ҚАТРА – ҚАТРА ОҚИБАТ ДАРЁ ШУДЕМ
- Details
- Published on Friday, 24 March 2023 12:33
Сарчашмаи абадии пирӯзии инсон ҳамеша аз дили соф, нияти нек ва меҳру муҳаббати поки ӯ ғизо мегирад. Яъне ҳар кас аз дилу нияташ ба мақсад мерасад, қуллаҳои баландро фатҳ мекунад, аз худ ёдгории бегазанд мегузорад. Ин ҳақиқат барои ҳамаи мо рӯз барин равшан аст. Рафтору амали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам равшантар собит намуданд, ки ҳар корро ба некӣ оғоз мебахшанд ва пайваста ба таҳаввули эъҷозкорӣ, навҷӯиву навкорӣ машғул мешаванд. Азбаски барои хушбахтии халқ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ҳамеша саодатманд ва дар амон ҳастанд.
Агар бигӯем, ки Эмомалӣ Раҳмон намои орзуи ҳазорсолаи халқи тоҷик ҳастанд, муболиға нахоҳад шуд, зеро дар ҷодаи эҳё кардани иродаву матонати азалии халқ, худшиносӣ ва орияту номуси хештандорӣ, итминон ба истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ нақши арзанда доранд. Ба касе аз сиёсатмадорони пешин монанд набудану дар ҷодаи ҷаҳони сиёсӣ роҳи худро мустақилона тай кардани ин шахсияти нотакрор аз ҷониби бисёр сиёсатмадорони ҷаҳон қайд шудааст.
Субот ва амният, ки ба шарофати Созишномаи истиқрори сулҳи умумӣ ва ризоияти миллӣ баъди соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ ба даст оварда шуд, барои бунёди иншооти нави хоҷагиву иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Эътирофи расмии Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 160 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи сафоратхонаҳои зиёде дар пойтахти Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳо ин муносибатҳоро густариш ва рушд дод. Имрӯз натиҷа ва дастовардҳои сиёсати хориҷии мо боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Дар қатори дигар дастовардҳо Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шуд. Ташаббуси созанда дар ин маврид расман оғоз ёфтани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” буд.
Иштирок ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Нюйорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад, зеро он таърихӣ буда, баъди Конфронси Сомони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дуввум баргузор гардид. Ифтихормандии халқи тоҷик аст, ки конфронсро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва подшоҳии Нидерландия омода, раисӣ ва мизбонӣ намуданд. Шунидани садои марғуб ва дилошӯби мусиқии зиндаи “Об” дар иҷрои мутрибони хушовози Тоҷикистону Нидерланд барои ҳар нафар гуворо буд. Навори видеоӣ марбут ба мушкилиҳои об аз ҷониби якчанд давлатҳои ҷаҳон манзури иштирокдорон гардонида шуд. Сатҳи баланди ташкилӣ, ба ҳам пайвастану дар рӯи сутунпояҳо пайдо шудани навиштаҷоти марбут ба аҳамияти об, суханҳои пурмуҳтавои иштирокдорон дар минбари асосии Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид, табрики ҳамраисон бо Рӯзи байналмилалии об ва Наврӯзи оламафрӯз ва дигар масъалаҳои марбут ба конфронс хотири ҳамагонро шод гардонд, зеро конфронси Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминагузор ба ҳисоб меравад. Суханони Сарвари давлати тоҷикон оид ба вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди сабз ва тавлиди энергияи сабз андешаҳои судманд маҳсуб ёфта, аз ҷониби ишитрокдорон пазируфта шуд.
Меъмори аввалини давлати миллии дунявии тоҷикон бо такя ба суннат ва анъанаҳои миллӣ тавонистанд пеш аз ҳама, муаррифгари кишвари худ бошанд. Месазад, бо ин шахсияти таърихӣ, ки иродаи неку устуворрро соҳибанд, ифтихор намоем, ки давомдиҳандаи кору пайкори тоҷикони тоҷдоранд.
Шукрона ШАРИФӢ,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров