Чароғи раҳнамои ҷомеа

Аз таърихи таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли равон мардуми Тоҷикистон бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон Конститутсияи (Сарқонуни)давлати соҳибистиқлоламонро ҷашн мегиранд.

 

Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш.Душанбе, 23 апрели соли 2014) ба Конститутсияи мамлакат ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ, ки роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд, баҳо дода, аҳамияти ин санади сарнавиштсози миллатро аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик хотирнишон намуда, таъкид карданд, ки «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Таҳия, муҳокимаи умумихалқӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади таърихиву сарнавиштсоз воқеаи муҳимтарин дар таърихи навини давлати тозаистиқлоламон мебошад. Дар ин мақола масъалаҳои марбут ба таърихи таҳияи Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳокимаи умумихалқии он, қабули бахтномаи халқи тоҷик ва аҳамияти таърихии қабули ин санади барои халқи тоҷик ва давлату давлатдории он тақдирсоз баён карда шудаанд.

Таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон давраҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро паси сар кардааст. Хотирнишон мекунем, ки Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ҷаҳор маротиба вобаста ба тағйироти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳаёти ИҶШС ва Тоҷикистон Конститутсия қабул намудааст.

28 апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини Тоҷикистони шўравӣ дар Анҷумани дуюми шўроҳои ҶМШС Тоҷикистон қабул шуда буд. Ин Конститутсия мутобиқ ба Конститутсияи ИҶШС, ки соли 1924 қабул гардид, таҳия ва пазируфта шуд.

Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ, ба ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ карда шудани округи Хуҷанд, зарурияти таҳия ва қабули Конститутсияи навро ба миён овард ва 25-уми феврали соли 1931 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС қабул гардид.

Мутобиқ ба мафкураи марксистӣ-ленинӣ, нимаи солҳои 30-юми қарни ХХ сотсиализм дар ИҶШС бо пуррагӣ дар доираи як мамлакат ғалаба намуд. Ин маънои онро дошт, ки нақшаи ленинии сохтмони сотсиализм, яъне индустриякунонии сотсиалистӣ, коллективонии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ва инқилоби маданӣ амалӣ гардида, зарурияти қабули Конститутсияи нав ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, мувофиқ ба Конститутсияи соли 1936-уми ИҶШС, 1-уми марти соли 1937 Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин Конститутсияи Тоҷикистони шўравӣ 41 сол амал намуд.

Конститутсияи охирини ҶШС Тоҷикистон мутобиқ ба Конститутсияи соли 1977-уми ИҶШС таҳия ва қабул шуда, бо ворид карда шудани якчанд тағйиру иловаҳо 16 сол ҳамчун Қонуни Асосии Тоҷи-кистон амал намуд.

Тағйироти куллии дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ИҶШС дар охири солҳои 80-уми қарни ХХ ба амал омада, зарурияти таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро ба миён овард. Воқеъаи муҳим дар таърихи сиёсии Тоҷикистон дар ин давра ин қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 буд, ки аз наздик будани Истиқлолияти Тоҷикистон дарак медод.

Як рўз пеш аз қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 23 августи соли 1990 бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Раиси ҳамонвақтаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Маҳкамов таъсис ёфт. Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистонро бо назардошти тағйироти дар ИҶШС ва Тоҷикистон ба амаломада таҳия ва барои муҳокима омода намуд.

Аммо ибтидои солҳои навадуми қарни ХХ барои давлати ИҶШС, аз ҷумла Тоҷи-кистон давраи нави таърихӣ оғоз ёфта, дигаргуниҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба амал омаданд, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои аъзои ИҶШС худшиносии миллӣ ба авҷи худ расид. Рўз то рўз маълум мешуд, ки давлати абарқудрати шўравӣ лаҳзаҳои охирини таърихашро паси сар карда истодааст. Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои ба даст овардани истиқлолияти пурраи давлатӣ мубориза сар карданд.

Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ИҶШС шаҳри Москва ин равандро тезонид ва оқибат пошхўрии ИҶШС муҳокима ва қабули лоиҳаи Конститутсияи омода кардашударо ба таъхир гузошт. Марҳилаи муҳими ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пас аз эълон карда шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 9 сентябри соли 1991 қабул карда шудани Изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори махсус «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи тақдирсоз дар таърихи давлату давлатдории тоҷикон буд.

Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр, ки рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати куҳантаъриху соҳибтамаддуни тоҷик аст, дастоварди таърихии тоҷику тоҷикистониён дар охири қарни ХХ буда, ба таърихи давлатдории навини тоҷикон ибтидо гузошт.

9 сентябри соли 1991, дар рўзи барои кишвари мо ояндасоз ба Конститутсияи амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар сатҳи Қонуни Асосӣ ба расмият дароварда шуд.

Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти сифатан куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид. Инчунин қабул кардани ин ду санади таърихӣ боиси такмил ёфтани Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, Тоҷикистон давлати мустақил эълон шуда, меъёрҳое, ки Тоҷи-кистонро ба Иттиҳоди Шўравӣ вобаста мекарданд, аз матни Эъломия хориҷ карда шуда, дар ҳудуди мамлакат амал намудани танҳо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ин санадҳои таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд. Дар ин марҳилаи таърихии барои давлату миллати тоҷик тақдирсоз қувваҳои бадхоҳи миллат бо истифода аз бозиҳои сиёсию барангехтани низоъҳои дохилӣ, ташкили гирдиҳамоиҳои бо ҳам зид тавонистанд, дар оғози эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кишвари тозаистиқлоли моро ба майдони муқовимати сиёсӣ табдил диҳанд, ки ин омилҳо баъдан боиси оғози ҷанги хонумонсўзи таҳмилии шаҳрвандӣ гардид.

Кишвари тозаистиқлоламон дар ҳолате қарор дошт, ки қувваҳои гуногуни сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат аз ташкили гирдиҳамоиҳои тўлонӣ истифода бурда, вазъи ҷомеаро тезутунд мекарданд. Тадриҷан фалаҷ шудани сохторҳои давлатӣ, фишороварӣ ба фаъолияти мўътадили Парламент, паи ҳам иваз шудани раисони Шўрои Олӣ, поймол гардидани қонунҳои амалкунанда, оғози бўҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоию маънавӣ ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ бо мақсади омода ва қабул намудани лоиҳаи Конститутсияи нав нақши худро гузоштанд.

Танҳо пас аз панҷ моҳи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, 10 феврали соли 1992 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Набиев оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Асосии мамлакат таҳти роҳбарии шодравон Н.Ҳувайдуллоев гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гурўҳи корӣ дар давоми зиёда аз ду моҳ лоиҳаи Конститутсияи нави мамлакатро омода ва ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Ин лоиҳа 22 апрел барои муҳокимаи умумихалқӣ тавсия карда шуда, 28 апрел дар матбуот интишор гардид. Аммо лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар шароите барои муҳокима пешниҳод гардид, ки вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои ҳамонвақтаи Қўрғонтеппа, Кўлоб хеле муташанниҷ буд.

Дар шаҳри Душанбе ба муқобили ҳамдигар қарор гирифтани гирдиҳамоиҳо дар майдонҳои алоҳида, барои ба истеъфо рафтан маҷбур кардани Президент Раҳмон Набиев, кушта шудани депутати Шўрои Олӣ М.Шералиев, Прокурори генералӣ Н.Ҳувайдуллоев, муовини аввали раиси Комиҷроияи вилояти Кўлоб С.Сангов, гаравгонгирии депутатҳо ва дигар амалҳои зидди сохторҳои конститутсионӣ, авҷгирии низои байни тоҷикон дар вилоятҳои Қўрғонтеппаю Кўлоб ин оғози ҷанги шаҳрвандӣ буд. Кишвари тозаистиқлоламон ба доми бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ кашида шуда, давлатдории навини тоҷикро хавфи аз байн рафтан ба миён омад.

Новобаста ба он, ки бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мўҳлати муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияро то 1 июли соли 1992 дароз карда буданд, оғоз ва шиддатёбии ҷанги шаҳрвандӣ муҳокима ва қабули Конститутсияи навро ғайриимкон гардонд. Хулоса, то баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри «Арбоб»-и Хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ўрунхўҷаев ва ба вазифаи Сарвари давлатамон интихоб карда шудани эҳёгари давлати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кўшишҳо барои таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон (ду маротиба) вобаста ба шароити мушаххаси таърихӣ бебарор буданд.

Марҳилаи комилан нави ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии бо роҳбарии Сарвари тозаинтихоби кишвар оғоз ёфта, бо қабул шудани яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳони муосир анҷом ёфт.

Бо баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон марҳилаи нав оғоз ёфта, бо сарварии Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияи Конститутсияи нахустини давлати соҳибистиқлоламон аз нав дар шароитҳои комилан нави таърихӣ сурат гирифт.

Сарвари тозаинтихоби давлат дар Иҷлосия мақсади худро оид ба эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд қотеъона эълон намуданд, ки ин минбаъд дар қисми аввали моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат инъикос ёфта, роҳи минбаъдаи рушду такомули давлатдории навини тоҷиконро муайян намуд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар моддаи 100-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон ин мақсад, яъне «…тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат» тағйирнопазир эълон карда шудааст.

Қонуну қарорҳои дар Иҷлосияи барои миллати тоҷик сарнавиштсоз қабулгардида, барқарор шудани сохти конститутсионӣ, таъмин гардидани фаъолияти мўътадили сохторҳои давлатӣ, барқарор карда шудани сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ,таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, тадриҷан солим гардидани вазъи ҷомеа, бо роҳбарии Сарвари давлат оғоз ёфтани амали барномаҳои мукаммали раҳоӣ аз бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ, гузошта шудани хишти нахустини бинои сулҳу ваҳдати тоҷикон раванди таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистони соҳибистиқлолро имконпазир гардонд.

Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат ва гурўҳи корӣ аз моҳи ноябри соли 1993 ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи (Сарқонуни) комилан нав оғоз намуда, дар давоми шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсияро омода ва ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард. Як лоиҳа ба шакли идораи Ҷумҳурии парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи Ҷумҳурии президентӣ бахшида шуда буд.

Бо назардошти таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон, мавҷуд набудани заминаҳои асосии шакли идораи ҷумҳурии парламентӣ ва аз ҳама муҳимаш набудани ҳизбу созмонҳои собиқадору ботаҷриба ва бо ба эътибор гирифтани фикру мулоҳизаҳои олимон, сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносону коршиносон, ки аксари онҳо Ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон маъқул дониста буданд, ба назар гирифта, комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияеро, ки шакли идораи Ҷумҳурии президентиро ҳимоя менамуд, маъқул донист.

Мутобиқи Қарори Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994, лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия шуда, 21-22 апрели соли 1994 дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардида, муҳокимаи он оғоз ёфт.

Мардуми куҳантаърихи Тоҷикистон дар муҳокимаи лоиҳаи ин санади сарнавиштсози миллат фаъолона иштирок намуда, барои минбаъда такмил додани он таклиф ва фикру мулоҳизаҳои худро ба Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекарданд. Умуман, дар муддати зиёда аз ду моҳ, ки лоиҳаи Конститутсия мавриди муҳокимаи умумихалқӣ қарор дошт, бо мақсади такмили он ба Шўрои Олии кишвар зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳод ирсол гардиданд.

Дар рафти муҳокима лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони мамолики пешрафтаи ҷаҳони муосир ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Моҳи июли соли 1994 Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи бо назардошти натиҷаҳои муҳокимаи умумихалқӣ ислоҳшударо ба Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. 21-22 июли соли 1994 лоиҳаи Конститутсия дар Иҷлосияи ХIХ Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба раъйпурсии умумихалқӣ тавсия карда шуд. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва бо ҳамин марҳилаи муҳиму сарнавиштсози раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба анҷом расид.

Дар бораи аҳамияти қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа ва низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии давлатдории навини тоҷик чанд нуктаро алоҳида таъкид менамоем.

Якум, Конститутсияи нахустини давлати тозаистиқлоламон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда, қисми аввали моддаи якуми он Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «… давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муаррифӣ намуд. Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳамияти таърихии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон баҳо дода, қайд намуданд, ки: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муайян карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанада бозид».

Дуввум, Конститутсияи аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, дебочаи он бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, …ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз ва анҷом меёбад. Ин маънои онро дорад, ки 6 ноябри соли 1994 аз 2535437 нафар шаҳрванд (94,4 фоизи шаҳрванди ба рўйхатгирифташуда), ки дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок намуданд, 2352552 нафар (87,59 фоиз) ба тарафдории лоиҳаи Конститутсия овоз дода, онро маъқул дониста, қабул карданд.

Дар қисми аввали моддаи 6 Конститутсия «…халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф гардида,вай дар ташкили ҳокимияти давлатӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодакунандаи иродаи олии ҳар як шаҳрванд иштирок намуда, орзу ва мақсаду мароми худро бо овоздиҳии озоду интихоби дуруст амалӣ мекунад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир исбот намудааст, ки халқ маҳз тавассути интихобот ва раъйпурсӣ мақсади худро амалӣ карда, нақши худро дар идоракунии давлат мегузорад. Ин фарқияти Конститутсияи нави Тоҷикистон аз конститутсияҳои замони шўравӣ мебошад, ки бо мақоми роҳбарикунандаи Ҳизби Коммунистӣ, арзишҳои синфию табақотӣ такя мекарданд.

Севвум, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў эълон гардидааст. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи конститутсияҳои замони шўравӣ тафовути куллӣ дошта, ҳамзамон бо конститутсияҳои имрўзаи давлатҳои демократӣ ва муқаррароти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқҳои инсон шабоҳат дорад».

Қисми аввали моддаи панҷуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ўро арзиши олӣ эълон намудааст, ба Конститутсия тибқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 июни соли 2003 ворид карда шуда, маънои онро дорад, ки дар ҷомеа ва давлат ҳама чиз барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона карда шуда, ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў волоият надоранд.

Аз ин лиҳоз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бо хулосаи коршиносони Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ба қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин созмон дохил мешавад. Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2014) зикр намуданд, ки «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд»

Чорум, аҳамияти таърихии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) кишварамон аз ин иборат аст, ки вазъи номўътадил ва номуайяни ҳуқуқиро дар Тоҷикистон бартараф намуд, ҷомеаро муттаҳид сохт, моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуда, имкон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шуда, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф карда шавад.

Панҷум, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи навини кишвар инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро «… дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»… дарҷ намуд. Натиҷаи ин буд дар Тоҷикистон раванди гузариш ва низоми сиёсии бисёрҳизбӣ оғоз ёфта, алҳол дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишварамон 8 ҳизби сиёсӣ – Ҳизби Халқӣ - Демократии Тоҷикистон, ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, ҳизби Демократии Тоҷикистон, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон, ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳизби аграрии Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ин намунаи гуногунандешии сиёсӣ дар ҳаёти ҷомеа мебошад.

Инчунин қисми дуюми моддаи 8 Конститутсия(Сарқонун) муқаррар кардааст, ки «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Ин меъёри конститутсионӣ барои гузариш ба гуногунандешии мафкуравӣ дар ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Шашум, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд… Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст».

Хотирнишон мекунем, ки истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сулҳофарии Сарвари давлатамон вобастагии қавӣ дошта, сулҳу субот, оромӣ, ваҳдати воқеии миллати тоҷик ва тоҷикистониён гувоҳи он аст, ки Сарвари давлати мо асосгузори фарҳанги нав дар остонаи ҳазорсолаи савум мебошанд, ки он фарҳанги сулҳу ҳамзистӣ буда, тоҷикони кишвар ва ҳам тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард.

Натиҷаи ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки бо амри таърих, дар соли қабули Конститутсияи Тоҷикистон, 5 апрели соли 1994 ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ва собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Москва ба давраи аввали музокироти тоҷикон оғоз бахшиданд. Дар натиҷаи музокироти тўлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, барои расидан ба сулҳ дар кишвари аз ҷанги шаҳрвандӣ азияткашидаамон 21 маротиба бо сарварони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати барои тақдири миллат муҳим ба имзо расонида шуданд.

Аҳамияти таърихии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз он иборат аст, ки дар мамлакат бо Сарварии Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи нав- давраи созандагию бунёдкорӣ оғоз ёфт.

Сарвари давлат дар Паёми худ ба парлумони кишвар 20 апрели соли 2012 ба ин рўйдоди таърихӣ баҳо дода, иброз намуданд, ки «…Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».

Хулоса, таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) аввалини Тоҷикистони ба маънои томаш соҳибистиқлол дастоварди азими халқи куҳантаърихи тоҷик буда, агар бо суханони Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода кунем, «Конститутсияи мо мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми нерўҳои созандаи кишварро дар руҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид месозад».

Абдуҷалил БОБОКАЛОНОВ,
профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh