорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо харҷи маблағҳои наздик 700 миллион доллари амрикоии пайдоишаш номаълум моҳҳои охир боиси мубоҳисаву мусоҳибаи доираи васеи олимону мутахассисони ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ гаштааст. Зеро, тавассути ин канал ҳаҷми бузурги оби дарёи Аму баҳри шодоб гардонидани заминҳои қаламрави Афғонистон гирифта мешаваду обёрии киштзорҳои мамлакатҳои поёноби Аму - Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон зери хатар қарор мегирад. Бар замми он, наҷоти баҳри Арали хушкшудаистода боз ҳам шадидтару беилоҷ шуда мемонад.

Мебоист, ки дар асоси принсипҳои истифодабарии ҳамгироёнаи обҳои фаромарзӣ лоиҳаи бунёди канали Қӯштеппа бо таҳияи асоснокии техникӣ – иқтисодӣ ва баррасии коршиносони минтақа қарор мегирифт. Вагарна, давлати алоҳида бидуни ҳамкории маслиҳатомез ҳуқуқи маънавии оғози сохтмонро надорад. Зеро, одоби мусалмонӣ чунин тадбирандешии бемаслиҳатро дар ҳамсоядавлатӣ намепазирад. Барои аксарияти мутахассисон амалҳои давлатдории “Толибон” дар Афғонистон нофаҳмо боқӣ мондааст.

Мусаллам аст, ки ҳамсоядавлатҳо обҳои фаромарзиро якҷоя, бо маслиҳати якдигар истифода баранду манфиатиҳамсоягиро аз тамаъи худ боло гузоранд?! Вале, воқеият ин аксиомаи оммафаҳмро рад карда истодааст, ки боиси коҳиш ёфтану халалдор гаштани муносибатҳои байниҳамдигарии ҳамсоядавлатҳо мешавад. Доир ин радиф мебояд илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ пайдо кард. Танҳо ҳамкории мутаасил бо ҳамсоядавлатҳо ҷиҳати тақсимоти одилонаи захираҳои оби фаромарзӣ, ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо, ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакуни обёрӣ ва масъалаҳои дигар метавонад оромиву суботро дар муносибатҳои байнидавлатӣ пойдор намояд. Мебояд комиссияи муштарак ҷиҳати идоракунии захираҳои об таъсис дод, ки масъалаҳои байнисарҳадӣ дар самти истифодаи об ҳаллу фасл гарданд. Чунки, истифодаи ғайриоқилона ва бенизоми захираҳои табиӣ метавонад, чун бумеранг ба сӯи мамлакати беъэтибор ба манфиатҳои байнимарзӣ зарбаи ҷоннок занад.

Бинобар ин, аз давлатдорони толибонии Афғонистон даъват карда мешавад, ки дар сохтмони канали Қӯштеппа манфиатҳои мамлакатҳои ҳамсояро сарфи назар накунанд ва ба эътибор гиранд.

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh