БАДТИНАТ ВА БАДХЎЙ БУДАНИ М. САДРИДДИН АЁН АСТ!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афрод бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин бо маслиҳати пешакӣ бо раҳбарияти ТТЭ ҲНИ мунтазам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бе ягон эҳтироми забони тоҷикӣ мунтазам баромад намуда, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлоламонро нодида мегираду нисбати роҳбарияти олии кишвар бадқилиқӣ менамояд. Дар баромадҳои қаблиаш худро “сиёсатшинос” ва ё “уламои дин” нишон медод.

Ин навбат, санаи 27 сентябри соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир” чун “муфаттиш” баромад намуда, мисли борон суоли бемантиқро дода, посухи онро то охир гӯш накардаю бурида, гӯё ба таври худ “ҳамадон” худнамоӣ менамуд. Чун баромадҳои қаблиаш боз суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаанду халос, ки аз бадтинат ва бадхўй будани М.Садриддин далолат мекунад.

Хулоса, суханҳои М.Садриддин бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатҳои иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном мекунад. Баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намуда, зимнан, барои беҳбудии давлат барномаҳои созандаи худро ба Ҳукумат пешниҳод намоянд. Вале, аз ҷониби иғвогарон бо ном мухолифи давлат, барномае боре ҳам пешниҳод нашудааст. Хуллас, бадхоҳони бадтинат танҳо хусумати шахсӣ доранд, ки бар пояи манфиатҳои шахсӣ, иқтисодиву молиявӣ рабт дорад.

Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки ҳадафҳои хиёнаткоронаи раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ, умуман хоинони миллат бори дигар собит менамоянд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост. Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи мо иродаи матин доранд ва онҳо дар маҳкум кардани андешаҳои иғвогароёнаи на танҳо М.Сдриддин ва умуман нисбати ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳ, яъне амаливу маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Add comment


Security code
Refresh